https://sputnik.tj/20220429/maqomot-tojik-vaksinanagirifta-moyakubi-1048064560.html
Мақомоти тоҷик аз ваксинаногирифтаҳо хостанд, моякӯбӣ кунанд
Мақомоти тоҷик аз ваксинаногирифтаҳо хостанд, моякӯбӣ кунанд
Sputnik Тоҷикистон
Теъдоди ваксинагирифтаҳо дар Тоҷикистон аз ҳадди 93%-и аҳолии калонсоли ҷумҳурӣ гузашта, аз боқимондаҳо низ даъват шудааст, ки бо моякӯбӣ фаро гирифта шаванд
2022-04-29T11:40+0500
2022-04-29T11:40+0500
2022-04-29T15:11+0500
дар тоҷикистон
тандурустӣ
коронавирус
ваксина
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/0c/1c/1044468916_0:0:3073:1728_1920x0_80_0_0_1f22e5afcc122cf9c36a6d9f9bdb6055.jpg
ДУШАНБЕ, 29 апр — Sputnik. Теъдоди ваксинагирифтаҳо дар Тоҷикистон ба 5 млну 210 ҳазор нафар расид, хабар дод Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии ҶТ. Ба иттилои вазорат, таносуби ваксинагирифтаҳо беш аз 93%-и аҳолии калонсоли ҷумҳуриро ташкил медиҳад. Шумори онҳое, ки то ҳол ваксинаи дуюмро низ гирифтаанд, 5 млну 53,7 ҳазор нафар гуфта шуд. Дар баробари ин аллакай беш аз 2 млну 756 ҳазор тоҷикистонии болиғ такроран ва ё худ вояи сеюми ваксинаро гирифтаанд.Дар Тоҷикистон, тибқи дастури Cитоди ҷумҳуриявии пешгирӣ ва мубориза бар зидди паҳншавии сирояти коронавируси COVID-19, моякӯбӣ барои шахсони аз 18-сола боло ҳатмӣ мебошад. Мақомот аз шаҳрвандоне, ки то ҳол моякӯбӣ нашудаанд, даъват кардаанд, ки барои ҳифзи саломатии худу наздиконашон ба муассисаҳои тандурустӣ муроҷиат намоянду ваксина гиранд. Моякӯбии тоҷикистониён ройгон сурат мегирад, чун кишвар ба сифати кумаки башардӯстона беш аз 14,5 млн вояи ваксина алайҳи COVID-19-ро дарёфт кардааст.Дар миёни ваксинаҳои дастраскардаи Тоҷикистон, аз ҷумла "Sputnik V", "AstraZeneca", "CoronaVak", "Moderna" ва "Pfizer" мебошанд. Маврид ба зикр аст, Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Тоҷикистон сар аз нимаҳои моҳи феврал расман эълон кард, ки дар қаламрави кишвар ҳеҷ ҳолати нави сироятёбӣ ба коронавирус сабт нашудааст.Аз оғози пандемия дар Тоҷикистон, ба иттилои расмӣ, беш аз 17,3 ҳазор ҳолати гирифторӣ ба коронавирус ба қайд гирифта шудааст, ки дар натиҷа 124 нафар фавтида, боқимонда шифо ёфтаанд.
https://sputnik.tj/20220414/rusiya-test-benazir-covid-1047654270.html
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2022
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/0c/1c/1044468916_0:0:2731:2048_1920x0_80_0_0_2e874c233cba9fa1d7f21227623e5e03.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
мақомот, тоҷик, ваксина, моякӯбӣ
мақомот, тоҷик, ваксина, моякӯбӣ
Мақомоти тоҷик аз ваксинаногирифтаҳо хостанд, моякӯбӣ кунанд
11:40 29.04.2022 (Навсозишуда: 15:11 29.04.2022) Теъдоди ваксинагирифтаҳо дар Тоҷикистон аз ҳадди 93%-и аҳолии калонсоли ҷумҳурӣ гузашта, аз боқимондаҳо низ даъват шудааст, ки бо моякӯбӣ фаро гирифта шаванд
ДУШАНБЕ, 29 апр — Sputnik. Теъдоди ваксинагирифтаҳо дар Тоҷикистон ба 5 млну 210 ҳазор нафар расид, хабар дод Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии ҶТ.
Ба иттилои вазорат, таносуби ваксинагирифтаҳо беш аз 93%-и аҳолии калонсоли ҷумҳуриро ташкил медиҳад.
Шумори онҳое, ки то ҳол ваксинаи дуюмро низ гирифтаанд, 5 млну 53,7 ҳазор нафар гуфта шуд. Дар баробари ин аллакай беш аз 2 млну 756 ҳазор тоҷикистонии болиғ такроран ва ё худ вояи сеюми ваксинаро гирифтаанд.
Дар Тоҷикистон, тибқи дастури Cитоди ҷумҳуриявии пешгирӣ ва мубориза бар зидди паҳншавии сирояти коронавируси COVID-19, моякӯбӣ барои шахсони аз 18-сола боло ҳатмӣ мебошад.
Мақомот аз шаҳрвандоне, ки то ҳол моякӯбӣ нашудаанд, даъват кардаанд, ки барои ҳифзи саломатии худу наздиконашон ба муассисаҳои тандурустӣ муроҷиат намоянду ваксина гиранд.
Моякӯбии тоҷикистониён ройгон сурат мегирад, чун кишвар ба сифати кумаки башардӯстона беш аз 14,5 млн вояи ваксина алайҳи COVID-19-ро дарёфт кардааст.
Дар миёни ваксинаҳои дастраскардаи Тоҷикистон, аз ҷумла "Sputnik V", "AstraZeneca", "CoronaVak", "Moderna" ва "Pfizer" мебошанд.
Маврид ба зикр аст, Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Тоҷикистон сар аз нимаҳои моҳи феврал расман эълон кард, ки дар қаламрави кишвар ҳеҷ ҳолати нави сироятёбӣ ба коронавирус сабт нашудааст.
Аз оғози пандемия дар Тоҷикистон, ба иттилои расмӣ, беш аз 17,3 ҳазор ҳолати гирифторӣ ба коронавирус ба қайд гирифта шудааст, ки дар натиҷа 124 нафар фавтида, боқимонда шифо ёфтаанд.