https://sputnik.tj/20220501/laghv-takhir-parvoz-furudgoh-maskav-tojikiston-1048112618.html
Лағву таъхири бархе парвозҳо дар фурудгоҳҳои Маскав: аз ҷумла ба Тоҷикистон
Лағву таъхири бархе парвозҳо дар фурудгоҳҳои Маскав: аз ҷумла ба Тоҷикистон
Sputnik Тоҷикистон
Дар феҳрасти парвозҳои майдонҳои ҳавоии Маскав, ки анҷомашон лағв ва ё ба таъхир андохта шудаст, аз ҷумла ҳавопаймоҳои самти Тоҷикистон низ ҳастанд
2022-05-01T12:10+0500
2022-05-01T12:10+0500
2022-05-01T12:10+0500
дар русия
нақлиёт
парвоз
ҳавопаймо
кӯлоб
маскав
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/0a/0f/1042900813_0:0:1947:1095_1920x0_80_0_0_62441e8bc09d7603449c51df5028fe1f.jpg
ДУШАНБЕ, 1 май — Sputnik. Дар фурудгоҳҳои "Шереметево", "Внуково" ва "Домодедово"-и шаҳри Маскав ҳудуди 50 парвоз ба таъхир афтидаанд ва ё лағв шудаанд, хабар додаст РИА "Новости" бо такя ба "Ҷадвали Яндекс". Ба иттилои манбаъ, аз ҷумла 32 парвоз лағв гардида, 17 парвоз бо таъхир анҷом дода мешаванд. Парвозҳои лағву таъхирафтода дар масирҳои Тоҷикистон, Ӯзбекистон, Туркия, Миср, Арманистон, Озарбойҷон, Қазоқистон ва Белорус дар назар буданд. Аз Тоҷикистон аз ҷумла парвози ҳавопаймои ширкати "Сомон Эйр" дар масири фурудгоҳи Кӯлоб - "Домодедово" лағв гардидаст. Бар асоси ҷадвали парвозҳо, ҳавопаймои ширкати "Уралские авиалинии" аз Кӯлоб ба фурудгоҳи "Домодедово" бо таъхир мерасад. Ба ҷои 10:55 интизор меравад, ки соати 12:45 дақиқа мусофирон аз Кӯлоб ба Маскав расанд. Далели таъхиру лағви парвозҳо шарҳ дода нашудааст. Дар зимн парвозҳои ширкатҳои ҳавопаймоӣ аз самти шаҳри Душанбе ба Маскав ва баръакс тибқи ҷадвали қаблан таъйидшуда сурат мегиранд. Маврид ба зикр аст, ки қаблан Ассотсиатсияи ширкатҳои сайёҳии Русия гуфт, дар пайи таҳримҳо бархе аз парвозҳо аз кишвар маҳдуд шудаанд. Дар зимн таъкид гардидааст, ки парвозҳои мустақим ба Тоҷикистон, Туркия, Имороти Муттаҳидаи Арабӣ, Баҳрайн, Қатар, Марокко, Эрон, Қазоқистон, Қирғизистон, Арманистон, Беларус, Туркманистон, Ӯзбекистон, Ҳинд ва Шри-Ланка боқӣ мондаанд. Тавзеҳ дода шуд, ки сайёҳон метавонанд барои масирҳои дигар бастаҳои хидматрасонӣ гиранд, аммо парвоз аллакай на мустақим, балки аз тариқи таваққуф дар кишвари сеюм сурат хоҳанд гирифт. Дар ин феҳраст аз ҷумла бастаҳои сайёҳӣ ба Абхазистон, Юнон, Миср, Таиланд, Малдив ва Индонезия, ҷазираҳои Сейшел зикр шудаанд.
https://sputnik.tj/20220429/tamdid-mahdudiyat-parvoz-furudgoh-rusiya-1048068405.html
кӯлоб
маскав
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2022
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/0a/0f/1042900813_116:0:1847:1298_1920x0_80_0_0_753b784246db570743d8a2c4585d9fed.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
лағв, таъхир, парвоз, фурудгоҳ, маскав
лағв, таъхир, парвоз, фурудгоҳ, маскав
Лағву таъхири бархе парвозҳо дар фурудгоҳҳои Маскав: аз ҷумла ба Тоҷикистон
Дар феҳрасти парвозҳои майдонҳои ҳавоии Маскав, ки анҷомашон лағв ва ё ба таъхир андохта шудаст, аз ҷумла ҳавопаймоҳои самти Тоҷикистон низ ҳастанд
ДУШАНБЕ, 1 май — Sputnik. Дар фурудгоҳҳои "Шереметево", "Внуково" ва "Домодедово"-и шаҳри Маскав ҳудуди 50 парвоз ба таъхир афтидаанд ва ё лағв шудаанд, хабар додаст РИА "Новости" бо такя ба "Ҷадвали Яндекс".
Ба иттилои манбаъ, аз ҷумла 32 парвоз лағв гардида, 17 парвоз бо таъхир анҷом дода мешаванд.
Парвозҳои лағву таъхирафтода дар масирҳои Тоҷикистон, Ӯзбекистон, Туркия, Миср, Арманистон, Озарбойҷон, Қазоқистон ва Белорус дар назар буданд.
Аз Тоҷикистон аз ҷумла парвози ҳавопаймои ширкати "Сомон Эйр" дар масири фурудгоҳи Кӯлоб - "Домодедово" лағв гардидаст.
Бар асоси ҷадвали парвозҳо, ҳавопаймои ширкати "Уралские авиалинии" аз Кӯлоб ба фурудгоҳи "Домодедово" бо таъхир мерасад. Ба ҷои 10:55 интизор меравад, ки соати 12:45 дақиқа мусофирон аз Кӯлоб ба Маскав расанд. Далели таъхиру лағви парвозҳо шарҳ дода нашудааст.
Дар зимн парвозҳои ширкатҳои ҳавопаймоӣ аз самти шаҳри Душанбе ба Маскав ва баръакс тибқи ҷадвали қаблан таъйидшуда сурат мегиранд.
Маврид ба зикр аст, ки қаблан Ассотсиатсияи ширкатҳои сайёҳии Русия гуфт, дар пайи таҳримҳо бархе аз парвозҳо аз кишвар маҳдуд шудаанд.
Дар зимн таъкид гардидааст, ки парвозҳои мустақим ба Тоҷикистон, Туркия, Имороти Муттаҳидаи Арабӣ, Баҳрайн, Қатар, Марокко, Эрон, Қазоқистон, Қирғизистон, Арманистон, Беларус, Туркманистон, Ӯзбекистон, Ҳинд ва Шри-Ланка боқӣ мондаанд.
Тавзеҳ дода шуд, ки сайёҳон метавонанд барои масирҳои дигар бастаҳои хидматрасонӣ гиранд, аммо парвоз аллакай на мустақим, балки аз тариқи таваққуф дар кишвари сеюм сурат хоҳанд гирифт. Дар ин феҳраст аз ҷумла бастаҳои сайёҳӣ ба Абхазистон, Юнон, Миср, Таиланд, Малдив ва Индонезия, ҷазираҳои Сейшел зикр шудаанд.