Пограничник на смотровой вышке на границе Кыргызстана. Архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920
Вазъ дар марзи Тоҷикистону Қирғизистон
Хабарҳои бештар аз танишу созишҳои марзӣ миёни Тоҷикистону Қирғизистон

Чаро Тоҷикистону Қирғизистон наметавонанд марзро тақсим кунанд: видео

Обуна шудан
Ҳар ду кишвар ба ҷои гузоштани қадамҳои қатъӣ дар самти муайян кардани аломатгузорӣ минтақаҳои сарҳадиро мусаллаҳ месозанд
Тоҷикистон ва Қирғизистон омода нестанд, то дар мавриди тақсими марз ба тавофуқҳои ҷиддӣ даст ёбанд.
То ҳол на Душанбе ва на Бишкек "иродаи нек нишон надодаанд" ва нерӯҳои ҳар ду кишвар дар наздикии марз мустақар шудаанд.

"Кишварҳо мудофиаи амиқ омода мекунанд ва дар ҷое, ки дифоъ ҳаст, ҷой барои ҳамлаи оянда вуҷуд дорад", - гуфт, Андрей Грозин, ходими калони илмии Пажуҳишгоҳи шарқшиносии Академияи илмҳои Русия дар суҳбат бо Sputnik Тоҷикистон.

Вай таъкид кард, ки ҳар ду ҷумҳурӣ як чизро мегӯянд, вале дигар кор мекунанд. Ҳамин тавр дар ҳар ду ҷониб мусаллаҳсозии мутақобилаи сарҳад вуҷуд дорад ва ҳоло пешгӯӣ кардан ғайриимкон аст, ки вазъ минбаъд чӣ гуна рушд хоҳад кард, афзуд коршинос.
Ҷабборов аз мушкилот дар марз бо Тоҷикистон гуфт
"То ҳол ҳеҷ як ҷониб хоҳиши пайдо кардани сулҳи воқеӣ, мулоқот бо ҳамтоёни худро нишон надодааст. Ҳар ду ҷониб қисмҳои низомии худро дар марз бо силоҳ, аз ҷумла бо силоҳҳои туркӣ пур мекунанд, то ҳол хоҳиши тағйири чизеро ба намоиш нагузоштаанд", — гуфт Грозин.
Ӯ гуфт, мақомоти Тоҷикистону Қирғизистон бояд дарк кунанд, "масъалаи марзӣ ва баҳсҳоеро, ки даҳсолаи сеюм аст, идома доранд, бо василаҳои сиёсӣ ҳал кардан ғайриимкон аст".

"Дар ҳоли ҳозир умедворем, онҳо танҳо бо сохтани хатҳои дифоӣ маҳдуд мешаванд ва ба марҳилаи шадидтару ваҳшиёнаи мубориза бо ҳамдигар намегузаранд", - хулоса кард коршинос.

Ёдовар мешавем, ки ҳудудҳои тақсимнашудаи байни ҷумҳуриҳо давра ба давра ба минтақаи низоъ табдил меёбанд.
Грозин: Қирғизистон бояд аз "Байрактар" - ҳо дар артиши Тоҷикистон битарсад
Сабаби асосӣ қитъаҳои тақсимнашуда мебошад, ки дар он ҷо муайян кардани чигунагии сарҳад имконнопазир аст.
Тоҷикистон ва Қирғизистон 900 километр марзи муштарак доранд, ки хатти марзӣ дар 300 километри он мушаххас нашудааст.
Лентаи хабарҳо
0