Президенти Тоҷикистон хатарҳои асосии солро ном бурд

© Sputnik / Алексей Дружинин / Гузариш ба медиабонкПрезидент Таджикистана Эмомали Рахмон
Президент Таджикистана Эмомали Рахмон - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 01.05.2022
Обуна шудан
Президенти Тоҷикистон мегӯяд, бар асари низоъҳои низомию иқтисодӣ соли равон яке аз вазнинтаринҳо дар таърихи дунёи муосир хоҳад шуд
ДУШАНБЕ, 1 май — Sputnik. Мухолифату низоъҳои сиёсиву низомӣ ва таҳримҳои иқтисодиву молиявӣ вазъи сайёраро ба андозаи бесобиқа мураккаб гардондаст.
Ин нуктаро Эмоммалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон, дар паёмаш ба мардуми кишвар бахшида ба иди Фитр баён дошт.
Дар паёмаш раисҷумҳур вазъи ҷаҳониро ба риштаи таҳлил кашида, изҳор дошт, ки ҷомеаи башарӣ дар яке аз вазнинтарин солҳои таърихи худ қарор дорад.
"Ҳоло бар асари мухолифату низоъҳои сиёсиву низомӣ ва таҳримҳои иқтисодиву молиявӣ, ки аз талошу кӯшишҳои аз нав тақсим кардани ҷаҳон сарчашма мегиранд, вазъи сайёра ба андозаи бесобиқа мураккаб гардидааст", - афзуд ӯ.
Вай таъкид намуд, ки чунин вазъи нобасомон буҳронро шиддат бахшида, зиндагии сокинони бисёр минтақаву кишварҳои оламро сахту сангин гардонида истодааст.
Дар баробари низоъҳои сиёсию низомӣ ва таҳримҳои иқтисодию молияӣ, Раҳмон омили дигари нигаронкунандаро тағйирёбии иқлими сайёра хонд, ки камобӣ, хушксолӣ ва офатҳои табиӣ дар пай дорад.
Встреча главы МИД РФ С. Лаврова с председателем Ливанского христианского движения Марода С. Франжье - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 30.04.2022
Лавров: Амалиёти вижа дар Украина барои раҳоии ҷаҳон аз таъсири Ғарб мусоидат мекунад
Инчунин, идома пайдо кардани пандемияи коронавирус боиси камчинии маводи ғизоӣ ва болоравии нархи ҳама гуна молу маҳсулот ва хизматрасониҳо гардидааст, нигаронӣ намуд президенти Тоҷикистон.
Вай дар чунин шароит муҳим хонд, ки тоҷикистониён бояд нисбат ба ҳар вақти дигар бештар заҳмат кашанду аз тариқи истифодаи самараноки замин ва об маҳсулоти бештари ғизоӣ истеҳсол намоянд.
Лентаи хабарҳо
0