https://sputnik.tj/20220429/olmon-gaz-rubl-jonibdori-1048082120.html
Дар Олмон аз фурӯши газ бо рубл ҷонибдорӣ карданд
Дар Олмон аз фурӯши газ бо рубл ҷонибдорӣ карданд
Sputnik Тоҷикистон
Дар Олмон ҷонибдорони шарти Путин бештаранд: роҳандозии равобити иқтисодӣ байни Берлин ва Маскав барои мувофиқа кардани шартҳои пардохти газ мусоидат мекунад
2022-04-29T19:15+0500
2022-04-29T19:15+0500
2022-04-29T20:03+0500
рубл
олмон
дар русия
газ
иқтисод
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e6/02/03/1045437584_0:165:3083:1899_1920x0_80_0_0_1f6c01d1138dda522d7c0676dfa36136.jpg
ДУШАНБЕ, 29 апр — Sputnik. Олмон бояд равобити иқтисодӣ бо Русияро барқарор кунад, дар мавриди интиқоли газ мувофиқат намояд ва ҳамла ба рублро қатъ кунад. Дар ин бора узви Кумитаи Бундестаг дар умури сиёсати байналхалқӣ, раҳбари Ҳизби миллатгарои Олмон Тино Крупалла изҳор дошт. Вай таъкид кард, амалҳои таҷовузкоронаи Аврупо Маскавро маҷбур намуданд, ки қарордодҳои интиқоли газро ба пули худӣ баргардонад. Сиёсатмадор ба тарафдории барқарор намудани муносибатҳо бо Русия ба мақсади осон гардондани гуфтушунид сухан ронд. Ҳизби алтернатива барои Олмон соли 2013 таъсис ёфтааст. Аъзои он аз идеологияи ростгароӣ пайравй мекунанд. Намояндагони ин ҳизб борҳо дар як қатор масъалаҳои мубрами худ бо Русия ҳамбастагӣ изҳор карда буданд. Ҳамин тариқ Ҳизби алтернатива барои Олмон лағви таҳримҳоро талаб кард ва пофишорӣ ба ифтитоҳи лӯлаи гази "Маҷрои шимоли 2"-ро идома медиҳад. Ёдовар мешавем, раисҷумҳури Русия Владимир Путин рӯзи 23 март дастур дод, ки қарордодҳои интиқоли газ бо кишварҳои ғайридӯстро ба рубл гузаронанд.Кишвардор таъкид кард, ки Маскав дигар доллар ва евроро асъори боэътимод намеҳисобад. Қаблан "Bloomberg" навишта буд, ки аз 21 шарики аврупоии "Газпром"-и Русия 10 кишвар газро бо рубл мехаранд.
https://sputnik.tj/20220429/avrupo-gaz-rusiya-taqsim-1048069788.html
олмон
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2022
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e6/02/03/1045437584_9:0:2740:2048_1920x0_80_0_0_a4848afa2c2873e922f88dc300859b59.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
олмн, русия, газ, рубл
Дар Олмон аз фурӯши газ бо рубл ҷонибдорӣ карданд
19:15 29.04.2022 (Навсозишуда: 20:03 29.04.2022) Дар Олмон ҷонибдорони шарти Путин бештаранд: роҳандозии равобити иқтисодӣ байни Берлин ва Маскав барои мувофиқа кардани шартҳои пардохти газ мусоидат мекунад
ДУШАНБЕ, 29 апр — Sputnik. Олмон бояд равобити иқтисодӣ бо Русияро барқарор кунад, дар мавриди интиқоли газ мувофиқат намояд ва ҳамла ба рублро қатъ кунад.
Дар ин бора узви Кумитаи Бундестаг дар умури сиёсати байналхалқӣ, раҳбари Ҳизби миллатгарои Олмон Тино Крупалла изҳор дошт.
Вай таъкид кард, амалҳои таҷовузкоронаи Аврупо Маскавро маҷбур намуданд, ки қарордодҳои интиқоли газро ба пули худӣ баргардонад.
Сиёсатмадор ба тарафдории барқарор намудани муносибатҳо бо Русия ба мақсади осон гардондани гуфтушунид сухан ронд.
"Ин ҳамла ба рубл Русияро маҷбур кард, ки пули газро бо рубл ситонад. Афзалият бояд эҳёи равобити иқтисодӣ барои мусоидат ба музокироти сулҳ бошад. Он гоҳ, албатта, мувофиқ кардани шартҳои пардохт осонтар мешавад", - гуфт Крупалла.
Ҳизби алтернатива барои Олмон соли 2013 таъсис ёфтааст.
Аъзои он аз идеологияи ростгароӣ пайравй мекунанд. Намояндагони ин ҳизб борҳо дар як қатор масъалаҳои мубрами худ бо Русия ҳамбастагӣ изҳор карда буданд.
Ҳамин тариқ Ҳизби алтернатива барои Олмон лағви таҳримҳоро талаб кард ва пофишорӣ ба ифтитоҳи лӯлаи гази "Маҷрои шимоли 2"-ро идома медиҳад.
Ёдовар мешавем, раисҷумҳури Русия Владимир Путин рӯзи 23 март дастур дод, ки қарордодҳои интиқоли газ бо кишварҳои ғайридӯстро ба рубл гузаронанд.
Кишвардор таъкид кард, ки Маскав дигар доллар ва евроро асъори боэътимод намеҳисобад.
Қаблан "Bloomberg" навишта буд, ки аз 21 шарики аврупоии "Газпром"-и Русия 10 кишвар газро бо рубл мехаранд.