Истиқболи Амрулло Солеҳ аз Ӯзбекистон барои надодани ҳавопаймоҳои Афғонистон ба толибон

© Пресс-служба правительства АфганистанаАмрулло Солех, заместитель президента Афганистана
Амрулло Солех, заместитель президента Афганистана - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 30.04.2022
Обуна шудан
Муовини аввали раиси ҷумҳури пешини Афғонистон аз ҳукумати Ӯзбекистон барои надодани ҳавопаймоҳои Афғонистон ба толибон изҳори сипос кардааст
ДУШАНБЕ, 30 апр — Sputnik. Амрулло Солеҳ, муовини аввали раиси ҷумҳури собиқи Афғонистон гуфтааст, ҳукумати Ӯзбекистон чархболҳои Афғонистонро ба толибон надод.
"Мо ба ҳукумати Ӯзбекистон барои худдорӣ аз баргардонидани чархболҳо ба ҷангиёни ғайриқонунии толибон, ки аз онҳо барои таҳкими режими террор, ваҳшоният ва саркӯби мардуми Афғонистон истифода хоҳанд кард, ташаккур мегӯем", - навиштааст Солеҳ дар сафҳаи Twitter.
Вай афзуд, Афғонистон ба сарқонуне ниёз дорад, ки аз ҷониби мардум муайян карда шавад.
Қаблан Исматуллоҳ Эргашев, намояндаи Ӯзбекистон дар Афғонистон гуфта буд, ки ин таҷҳизоти низомӣ “моли Амрико” буда, бо ризоияти Вашингтон дар ин кишвар нигоҳ дошта мешавад.
Иргашов гуфтааст, Иёлоти Муттаҳида пули ҳавопаймоҳо ва чархболҳоро пардохт кардааст ва он ба Вашингтон тааллуқ дорад ва тасмимро низ дар борааш худи онҳо мегиранд.
Маврид ба зикр аст, ки бо суқути ҳукумати пешини Афғонистон бо сарварии Ашраф Ғанӣ ҳавонавардони ин кишвар бо чархболу ҳавопаймоҳо ба хоки Тоҷикистон ва Ӯзбекистон фирор карданд.
Талиб на фоне мечети с оружием - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 28.04.2022
Ҳафт миллиард доллар "ҳадя"-и Амрико ба толибон баъди хуруҷ аз Афғонистон
То кунун дақиқ гуфта нашудааст, ки ба ин кишварҳо чи қадар чархболу ҳавопаймо ворид шуд.
Толибон борҳо даъват карданд ва ҳатто таҳдид низ карданд, ки чархболҳо баргардонида шаванд, аммо посух дарёфт накарданд.
Муллоёқуб Муҷоҳид, сарпарасти Вазорати дифои толибон охирин маротиба дар нишасте дар шаҳри Кобул ба Тоҷикистону Ӯзбекистон ҳушдор дод, ки чархболҳо ва ҳавопаймоҳои низомии Афғонистонро баргардонанд.
Таҳдиди толибон ба Тоҷикистон: Ҳавсалаи моро ба озмоиш нагиреду чархболоҳоро баргардонед
Вай гуфт, чархболҳову ҳавопаймоҳо моли мардуми Афғонистон ҳастанд ва толибон иҷоза намедиҳанд, ки аз онҳо истифода кунанд.
Муллоёқуб хитоб ба ин кишварҳо гуфт, ки “сабр”-и толибонро насанҷанд ва ин гурӯҳро маҷбур насозанд, иқдом кунанд.
Қаблан хабарҳое низ нашр шуда буд, ки ИМА қасд дорад ин чархболҳоро ба Украина мунтақил кунанд, гузориши расмие дар бораи сарнавишти ин тайёраҳои низомӣ то кунун нест.
Лентаи хабарҳо
0