https://sputnik.tj/20220429/qarori-shahrdori-dushanbe-omodagi-tajlili-ruzi-ghalaba-1048088378.html
Қарори шаҳрдори Душанбе барои омодагӣ ба таҷлили Рӯзи ғалаба
Қарори шаҳрдори Душанбе барои омодагӣ ба таҷлили Рӯзи ғалаба
Sputnik Тоҷикистон
Шаҳрдори Душанбе қарори омодагӣ ва таҷлили ҷашни 77-умин солгарди Рӯзи Ғалаба дар Ҷанги бузурги ватаниро ба имзо расонд
2022-04-29T20:35+0500
2022-04-29T20:35+0500
2022-04-29T20:37+0500
дар тоҷикистон
шаҳрдорӣ
раиси шаҳр
душанбе
таҷлил
рӯзи ғалаба
рустам эмомалӣ
қарор
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/09/1d/1042566328_0:0:529:298_1920x0_80_0_0_80098e124ad8869b42b85895a1e0edfc.jpg
ДУШАНБЕ, 29 апр — Sputnik. Ба гузориши дафтари матбуотии раиси шаҳри Душанбе, бо қарори Рустами Эмомалӣ барномаи мақомоти шаҳри Душанбе барои омодагӣ ва таҷлили ҷашни 77-умин солгарди Рӯзи ғалаба дар Ҷанги дуюми ҷаҳонии солҳои 1941-1945 тасдиқ гардид.Тибқи иттилои манбаъ, раиси шаҳр бо ин қарор масъулини шаҳри Душанбе ва раисони ноҳияҳои пойтахтро вазифадор намудааст, ки иҷрои барномаҳои мазкурро тибқи тартиби муқарраргардида таъмин намоянд.Ба иттилои дафтари матбуотии шаҳрдорӣ, дар ин зимн дар шаҳри Душанбе баргузории барномаҳои маърифатӣ-фарҳангӣ дар назар аст.Инчунин, тибқи қарори раиси шаҳри Душанбе, ба шахсони дар давраи ин ҷанг дар ақибгоҳ бо ордену медалҳои ҳарбӣ сарфарозгардида, шахсони дар давраи ҷанг дар ақибгоҳ коркарда, маъюбони амалиёти ҷангӣ дар қаламрави давлатҳои дигар (Афғонистон), маъюбони садамаи нерӯгоҳи барқӣ-атомии Чернобил ва оилаҳое, ки саробони онҳо ҳангоми ҳимояи сохти конститутсионӣ ҳалок гардидаанд, аз ҳисоби фонди захиравии раиси шаҳри Душанбе кумаки молиявӣ расонида мешавад.Ёдовар мешавем, ки ҳамасола дар Тоҷикистон 9 май ҳамчун Рӯзи ғалаба дар Ҷанги дуюми ҷаҳонӣ бар фашизм ҷашн гирифта мешавад.Аз Ҷумҳурии Тоҷикистон беш аз 300 ҳазор аз шаҳрвандон ба ҷанг сафарбар шуда буданд. Дар Ҷанги дуюми ҷаҳонӣ беш аз 92 ҳазор нафар тоҷикистонӣ ба ҳалокат расиданд.Мавриди ёдоварист, ки 68 нафар аз иштирокчиёни ҷанг аз Тоҷикистон сазовори унвони олии Қаҳрамони Иттиҳоди Шӯравӣ гашта, 21 нафарашон дорандаи ҷоизаи се дараҷаи ордени "Шараф", ҳамагӣ зиёда аз 90 ҳазор нафар бо ифтихорномаҳои сарфармондеҳи олии қувваҳои мусаллаҳи Иттиҳоди Шӯравӣ ва ордену медалҳо сарфароз гардонида шудаанд. Аз шумораи умумии фиристодагони Тоҷикистон 49973 нафарашон ба баталонҳои коргарии сохтмонӣ ва ақибгоҳ сафарбар карда шуда буданд.
https://sputnik.tj/20220428/sughd-tajlil-ghalaba-nim-million-somoni-1048055807.html
душанбе
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2022
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/09/1d/1042566328_23:0:490:350_1920x0_80_0_0_3b5cd31f0ed52f510aa8705c0902da1d.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
тоҷикистон, раиси шаҳр, душанбе, рустам эмомалӣ, қарор, таҷлил рӯзи ғалаба
тоҷикистон, раиси шаҳр, душанбе, рустам эмомалӣ, қарор, таҷлил рӯзи ғалаба
Қарори шаҳрдори Душанбе барои омодагӣ ба таҷлили Рӯзи ғалаба
20:35 29.04.2022 (Навсозишуда: 20:37 29.04.2022) Шаҳрдори Душанбе қарори омодагӣ ва таҷлили ҷашни 77-умин солгарди Рӯзи ғалаба дар Ҷанги бузурги ватаниро ба имзо расонд
ДУШАНБЕ, 29 апр — Sputnik. Ба гузориши дафтари матбуотии раиси шаҳри Душанбе, бо қарори Рустами Эмомалӣ барномаи мақомоти шаҳри Душанбе барои омодагӣ ва таҷлили ҷашни 77-умин солгарди Рӯзи ғалаба дар Ҷанги дуюми ҷаҳонии солҳои 1941-1945 тасдиқ гардид.
Тибқи иттилои манбаъ, раиси шаҳр бо ин қарор масъулини шаҳри Душанбе ва раисони ноҳияҳои пойтахтро вазифадор намудааст, ки иҷрои барномаҳои мазкурро тибқи тартиби муқарраргардида таъмин намоянд.
Ба иттилои дафтари матбуотии шаҳрдорӣ, дар ин зимн дар шаҳри Душанбе баргузории барномаҳои маърифатӣ-фарҳангӣ дар назар аст.
“Ҳамчунин дар арафаи ин ҷашн чун анъана ба иштирокчиёну маъюбони Ҷанги дуюми ҷаҳонӣ, солҳои 1941-1945 ва ҳамсарони ҷанговарони дар он ҳалокгардида кумаки якдафъаӣ расонида мешавад”, - зикр кардааст шаҳрдорӣ.
Инчунин, тибқи қарори раиси шаҳри Душанбе, ба шахсони дар давраи ин ҷанг дар ақибгоҳ бо ордену медалҳои ҳарбӣ сарфарозгардида, шахсони дар давраи ҷанг дар ақибгоҳ коркарда, маъюбони амалиёти ҷангӣ дар қаламрави давлатҳои дигар (Афғонистон), маъюбони садамаи нерӯгоҳи барқӣ-атомии Чернобил ва оилаҳое, ки саробони онҳо ҳангоми ҳимояи сохти конститутсионӣ ҳалок гардидаанд, аз ҳисоби фонди захиравии раиси шаҳри Душанбе кумаки молиявӣ расонида мешавад.
Ёдовар мешавем, ки ҳамасола дар Тоҷикистон 9 май ҳамчун Рӯзи ғалаба дар Ҷанги дуюми ҷаҳонӣ бар фашизм ҷашн гирифта мешавад.
Аз Ҷумҳурии Тоҷикистон беш аз 300 ҳазор аз шаҳрвандон ба ҷанг сафарбар шуда буданд. Дар Ҷанги дуюми ҷаҳонӣ беш аз 92 ҳазор нафар тоҷикистонӣ ба ҳалокат расиданд.
Мавриди ёдоварист, ки 68 нафар аз иштирокчиёни ҷанг аз Тоҷикистон сазовори унвони олии Қаҳрамони Иттиҳоди Шӯравӣ гашта, 21 нафарашон дорандаи ҷоизаи се дараҷаи ордени "Шараф", ҳамагӣ зиёда аз 90 ҳазор нафар бо ифтихорномаҳои сарфармондеҳи олии қувваҳои мусаллаҳи Иттиҳоди Шӯравӣ ва ордену медалҳо сарфароз гардонида шудаанд. Аз шумораи умумии фиристодагони Тоҷикистон 49973 нафарашон ба баталонҳои коргарии сохтмонӣ ва ақибгоҳ сафарбар карда шуда буданд.