https://sputnik.tj/20220429/tojikiston-bayraktar-shartnoma-kdam-qirghiziston-1048070864.html
КДАМ: Тоҷикистон то ҳол "Байрактар" нахаридааст
КДАМ: Тоҷикистон то ҳол "Байрактар" нахаридааст
Sputnik Тоҷикистон
Қаблан бархе аз расонаҳо хабар дода буданд, ки Тоҷикистон ба феҳристи кишварҳое шомил шудааст, ки ҳавопаймоҳои бесарнишини туркро харидорӣ мекунанд
2022-04-29T13:46+0500
2022-04-29T13:46+0500
2022-04-29T14:00+0500
дар тоҷикистон
қирғизистон
шартнома
туркия
амният ва мудофиа
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/0a/16/1043034017_0:220:2969:1890_1920x0_80_0_0_4aa535ee5f4e044ea27b3f0f403eb173.jpg
ДУШАНБЕ, 29 апр — Sputnik. Қирғизистон хабарҳо дар бораи харидории ҳавопаймоҳои бесарнишини туркӣ аз ҷониби Тоҷикистонро рад кард.Тибқи маълумоти дақиқи мавҷуд, ҷониби Тоҷикистон бо истеҳсолкунандаи ҳавопаймоҳои бесарнишини "Байрактар" - ширкати туркии "Байкар Макина" қарордод имзо накардааст, хабар медиҳад дафтари матбуотии Кумитаи давлатии амнияти миллии Қирғизистон.Қаблан бархе аз расонаҳо хабар дода буданд, Тоҷикистон ба феҳристи кишварҳое ворид шудааст, ки ҳавопаймоҳои бесарнишини туркиро харидорӣ мекунанд. Зимнан зикр гардид, ки Анкара ва Душанбе дар мавриди интиқоли таҷҳизоти низомӣ ба мувофиқа расидаанд, вале шартҳои созишнома ифшо нашудааст.Қаблан Жээнбек Кулубоев, вазири умури хориҷии кишвари ҳамсоя гуфта буд, ки дар дидор бо Анкара Бишкек қасд дорад, масъалаи харидории "Байрактар"-ҳоро аз ҷониби Душанбе матраҳ кунад.Ба гуфтаи ин дипломат, Қирғизистон қаблан ба Туркия бо даъвати "эҳтиёткорӣ" дар масъалаи интиқоли ҳавопаймоҳо ба Тоҷикистон муроҷиат карда буд, зеро то ҳол масъалаи тақсими марзи муштарак ҳал нашудааст.Кумитаи давлатии амнияти миллии Қирғизистон иддао дорад, ки Тоҷикистон бо тавлидкунандагони ҳавопаймоҳои ҷангии туркӣ қарордод набастааст.Дар идома КДАМ-и ин кишвар гуфтааст, Қирғизистон сиёсати сулҳ ва ҳамсоягии некро пеш гирифта, барои ҳифзи суботу амният дар минтақаи Осиёи Марказӣ тамоми талошро ба харҷ медиҳад. "Ҳавопаймоҳои туркӣ, ки ҷониби Қирғизистон харидорӣ кардааст, танҳо бо ҳадафҳои дифоъӣ дар пасманзари сатҳи баланди хатари террористӣ ва ифротгароии мазҳабӣ ба кишварҳои Осиёи Марказӣ ба далели вазъ дар Афғонистон пешбинӣ шудааст", — шарҳ дод Кумитаи давлатии амнияти миллии Қирғизистон. Зимнан зикр мегардад, ки "Ҷониби Қирғизистон ҳеҷ гоҳ ба сиёсати таҷовузкорона нисбат ба кишварҳои ҳамсоя пайравӣ накардааст ва нахоҳад кард".
https://sputnik.tj/20220428/grozin-qirghiziston-bayraktar-artish-tojikiston-1048045875.html
қирғизистон
туркия
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2022
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/0a/16/1043034017_421:0:2966:1909_1920x0_80_0_0_8de455a8b6cd9bba10b6202fae74e0f8.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
тоҷикистон "байрактар" қирғизистон
тоҷикистон "байрактар" қирғизистон
КДАМ: Тоҷикистон то ҳол "Байрактар" нахаридааст
13:46 29.04.2022 (Навсозишуда: 14:00 29.04.2022) Қаблан бархе аз расонаҳо хабар дода буданд, Тоҷикистон ба феҳристи кишварҳое ворид шудааст, ки ҳавопаймоҳои бесарнишини туркро харидорӣ мекунанд
ДУШАНБЕ, 29 апр — Sputnik. Қирғизистон хабарҳо дар бораи харидории ҳавопаймоҳои бесарнишини туркӣ аз ҷониби Тоҷикистонро рад кард.
Тибқи маълумоти дақиқи мавҷуд, ҷониби Тоҷикистон бо истеҳсолкунандаи ҳавопаймоҳои бесарнишини "Байрактар" - ширкати туркии "Байкар Макина" қарордод имзо накардааст, хабар медиҳад дафтари матбуотии Кумитаи давлатии амнияти миллии Қирғизистон.
Қаблан бархе аз расонаҳо хабар дода буданд, Тоҷикистон ба феҳристи кишварҳое ворид шудааст, ки ҳавопаймоҳои бесарнишини туркиро харидорӣ мекунанд.
Зимнан зикр гардид, ки Анкара ва Душанбе дар мавриди интиқоли таҷҳизоти низомӣ ба мувофиқа расидаанд, вале шартҳои созишнома ифшо нашудааст.
Қаблан Жээнбек Кулубоев, вазири умури хориҷии кишвари ҳамсоя гуфта буд, ки дар дидор бо Анкара Бишкек қасд дорад, масъалаи харидории "Байрактар"-ҳоро аз ҷониби Душанбе матраҳ кунад.
Ба гуфтаи ин дипломат, Қирғизистон қаблан ба Туркия бо даъвати "эҳтиёткорӣ" дар масъалаи интиқоли ҳавопаймоҳо ба Тоҷикистон муроҷиат карда буд, зеро то ҳол масъалаи тақсими марзи муштарак ҳал нашудааст.
Кумитаи давлатии амнияти миллии Қирғизистон иддао дорад, ки Тоҷикистон бо тавлидкунандагони ҳавопаймоҳои ҷангии туркӣ қарордод набастааст.
"Маълумот дар бораи ба даст овардани ҳавопаймои бесарнишини "Байрактар" аз ҷониби Тоҷикистон тасдиқ нашудааст", - гуфт хадамоти марзбонии Қирғизистон.
Дар идома КДАМ-и ин кишвар гуфтааст, Қирғизистон сиёсати сулҳ ва ҳамсоягии некро пеш гирифта, барои ҳифзи суботу амният дар минтақаи Осиёи Марказӣ тамоми талошро ба харҷ медиҳад.
"Ҳавопаймоҳои туркӣ, ки ҷониби Қирғизистон харидорӣ кардааст, танҳо бо ҳадафҳои дифоъӣ дар пасманзари сатҳи баланди хатари террористӣ ва ифротгароии мазҳабӣ ба кишварҳои Осиёи Марказӣ ба далели вазъ дар Афғонистон пешбинӣ шудааст", — шарҳ дод Кумитаи давлатии амнияти миллии Қирғизистон.
Зимнан зикр мегардад, ки "Ҷониби Қирғизистон ҳеҷ гоҳ ба сиёсати таҷовузкорона нисбат ба кишварҳои ҳамсоя пайравӣ накардааст ва нахоҳад кард".