https://sputnik.tj/20220429/may-havo-tojikiston-1048077166.html
Рузи якуми май ҳавои Тоҷикистон чӣ гуна хоҳад буд?
Рузи якуми май ҳавои Тоҷикистон чӣ гуна хоҳад буд?
Sputnik Тоҷикистон
Тибқи пешгӯии ҳавошиносон, дар рӯзи аввали моҳи май сокинони Тоҷикистон гармии воқеии тобистонро эҳсос мекунанд, вале пеш аз он дар баъзе минтақаҳо борон меборад
2022-04-29T16:45+0500
2022-04-29T16:45+0500
2022-04-29T18:02+0500
дар тоҷикистон
обу ҳаво
агентии ҳавосанҷӣ
рӯзи 1 май
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e6/04/16/1047876524_0:160:3072:1888_1920x0_80_0_0_40f6f73c7b54630ae1aa635309e668fe.jpg
ДУШАНБЕ, 29 апр — Sputnik. Рӯзҳои истироҳатии оянда Тоҷикистон гарм ва хушк хоҳад шуд. Чунин пешгӯиро Агентии обуҳавошиносии ҷумҳурӣ ироа кардааст. Дар Душанбе ҳарорати ҳаво рӯзҳои шанбе ва якшанбе то 32-34 дараҷа гарм шуда, дар шаҳр ҳавои абрноки бебориш дар назар аст. Сокинони навоҳии тобеи ҷумҳуриро рӯзона ҳавои гарми то 36-дараҷаӣ интизор аст. Дар вилояти Суғд ҳаво то 32 дараҷа ва дар куҳҳо 20-25 дараҷа гарм мешавад.Дар ВМКБ 21-26 дараҷа гармӣ ва шабона дар қисмати шарқӣ каме сардӣ дар назар аст. Истиқоматкунандагони шаҳри Хоруғ бошад, гармӣ то 23-25-дараҷаӣ мунтазир аст.Гармои шадид дар вилояти Хатлон пешгӯӣ мешавад. Дар ин минтақа ҳаво то 38 дараҷа гарм мешавад, шабона низ аз 20 дараҷа боло хоҳад шуд. Дар пайи гамои шадид, мутахассисон тавсия медиҳандм, ки дар ин рӯзҳо гаштугузорро дар кӯчаю хиёбонҳо кам карда, аз меҳнати ҷисмонӣ худдорӣ намоянд. Ҳама корҳоро беҳтар аст бомдод ва ё шомгоҳ анҷом дод. Дар нимрӯз, ки гармтарин замон аст, бояд дар ҷое сояву серун истироҳат кард. Дар сурати дар дохили бино қарор доштан вақт ба вақт тирезаҳои онро кушода боду ҳавои хонаро тоза кунанд, дар баробари ин аз дастгоҳҳои шамолдиҳӣ истифода баранд.Тибқи тавсиҳо ҳангоми ба кӯча баромадан албатта сарро бо рӯймол, сарпӯш пӯшонида аз айнаки муҳофизатӣ истифодан ва ҳамзамон истифодаи чатр низ фикри оқилона хоҳад буд.Ҳамчунин қайд гардид, ки набояд кӯдаконро танҳо ва дар дохили мошинҳо зери офтоби сӯзон гузоред.КҲФ зарари сел дар Суғдро муайян кардНӯшидани миқдори зиёди об ба фоидаи кор хоҳад буд. Ҳоло дар Тоҷикистон моҳи шарифи Рамазон ҳукмфармост ва аксари аҳолии кишвар рӯза медоранд, барои онҳо баромадан ба кӯча танҳо саҳари барвақт ва ё шом тавсия дода мешавад. Об набояд газдор бошад. Аз нӯшидани нӯшокиҳои ширин чун Соса-Cola худдорӣ намоед, зеро онҳо ташнагии инсонро зиёдтар мекунанд. Истифодаи нӯшокиҳои мадҳушкунанда қатъият тавсия дода намешавад, қайд мекунанд мутахассисон.
https://sputnik.tj/20211119/prezident-darsadi-peshgui-havoshinosoni-tojik-1043651598.html
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2022
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e6/04/16/1047876524_171:0:2902:2048_1920x0_80_0_0_db9141386f20337a679c9b78422554c3.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
май ҳаво тоҷикистон
Рузи якуми май ҳавои Тоҷикистон чӣ гуна хоҳад буд?
16:45 29.04.2022 (Навсозишуда: 18:02 29.04.2022) Тибқи пешгӯии ҳавошиносон, дар рӯзи аввали моҳи май сокинони Тоҷикистон гармии воқеии тобистонро эҳсос мекунанд, вале пеш аз он дар баъзе минтақаҳо борон меборад
ДУШАНБЕ, 29 апр — Sputnik. Рӯзҳои истироҳатии оянда Тоҷикистон гарм ва хушк хоҳад шуд. Чунин пешгӯиро Агентии обуҳавошиносии ҷумҳурӣ ироа кардааст.
Дар Душанбе ҳарорати ҳаво рӯзҳои шанбе ва якшанбе то 32-34 дараҷа гарм шуда, дар шаҳр ҳавои абрноки бебориш дар назар аст.
Сокинони навоҳии тобеи ҷумҳуриро рӯзона ҳавои гарми то 36-дараҷаӣ интизор аст.
Дар вилояти Суғд ҳаво то 32 дараҷа ва дар куҳҳо 20-25 дараҷа гарм мешавад.
Дар ВМКБ 21-26 дараҷа гармӣ ва шабона дар қисмати шарқӣ каме сардӣ дар назар аст. Истиқоматкунандагони шаҳри Хоруғ бошад, гармӣ то 23-25-дараҷаӣ мунтазир аст.
Гармои шадид дар вилояти Хатлон пешгӯӣ мешавад. Дар ин минтақа ҳаво то 38 дараҷа гарм мешавад, шабона низ аз 20 дараҷа боло хоҳад шуд.
Дар пайи гамои шадид, мутахассисон тавсия медиҳандм, ки дар ин рӯзҳо гаштугузорро дар кӯчаю хиёбонҳо кам карда, аз меҳнати ҷисмонӣ худдорӣ намоянд. Ҳама корҳоро беҳтар аст бомдод ва ё шомгоҳ анҷом дод. Дар нимрӯз, ки гармтарин замон аст, бояд дар ҷое сояву серун истироҳат кард.
Дар сурати дар дохили бино қарор доштан вақт ба вақт тирезаҳои онро кушода боду ҳавои хонаро тоза кунанд, дар баробари ин аз дастгоҳҳои шамолдиҳӣ истифода баранд.
Тибқи тавсиҳо ҳангоми ба кӯча баромадан албатта сарро бо рӯймол, сарпӯш пӯшонида аз айнаки муҳофизатӣ истифодан ва ҳамзамон истифодаи чатр низ фикри оқилона хоҳад буд.
Ҳамчунин қайд гардид, ки набояд кӯдаконро танҳо ва дар дохили мошинҳо зери офтоби сӯзон гузоред.
Нӯшидани миқдори зиёди об ба фоидаи кор хоҳад буд. Ҳоло дар Тоҷикистон моҳи шарифи Рамазон ҳукмфармост ва аксари аҳолии кишвар рӯза медоранд, барои онҳо баромадан ба кӯча танҳо саҳари барвақт ва ё шом тавсия дода мешавад. Об набояд газдор бошад.
Аз нӯшидани нӯшокиҳои ширин чун Соса-Cola худдорӣ намоед, зеро онҳо ташнагии инсонро зиёдтар мекунанд. Истифодаи нӯшокиҳои мадҳушкунанда қатъият тавсия дода намешавад, қайд мекунанд мутахассисон.