Раисиҷумҳури собиқи Туркманистон китоберо дар бораи маънии зиндагии худ нашр кардааст

© Sputnik / Алексей Дружинин / Гузариш ба медиабонкПрезидент, председатель кабинета министров Туркмении Гурбангулы Бердымухамедов
Президент, председатель кабинета министров Туркмении Гурбангулы Бердымухамедов  - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 30.04.2022
Обуна шудан
Собиқ раисиҷумҳури Туркманистон китоби наве нашр кардааст, ки ба ҳаёту фаъотияти худаш ва роҳи сиёсату идораи давлатдорияш бахшида шудааст
ДУШАНБЕ, 30 апр — Sputnik. Раисиҷумҳури собиқи Туркманистон ва феълан раиси палатаи болоии парлумони ин кишвар Қурбонгулӣ Бердимуҳаммадов дар таътил китоби хотираҳои “Маънои зиндагии ман”-ро навишт. Дар ин бора Sputnik Беларус бо такя ба телевизиони маҳаллӣ хабар медиҳад.
Қаблан ӯ аз раисиҷумҳури нав хоста буд ба ӯ рухсатӣ диҳад то ёддоштҳояшро ба охир расонад.
Дар бораи нашри китоби президенти собиқ, раҳбари феълии Туркманистон Сардор Бердимуҳаммадов дар ҷаласаи ҳукумат хабар додааст.
Президент, председатель кабинета министров Туркмении Гурбангулы Бердымухамедов  - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 19.02.2022
Бердимуҳаммадов бо нишони Дипломати моҳири Туркманистон қадр шуд
Зимни ифтитоҳи ҷаласа раисиҷумҳур гуфт, Аркадаг ҳангоми таътил корро рӯи китобҳои навро идома дода, рӯзи 29 апрел ба хонандагон ва тамоми давлат китоби дигар зери унҷони "Маънои зиндагии ман" - ро ба нашр расонид.
Бердимуҳаммадов таъкид кард, ки асари нав "хотираҳо аз марҳилаҳои муҳими роҳи ҳаёт, назарҳо ва андешаҳои" сарвари собиқи давлатро дар бар мегирад.
Ба гуфтаи ӯ, дар асари нав ба таърихи халқи туркман, ҳамчунин анъанаҳо, арзишҳои наслҳои гузашта ва рушди кишвар дар замони ҳозира мавқеи хоса дорад.
Бердимуҳаммадови хурдӣ таъкид кард, ки “Маънои зиндагии ман” мардуми Туркманистонро барои расидан ба тамоми ҳадафу вазифаҳое, ки барои 30 соли оянда ба нақша гирифта шудаанд, дастгирӣ хоҳад кард.
"Боз як бори дигар Аркадагро бо нашри китоби нав табрик гуфта, ба ӯ таманно дорам, ки чунин китобҳоро бештар эҷод кунад, то қаламаш ҳамеша тез бошад", - гуфт Сардор Бердимуҳаммадов.
Қурбонгулӣ Бердимуҳаммадов тақрибан 15 сол раисиҷумҳури Туркманистон буд. Ҳамзамон бо кори адабӣ фаъолона машғул буд: дар бораи таърихи туркманҳо, қолинҳо, аспҳои ахалтекӣ, ошпазӣ, мусиқӣ, чой, зарбулмасалҳо, сагҳои алабайӣ ва бисёр мавзӯъҳои дигар китобҳо нашр кардааст.
Бино ба маълумоти китобхонаи электронӣ, собиқ раисиҷумҳур дар маҷмӯъ ҳудуди 70 китоб навиштааст.
Лентаи хабарҳо
0