"Daily Express": Се давлат ҷанги ҳастаӣ оғоз карда, Заминро несту нобуд мекунанд

CC0 / Pxhere / Ядерный взрыв, архивное фото
Ядерный взрыв, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 29.04.2022
Обуна шудан
Коршиноси ҳарбӣ гуфт, ки кадом давлатҳо ташаббускори эҳтимолии Ҷанги сеюми ҷаҳонӣ ва кӣ мухолифи онҳо хоҳад буд. Ҳамчунин шумораи мушакҳо низ маълум шуд
ДУШАНБЕ, 29 апр — Sputnik. Олмон, Бритониёи Кабир ва ИМА метавонанд аввалин шуда, Ҷанги сеюми ҷаҳониро сар кунанд. Дар ин бора "Daily Express" менависад.
Таҳлилгари низомӣ ва шореҳ Лиам Дойли гуфтааст, ки кадом кишварҳо ташаббускори эҳтимолии низои ҳастаӣ ҳастанд.
Ба эътиқоди коршинос, Вашингтон, Берлин ва Лондон метавонанд мухолифи Маскав дар заминаи силоҳи ҳастаӣ шаванд.
Вай бо истинод ба маълумот аз манобеи боз гуфтааст, тибқи он, Русия ҳудуди 6250 кулоҳаки ҳастаӣ дорад ва онҳо "барои комилан нобуд кардани ҳаёт дар рӯйи замин кифояти чандбаробарӣ доранд".
Дар баробари ин Ғарб тақрибан 4000 мушак: Бритониёи Кабир 225-то ва ИМА 3700 адад мушак доранд.
Дмитрий Рогозин, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 23.04.2022
Рогозин гуфт, чӣ сабаби оғози Ҷанги сеюми ҷаҳонӣ мешавад
Олмон дорои яроқи ҳастаӣ нест, вале ҳавопаймоҳои қувваҳои ҳарбии ҳавоии ИМА, ки қодиранд, кулоҳакҳои ҳастаии тактикӣ ва стратегиро бардоранд, дар қаламрави ин кишваранд, гуфт Дойли.
Қаблан таҳлилгарони маҷаллаи "Compact" эҳтимоли тасвиби ташаббуси таъмини Украина бо силоҳи ҳастаӣ аз кишварҳои ғарбиро арзёбӣ карда буд.
Ба эътиқоди коршиносон, чунин амалҳо метавонанд боиси сар задани Ҷанги сеюми ҷаҳонӣ шаванд, ки Русия ва НАТО ба он ҷалб хоҳанд шуд.
Коршиносон мегӯянд, артиши Русия барои несту нобуд кардани таҷҳизоти ғарбӣ дар пойгоҳҳои интиқоли боркашонӣ дар Украина аз ҳама василаҳои нобудсозӣ истифода хоҳад кард.
Бо чунин рушди ҳодисаҳо эҳтимоли ба марҳилаи низоъҳои ҷаҳонӣ табдил ёфтани амалиёти ҷангӣ вуҷуд дорад, зеро ҳайати ҳамроҳи НАТО ҳангоми зарба метавонад ҳалок шаванд.
Лентаи хабарҳо
0