Шоҳи Белгия ба Раҳмон паём фиристод

© Пресс-служба Президента РТЭмомали Рахмон
Эмомали Рахмон  - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 29.04.2022
Обуна шудан
Раҳбари Белгия шоҳ Филипп Эмомалӣ Раҳмонро ба муносибати 30-умин солгарди барқарории муносибатҳои дипломатӣ миёни ду кишвар табрик гуфт
Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон ва Филипп, подшоҳи Белгия, ба ҳамдигар паёмҳои шодбошӣ ирсол карданд.
Дар ин бора хадамоти матбуотии президенти Тоҷикистон хабар медиҳад.
Сарони ду кишвар ҳамдигарро ба муносибати 30-умин солгарди барқарории равобити дипломатӣ табрик гуфтанд.
"Тайи ин солҳо Тоҷикистон ва Белгия ба сатҳи баланди шарикӣ даст ёфта, робитаҳои мазмунан ва сифатан нави байнидавлатиашонро ба таври назаррас таҳким бахшиданд", - омадааст дар барқияи Раҳмон.
Тоҷикистон ба густариши равобит бо Белгия аҳамияти хоса медиҳад. Раҳмон ин давлати подшоҳиро яке аз кишварҳои калидии Иттиҳодияи Аврупо хонд.
Роҳбари Тоҷикистон ба шоҳ Филипп саломатӣ ва дар фаъолияти давлатӣ комёбиҳо ва ба мардуми дӯсти Белгия сулҳу субот ва шукуфоӣ таманно кард.
Подшоҳи Белгия дар барқияи табрикии худ ба унвони раисиҷумҳури Тоҷикистон ба муносибати солгарди равобит ба Раҳмон ва мардуми ҷумҳурӣ таманниёти беҳтарини сулҳу шукуфоиро расонд.
Таъйини 12 сафири нав дар Тоҷикистон: Раҳмон эътимодномаҳояшонро қабул кард
Ёдовар мешавем, ки Эмомалӣ Раҳмон моҳи октябри соли 2021 бо даъвати шоҳ Филипп аз Белгия боздид карда буд.
Дар ин дидор масъалаҳои густариши ҳамкориҳои мутақобилан судманди дуҷонибаи ду кишвар ва равобити бисёрҷониба дар доираи Иттиҳоди Аврупо баррасӣ шуданд.
Лентаи хабарҳо
0