Зарбаи "Искандар"-и Русия ба объектҳои артиши Украина - видео

Обуна шудан
Вазорати мудофиаи Русия натиҷаи кори мошини барҷастаи ҷангиро, ки ҳоло дар амалиёти вижа Украина хидмат мекунад, намоиш дод
Маҷмаи мушакии оперативӣ-тактикии “Искандар” ширкат дар амалиёти вижа барои ҳифзи Донбассро идома медиҳад.
Дафтари матбуоти Вазорати дифои Русия наворҳои нави истифодаи КТРК-ро нашр кард.
Дар навор дида мешавад, ки чӣ гуна кормандони низомии Қувваҳои мусаллаҳи Русия мошини ҷангиро барои партоби мушак дар иншооти низомии қаблан кашфшуда дар Украина омода мекунанд.
"Аз лаҳзаи гирифтани фармон то сар додани он вобаста ба навъи мушак аз 3 то 3,5 дақиқа вақтро дар бар мегирад. Ҳадди дуршавии мушак аз ҳадаф ҳамагӣ 5 метр аст", — афзуд манбаъ.
Маҷмаи "Искандар" барои зарбазанӣ ба иншооти муҳим дар ақибгоҳи ҳариф пешбинӣ шудааст. Партоби болои дақиқ ба фосилаи зиёд, фурсати кам барои омодагӣ, самаранокии гузаштан аз низоми мудофиаи зиддиҳавоӣ имкон медиҳад, ки бо 1 ва ё 2 партоби пайи ҳам ҳама гуна ҳадаф нобуд карда шавад.
Путин дар бораи сарнавишти ҷангҷӯён дар "Азовстал" гуфт
Русия рӯзи 24 феврал амалиёти вижаро дар Украина оғоз кард. Кишвардори Русия Владимир Путин ҳадафи онро "ҳимояи одамоне номид, ки тӯли 8 сол аз сӯйи режими Киев мавриди таҳқиру наслкушӣ қарор гирифтаанд".
Барои ин, ба гуфтаи ӯ, дар назар аст, ки "нозизудоӣ ва ғайринизомикунонии Украина" анҷом шуда, тамоми масъулини "ҷиноятҳои хунини зидди мардуми осоишта" дар Донбасс ба ҷавобгарӣ кашида шаванд.
Аммо дар бораи ишғоли Украина сухане нест, таъкид кард раисҷумҳури Русия.
Ҳушдори Путин аз зарба ба онҳое, ки аз берун ба Украина дахолат мекунанд - видео
Дар айни замон қувваҳои мусаллаҳи Федератсияи Русия вазифаи асосии марҳилаи аввали амалиёти махсусро анҷом додаанд.
Онҳо иқтидори ҷангии Украинаро ба таври назаррас коҳиш доданд. Ҳадафи аслӣ дар Вазорати дифоъ озодсозии Донбасс номида шуд.
Лентаи хабарҳо
0