https://sputnik.tj/20220429/ob-tojikiston-uzbekiston-1048076140.html
Баҳси истифодаи оқилонаи об миёни сиёсатмадорони Тоҷикистону Ӯзбекистон
Баҳси истифодаи оқилонаи об миёни сиёсатмадорони Тоҷикистону Ӯзбекистон
Sputnik Тоҷикистон
Истифодаи оқилонаи об масъалаи муҳим ва мубрами рӯз на танҳо барои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон, балки барои минтақаи Осиёи Марказӣ аст, гуфта шуд дар ҳамоиш
2022-04-29T16:10+0500
2022-04-29T16:10+0500
2022-04-29T17:56+0500
об
осиёи марказӣ
дар тоҷикистон
ӯзбекистон
ҳамоиш
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e6/01/0b/1044715586_0:0:3103:1745_1920x0_80_0_0_9564ab9c4db4de673fb237064d62cdfd.jpg
ДУШАНБЕ, 29 апр — Sputnik. Маркази тадқиқоти стратегии назди президенти Тоҷикистон ва Пажуҳишгоҳи байналмилалии Осиёи Марказии Ӯзбекистон таҳти унвони "Ҳамкории Тоҷикистону Ӯзбекистон дар соҳаи истифодаи оқилонаи захираҳои обӣ" конфронси маҷозии байналмилалӣ баргузор карданд.Дар ин ҳамоиш директори Маркази тадқиқоти стратегии назди президенти Тоҷикистон Хайриддин Усмонзода ва директори Пажуҳишгоҳи байналмилалии Осиёи Марказии Ҷумҳурии Узбекистон Анвар Насиров мавзуи истифодаи оқилонаи обро муҳим арзёбӣ карданд.Дар ин ҳамоиш иброз шуд, ки истифодаи оқилонаи об на танҳо барои Тоҷикистону Ӯзбекистон, балки барои кулли минтақаи Осиёи Марказӣ масъалаи муҳим аст, хабар медиҳад Маркази тадқиқоти стратегии назди президенти Тоҷикистон.Ҳифзи захираҳои обӣ, пешгирии обшавии пиряхҳо, кишт намудани навъҳои зироате, ки камтар об талаб мекунанд, ҷорӣ намудани воситаҳои каммасрафи истифодаи об, махсусан усули қатраӣ дар соҳаи кишоварзӣ ва ғайра дар ҷиҳати истифодаи оқилонаи об зарур ва саривақтӣ шумурда шуданд."Зарур аст, ки дар Тоҷикистону Ӯзбекистон ва дигар кишварҳои минтақа ба ҳалли мушкилоти ин соҳа таваҷҷуҳи хос зоҳир шавад", - гуфтанд сиёсатмадорон.Хатар бузург аст: СММ таҳдидҳои асосӣ ба инсониятро эълон кардШиркаткунандагони ҳамоиш ҳамчунин ҳамоҳангсозии амалу фаъолият, табодули иттилоот, таҳкими ҳамкориро дар ин самти истифодаи оқилонаи об муҳим хонданд.
https://sputnik.tj/20220418/omili-nigaroni-sokinoni-sugd-beobi-taghyiri-tabiat-bahsi-marzi-1047745830.html
ӯзбекистон
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2022
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e6/01/0b/1044715586_0:0:2731:2048_1920x0_80_0_0_efddfa5d77a04fd0e98431dd4314e95f.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
об, тоҷикистон, ӯзбекистон, истифодаи об,
об, тоҷикистон, ӯзбекистон, истифодаи об,
Баҳси истифодаи оқилонаи об миёни сиёсатмадорони Тоҷикистону Ӯзбекистон
16:10 29.04.2022 (Навсозишуда: 17:56 29.04.2022) Истифодаи оқилонаи об масъалаи муҳим ва мубрами рӯз на танҳо барои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон, балки барои минтақаи Осиёи Марказӣ аст, гуфта шуд дар ҳамоиш
ДУШАНБЕ, 29 апр — Sputnik. Маркази тадқиқоти стратегии назди президенти Тоҷикистон ва Пажуҳишгоҳи байналмилалии Осиёи Марказии Ӯзбекистон таҳти унвони "Ҳамкории Тоҷикистону Ӯзбекистон дар соҳаи истифодаи оқилонаи захираҳои обӣ" конфронси маҷозии байналмилалӣ баргузор карданд.
Дар ин ҳамоиш директори Маркази тадқиқоти стратегии назди президенти Тоҷикистон Хайриддин Усмонзода ва директори Пажуҳишгоҳи байналмилалии Осиёи Марказии Ҷумҳурии Узбекистон Анвар Насиров мавзуи истифодаи оқилонаи обро муҳим арзёбӣ карданд.
Дар ин ҳамоиш иброз шуд, ки истифодаи оқилонаи об на танҳо барои Тоҷикистону Ӯзбекистон, балки барои кулли минтақаи Осиёи Марказӣ масъалаи муҳим аст, хабар медиҳад Маркази тадқиқоти стратегии назди президенти Тоҷикистон.
Ҳифзи захираҳои обӣ, пешгирии обшавии пиряхҳо, кишт намудани навъҳои зироате, ки камтар об талаб мекунанд, ҷорӣ намудани воситаҳои каммасрафи истифодаи об, махсусан усули қатраӣ дар соҳаи кишоварзӣ ва ғайра дар ҷиҳати истифодаи оқилонаи об зарур ва саривақтӣ шумурда шуданд.
"Зарур аст, ки дар Тоҷикистону Ӯзбекистон ва дигар кишварҳои минтақа ба ҳалли мушкилоти ин соҳа таваҷҷуҳи хос зоҳир шавад", - гуфтанд сиёсатмадорон.
Ширкаткунандагони ҳамоиш ҳамчунин ҳамоҳангсозии амалу фаъолият, табодули иттилоот, таҳкими ҳамкориро дар ин самти истифодаи оқилонаи об муҳим хонданд.