Ҷабборов аз беморхона мураххас шуда, ба кор баргашт

© Sputnik / Виталий Белоусов / Гузариш ба медиабонкАкылбек Жапаров
Акылбек Жапаров - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 30.04.2022
Обуна шудан
Раҳбари девони вазирони Қирғизистон ба кор шурӯъ намудааст. Ӯ табобатро ба таври амбулаторй идома медиҳад, хабар медиҳад дафтари девони вазирон
ДУШАНБЕ, 30 апр — Sputnik. Сарвазири Қирғизистон Оқилбек Ҷабборов аз бемористон мураххас шуда, ба кор оғоз кард.
Дар ин бора Sputnik Қирғизистон бо такя ба дафтари матбуоти девони вазирони ин кишвар хабар медиҳад.
Нахуствазири Қирғизистон рӯзи 28 апрел бо шикояти дарди дил ва паст шудани фишори хун дар беморхона бистарӣ шуда буд.
Гумон мерафт, ки сиёсатмадор сактаи қалб дорад, вале пас аз ташхис ин беморӣ тасдиқ нашуд.
Дар паи таҳлилҳои тиббӣ спазми рагҳои дил ошкор шуд. Вазири беҳдошти ин кишвар Алимқодир Бейшеналиев гуфт, ки сиёсатмадор аз кори аз ҳадд зиёд, ки тоза аз ИМА баргашта буд, бемор шудааст.
Медицинская каталка в больнице, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 28.04.2022
Ҷабборов бо дарди дил бистарӣ шуд
Як рӯз пеш Ҷабборов барои ширкат дар ҷаласаи шӯрои байниҳукуматии Қирғизистону Қазоқистон муваққатан бемористонро тарк кард.
Барои ин нахуствазири Қазоқистон Алихон Смаилов ба Бишкек парвоз кард.
"Вазъи саломатии Оқилбек Ҷабборов мӯътадил арзёбӣ мешавад, дар ҳоле ки ӯ мунтазам ба таври амбулаторӣ хидмати тиббӣ мегирад", - гуфта мешавад дар иттилои ҳукумат.
Лентаи хабарҳо
0