Хатар аз ҷануб. Таваҷҷуҳи Путин ба вазъ дар Афғонистон

© Sputnik / Михаил Климентьев / Гузариш ба медиабонкПрезидент РФ В. Путин провел совещание по развитию агропромышленного и рыбохозяйственного комплексов
Президент РФ В. Путин провел совещание по развитию агропромышленного и рыбохозяйственного комплексов - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 29.04.2022
Обуна шудан
Президенти Русия дар ҷаласаи изтирории аъзои Шӯрои амнияти ин кишвар масоили бархоста аз ҷануб, аз ҷумла аз самти Афғонистонро ба миён гузошт
ДУШАНБЕ, 29 апр — Sputnik. Владимир Путин, раисҷумҳури Русия пешниҳод кард, ки масоили амниятии самти ҷануб ба баррасӣ гирифта шаванд.
Ӯ ин нуктаро дар ҷаласаи изтирории аъзои Шӯрои амният баён дошта, таъкид намуд, ки дар ин самт масоили бархоста аз Афғонистон муҳиманд.

"Дар маркази таваҷҷуҳи мо, аз нуқтаи назари амниятӣ, масоили кумак ба мардумамон дар Донбасс ва амалиёти низомӣ дар Украина қарор доранд. Аммо ҳастанд масоиле, ки аз нуқтаи назари амниятӣ, аз ҷумла дар самти ҷануб барои кишварамон аҳамияти калон доранд", - гуфт ӯ.

Путин таъкид намуд, ки дар ин бахш масоили марбути Афғонистон ва ҳаводиси минтақаро ба баррасӣ мегиранд.
Ин дар ҳолест, ки ахиран Сергей Лавров, вазири умури хориҷии Русия гуфт, вазъи мушкил дар Афғонистон ба амнияти тамоми минтақа таъсир мерасонад.
Лавров дар мавриди эътирофи пурраи дипломатии мақомоти нав дар Афғонистон гуфт, ин кор дар сурате амалӣ мешавад, ки агар онҳо ба ваъдаи худ вафо кунанд.
Официальный представитель министерства иностранных дел Ирана Саид Хатибзаде - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 25.04.2022
Эрон: Толибон аз таъмини амният дар Афғонистон оҷиз мондаанд
Вай таъкид намуд, ки ҳукумати фарогир бояд на танҳо аз нуқтаи назари этноконфессионалӣ бошад, зеро ҳоло дар ҳукумат ӯзбекҳо, тоҷикон ва ҳазораҳо ҳам ҳастанд, аммо аз ҷиҳати сиёсӣ ҳама толиб мебошанд.
Ӯ афзуд, маҳз фарогирии сиёсӣ бояд қадамҳои навбатии Русияро муайян кунад, бахусус бо назардошти он ки худи толибҳо чунин ҳадафро эълон кардаанд.
Ба гуфтаи ӯ, Русия воқеан, як дипломатеро, ки мақомоти нави Афғонистон барои кор дар сафорати Маскав фиристодаанд, сабти ном кардааст. Аммо ин маънои эътирофи расмии онҳоро надорад, гуфт ин сиёсатмадор.
Лентаи хабарҳо
0