Туҳфаи 1350-долларии мақомоти ӯзбек ба иштирокдорони ҶБВ дар Рӯзи ғалаба

© Sputnik Медали ветерана ВОВ
Медали ветерана ВОВ - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 29.04.2022
Обуна шудан
Ҳукумати Ӯзбекистон ба ҳар як иштирокдори Ҷанги бузурги ватанӣ дар ин кишвар дар рӯзи 9 май – Рӯзи ғалаба 1350 доллар туҳфа хоҳад кард
ДУШАНБЕ, 29 апр — Sputnik. Шавкат Мирзиёев, раисҷумҳури Ӯзбекистон фармоне содир кард, ки тибқи он, ба ҳар як куҳнасарбозе, ки дар Ҷанги бузурги ватанӣ иштирок кардааст, 15 миллион сӯм (тақрибан 1350 доллар) мукофоти якдафъаии пулӣ дода мешавад, иттилоъ додааст Шерзод Асадов, сухангӯи раисҷумҳури Ӯзбекистон.
Ёдовар мешавем, ки аз соли 1999 рӯзи 9 май дар Ӯзбекистон ҳамчун Рӯзи хотира ва арҷгузорӣ таҷлил мешавад.

"Дар арафаи 9 май ба ҳар шаҳрванди кишвар - куҳансарбозон, маҳбусони лагерҳои консентратсионӣ ва нафароне, ки зимни муҳосираи Ленинград наҷот ёфтанд, 15 миллион сӯм тақдим мешавад", - навиштааст Асадов дар истинод ба фармони дахлдори роҳбари кишвар.

Бояд гуфт, дар соли 2021 ин гуна туҳфа барои як нафар аз куҳнасарбозон 12 миллион сӯм (қариб 1,1 ҳазор доллар) буд.
Парад Победы 9 мая в Душанбе - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 28.04.2022
Ҳукумати Суғд барои таҷлили Рӯзи ғалаба ним миллион сомонӣ ҷудо кардааст
Тибқи иттилои сухангӯи раисҷумҳури ин кишвар, ҳамчунин аз 1 июн ба ҳар як аз куҳнасарбозони ҷанг, маъюбон ва пиронсолони Ӯзбекистон танҳо барои харидани маводи ғизоӣ ва гигиенӣ дар ҳаҷми 270 ҳазор сӯм ё 24 доллар кумаки пулӣ дода мешавад.
Илова бар ин ба куҳансарбозон барои харидани либос ҳар сол 4 миллион сӯм (360 доллар) ҷубронпулӣ дода мешавад.
Дар ин кишвар ҳудуди 500 нафар иштирокчии Ҷанги бузурги ватанӣ ва қариб 10 ҳазор нафар аз ҷабҳаи коргарии ин ҷанг зиндагӣ мекунанд. Тибқи маълумоти тозанашр, аз ҷумла аз бойгониҳои Русия беш аз 1,9 миллион сокини Ӯзбекистон дар Ҷанги бузурги ватанӣ иштирок кардааст, ки беш аз 540 ҳазор нафар аз эшон аз ҷанг барнагаштааст ва қариб 160 ҳазор нафари дигар беному нишон шудаанд.
Лентаи хабарҳо
0