https://sputnik.tj/20220429/tamrin-guzasht-nizomi-maskav-aks-1048087292.html
Тамрини гузашти низомӣ дар Маскав - акс
Тамрини гузашти низомӣ дар Маскав - акс
Sputnik Тоҷикистон
То гузашти низомии 9-уми май ба ифтихори пирӯзӣ дар Ҷанги бузурги ватанӣ хизматчиёни қувваҳои мусаллаҳи Русия 3 бор тамринотро анҷом медиҳанд
2022-04-29T20:15+0500
2022-04-29T20:15+0500
2022-04-29T20:31+0500
акс
амният ва мудофиа
гузашти низомӣ
маскав
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e6/04/1d/1048072446_0:0:3415:1921_1920x0_80_0_0_ad35be3fbf2a8b76d0dd01e3cbe18cde.jpg
Яке аз 3 тамринот, ки низомиёни Русия бояд то 9-уми май анҷом диҳанд, аллакай баргузор шуд. Сокинону меҳмонони Маскав дар маркази пойтахт ҷамъ омаданд, то тамрини гузашти низомиёну техникаи ҳарбиро тамошо кунанд. Гузашти навбатии низомӣ бахшида ба Рӯзи ғалаба дар Ҷанги бузурги ватанӣ 9-уми май дар майдони Сурх дар назар аст. Соли равон 77-умин солгарди пирӯзӣ дар ҶБВ таҷлил мешавад. Интизор меравад, ки то 9-уми май дар маҷмуъ 3 бор тамринот гузаронда шаванд, ки 2 мавридаш ҳанӯз дар пеш аст. Тамриноти навбатии шабона 4 май ва машқи генералӣ 7 май дар нақша аст. Сокинони Маскав дар ин рӯзҳо метавонанд раванди тамринотро дар маркази пойтахт тамошо кунанд. Имсол дар сафи пеши қатори техникаи низомӣ беҳтарин тонки Ҷанги бузурги ватанӣ - Т-34-85 қарор хоҳад дошт. Маврид ба зикр аст, ки бори аввал гузашти низомии бахшида ба Рӯзи ғалаба 24 июни соли 1945 баргузор гардида буд. Онро маршал, қаҳрамони Иттиҳоди Шӯравӣ, Константин Рокоссовский фармондеҳӣ мекард ва он аз тарафи ноиби сарфармондеҳ маршал Георгий Жуков пазируфта шуд.
маскав
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2022
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e6/04/1d/1048072446_329:0:3060:2048_1920x0_80_0_0_d849dd79df4cfe2ba65ee00e7eb8e336.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
тамрин, гузашт, низомӣ, марказ, маскав
тамрин, гузашт, низомӣ, марказ, маскав
Тамрини гузашти низомӣ дар Маскав - акс
20:15 29.04.2022 (Навсозишуда: 20:31 29.04.2022) То гузашти низомии 9-уми май ба ифтихори пирӯзӣ дар Ҷанги бузурги ватанӣ хидматчиёни қувваҳои мусаллаҳи Русия 3 бор тамринро анҷом медиҳанд
Яке аз 3 тамринот, ки низомиёни Русия бояд то 9-уми май анҷом диҳанд, аллакай баргузор шуд. Сокинону меҳмонони Маскав дар маркази пойтахт ҷамъ омаданд, то тамрини гузашти низомиёну техникаи ҳарбиро тамошо кунанд.
© Sputnik / Alexey Maishev / Гузариш ба медиабонкХидматчии ҳарбӣ дар қатори техникаи низомӣ сӯйи макони тамриноти гузашти бахшида ба 77-умин солгарди ғалаба дар Ҷанги бузурги ватанӣ равон аст.
Хидматчии ҳарбӣ дар қатори техникаи низомӣ сӯйи макони тамриноти гузашти бахшида ба 77-умин солгарди ғалаба дар Ҷанги бузурги ватанӣ равон аст.
© Sputnik / Evgeny Odinokov / Гузариш ба медиабонкМошини ҷангии десант, БМД-4 дар кӯчаи Твери Маскав пеш аз тамрини гузашти низомӣ бахшида ба ғалаба дар ҶБВ
Мошини ҷангии десант, БМД-4 дар кӯчаи Твери Маскав пеш аз тамрини гузашти низомӣ бахшида ба ғалаба дар ҶБВ
Худравии ҷангии хушкигардҳо - БМП К-17 "Бумеранг" дар қатори мошинҳои ҷангӣ
© Sputnik / Alexey Maishev / Гузариш ба медиабонкХизматчии ҳарбӣ дар кӯчаи Твер пеш аз тамрини гузашти низомии бахшида ба 77-умин солгарди ғалаба дар Ҷанги бузурги ватанӣ
Хизматчии ҳарбӣ дар кӯчаи Твер пеш аз тамрини гузашти низомии бахшида ба 77-умин солгарди ғалаба дар Ҷанги бузурги ватанӣ
Тонки Т-14 "Армата" дар кӯчаи Твери Маскав пеш аз тамринот
© Sputnik / Maxim Blinov / Гузариш ба медиабонкДухтар ҳангоми тамошои тамриноти гузашти гузашти ҳарбии бахшида ба 77-умин солгарди ғалаба дар Ҷанги бузурги ватанӣ.
Духтар ҳангоми тамошои тамриноти гузашти гузашти ҳарбии бахшида ба 77-умин солгарди ғалаба дар Ҷанги бузурги ватанӣ.
Низомиён дар соҳили дарёи Маскав пеш аз оғози тамриноти шабонаи гузашти низомӣ.
Қатори техникаи низомӣ дар кӯчаи Твери шаҳри Маскав
Худгарди зиреҳпӯши БТР-МД "Ракушка" пеш аз оғози тамринот
© Sputnik / Maksim Blinov / Гузариш ба медиабонкҚатори техникаи низомӣ ҳангоми ҳаракат ба сӯйи макони машқи гузашти низомии бахшида ба 77-умин солгарди ғалаба дар Ҷанги бузурги ватанӣ
Қатори техникаи низомӣ ҳангоми ҳаракат ба сӯйи макони машқи гузашти низомии бахшида ба 77-умин солгарди ғалаба дар Ҷанги бузурги ватанӣ
© Sputnik / Evgeny Odinokov / Гузариш ба медиабонкДастгоҳҳои сардиҳии мушакҳои маҷмааи С-400 "Триумф" дар кӯчаи Твери Маскав ҳангоми тамринот
Дастгоҳҳои сардиҳии мушакҳои маҷмааи С-400 "Триумф" дар кӯчаи Твери Маскав ҳангоми тамринот
Гузашти навбатии низомӣ бахшида ба Рӯзи ғалаба дар Ҷанги бузурги ватанӣ 9-уми май дар майдони Сурх дар назар аст. Соли равон 77-умин солгарди пирӯзӣ дар ҶБВ таҷлил мешавад.
Интизор меравад, ки то 9-уми май дар маҷмуъ 3 бор тамринот гузаронда шаванд, ки 2 мавридаш ҳанӯз дар пеш аст.
Тамриноти навбатии шабона 4 май ва машқи генералӣ 7 май дар нақша аст. Сокинони Маскав дар ин рӯзҳо метавонанд раванди тамринотро дар маркази пойтахт тамошо кунанд.
Имсол дар сафи пеши қатори техникаи низомӣ беҳтарин тонки Ҷанги бузурги ватанӣ - Т-34-85 қарор хоҳад дошт.
Маврид ба зикр аст, ки бори аввал гузашти низомии бахшида ба Рӯзи ғалаба 24 июни соли 1945 баргузор гардида буд. Онро маршал, қаҳрамони Иттиҳоди Шӯравӣ, Константин Рокоссовский фармондеҳӣ мекард ва он аз тарафи ноиби сарфармондеҳ маршал Георгий Жуков пазируфта шуд.