Нерӯҳои ҳавоии Туркия аз ширкат дар тамринҳои НАТО худдорӣ карданд

© Sputnik / Наталья Селиверстова / Гузариш ба медиабонкТурецкий курорт Анталья, архивное фото
Турецкий курорт Анталья, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 30.04.2022
Обуна шудан
Нерӯҳои ҳавоии Туркия ба далели ихтилоф бо Афина дар машқҳои НАТО Tiger Meet ширкат намекунанд. Дар ин бора расонаҳо хабар медиҳанд
ДУШАНБЕ, 30 апр — Sputnik. Нерӯҳои ҳавоии Туркия аз ширкат дар машқҳои НАТО дар Юнон ба далели ихтилофи назар бо Афина худдорӣ карданд. Дар ин бора РИА "Новости" бо такя ба рӯзномаи Sabah хабар медиҳад.
Қаблан хабар дода шуд, ки ҷангандаҳои туркӣ F-16 Fighting Falcon дар тамринҳои НАТО, ки аз 9 то 22 май дар Юнон баргузор мешаванд, ширкат хоҳанд кард.
Имсол машқҳо дар пойгоҳи ҳавоии Аракс дар ғарби кишвар баргузор мешаванд.
Инчунин хабар дода шуд, ки штаби генералии ҳавоии Юнон даъвати Туркияро барои иштирок дар машқҳо ба сабаби мунтазам вайрон кардани сарҳадҳои ҳавоии Юнон аз тарафи ҷанговарони турк ва парвозҳои болои ҷазираҳои Юнон бекор кард.
Беспилотник Bayraktar TB2, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 27.04.2022
"Эҳтиёт кунед": тавсияи Қирғизистон ба Туркия барои фурӯши "Байрактар" ба Тоҷикистон
"Пеш аз ҳар як машқ кишвари мизбон як созишномаи техникӣ оид ба гузаронидани фаъолиятҳоро омода мекунад. Муайян карда шуд, ки Юнон, регламенти техникии имсолро таҳия карда ба ҳуҷҷати мавриди назар бо бархӯрд ба Туркия, ки ба ихтилофи байни ду кишвар нигаронида шудааст, вайрон кардааст.
Фармондеҳии нерӯҳои ҳавоӣ ба муқобили ин иловаҳои қасдан ҷоришуда чора дида, тақозо кард, ки регламенти техникӣ, ки хилофи қонунҳои байналмилалӣ аст, дигар карда шавад. Талабҳои исроркоронаи Туркия аз ҷониби Юнон пазируфта нашуд", - менависад рӯзнома.
"Қарор дода шуд, ки Туркия дар машқҳо ширкат накунад, зеро Юнон ин машқҳоро мувофиқи манфиатҳои сиёсии худ таҳрик додааст. Маълум шуд, ки қарори дар бораи иштирок накардани нерӯҳои ҳавоии Туркия дар машқҳо ба мақомоти Юнон фиристода шудааст", - қайд кардааст нашрия.
Грозин: Қирғизистон бояд аз "Байрактар" - ҳо дар артиши Тоҷикистон битарсад
Афина ва Анкара кӯшиш мекунанд, ки муносибатҳои мушкилро беҳтар созанд. Тобистони соли 2020 Юнон ва Туркия се маротиба дар остонаи даргирии мусаллаҳона қарор доштанд ва сафарбаркунии умумии нерӯҳои мусаллаҳи Юнон анҷом дода шуд.
Сабаб он буд, ки Туркия дар минтақаи шарқии баҳри Миёназамин, ки Юнон онро минтақаи истисноии иқтисодии худ медонад, ба иктишофи сейсмикӣ шурӯъ кард.
Лентаи хабарҳо
0