https://sputnik.tj/20220428/sodiroti-mahsulot-tayyor-ashyoi-khom-tojikiston-rusiya-1048043128.html
Содироти маҳсулоти тайёр ва ашёи хоми Тоҷикистон ба Русия афзоиш меёбад
Содироти маҳсулоти тайёр ва ашёи хоми Тоҷикистон ба Русия афзоиш меёбад
Sputnik Тоҷикистон
Соҳибкорони вилояти Ханти-Мансийски Русия зимни дидор аз Суғд эълон карданд, ки дар самти таъмини ашёи хом ва содироти маҳсулоти тайёр ба мувофиқа расиданд
2022-04-28T17:15+0500
2022-04-28T17:15+0500
2022-04-28T17:15+0500
дар тоҷикистон
дар русия
суғд
маҳсулот
ашё
мувофиқа
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e6/04/1c/1048042823_0:170:3039:1879_1920x0_80_0_0_dd65ac03f5135d834b0ad1f61c6d2d28.jpg
ДУШАНБЕ, 28 апр — Sputnik. Ба гузориши дафтари матбуоти МОИ “Суғд”, ахиран ин масъала дар зимни боздиди Тахир Кулдашев, мудири Маркази идоракунии лоиҳаҳои байниминтақаӣ миёни Тоҷикистон ва вилояти Ханти-Мансийски Русия ва соҳибкорони ин вилоят аз МОИ “Суғд” матраҳ шудааст.Тибқи иттилои манбаъ, ахиран Суҳроб Зикриёзода, муовини якуми маъмурият роҳбари Маркази идоракунии лоиҳаҳои байниминтақавӣ байни Тоҷикистон ва вилояти Ханти-Мансийски Русия, инчунин соҳибкорони ин вилоятро, ки ба МОИ “Суғд” омада буданд, бо шароиту имкониятҳои Минтақаи озоди иқтисодии “Суғд” шинос намуд.Қайд карда шудааст, ки меҳмонон дар ин зимн ба фаъолияти корхонаи “Ариана металл пласт”, корхонаи “Фортуна Ко”, ва “Арча мебел”, ҳамчунин корхонаи “Силкоат Боля” шинос шуданд.Минтақаи озоди иқтисодии "Суғд" моҳи апрели соли 2009 ҳамчун муассисаи давлатӣ ба қайд гирифта шудааст.Ташкили минтақаи озоди иқтисодии "Суғд" василаи вориди сармояи хориҷӣ, технологияи муосир ва тавлиди молу маҳсулоте гардид, ки қаблан пурра аз хориҷи кишвар ворид карда мешуд.
https://sputnik.tj/20220418/rais-sughd-sohibkor-rusiya-tojikiston-1047754887.html
суғд
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2022
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e6/04/1c/1048042823_154:0:2885:2048_1920x0_80_0_0_02bb5d27cd9469c39ef0eab3ae96052d.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
тоҷикистон, русия, маҳсулоти тайёр, ашёи хом, афзоиш, суғд
тоҷикистон, русия, маҳсулоти тайёр, ашёи хом, афзоиш, суғд
Содироти маҳсулоти тайёр ва ашёи хоми Тоҷикистон ба Русия афзоиш меёбад
Соҳибкорони вилояти Ханти-Мансийски Русия зимни боздид аз Суғд эълон карданд, ки дар самти таъмини ашёи хом ва содироти маҳсулоти тайёр ба мувофиқа расиданд
ДУШАНБЕ, 28 апр — Sputnik. Ба гузориши дафтари матбуоти МОИ “Суғд”, ахиран ин масъала дар зимни боздиди Тахир Кулдашев, мудири Маркази идоракунии лоиҳаҳои байниминтақаӣ миёни Тоҷикистон ва вилояти Ханти-Мансийски Русия ва соҳибкорони ин вилоят аз МОИ “Суғд” матраҳ шудааст.
Тибқи иттилои манбаъ, ахиран Суҳроб Зикриёзода, муовини якуми маъмурият роҳбари Маркази идоракунии лоиҳаҳои байниминтақавӣ байни Тоҷикистон ва вилояти Ханти-Мансийски Русия, инчунин соҳибкорони ин вилоятро, ки ба МОИ “Суғд” омада буданд, бо шароиту имкониятҳои Минтақаи озоди иқтисодии “Суғд” шинос намуд.
Қайд карда шудааст, ки меҳмонон дар ин зимн ба фаъолияти корхонаи “Ариана металл пласт”, корхонаи “Фортуна Ко”, ва “Арча мебел”, ҳамчунин корхонаи “Силкоат Боля” шинос шуданд.
“Дар натиҷаи гуфтушунидҳо соҳибкорони вилояти Ханти-Мансийски Федератсияи Русия ва корхонаҳои МОИ “Суғд” оид ба ҳамкориҳои мутақобилан судманд дар самти таъмини ашёи хом ва содироти маҳсулоти тайёр аз МОИ “Суғд” ба мувофиқа расиданд”, - таъкид кардааст манбаъ.
Минтақаи озоди иқтисодии "Суғд" моҳи апрели соли 2009 ҳамчун муассисаи давлатӣ ба қайд гирифта шудааст.
Ташкили минтақаи озоди иқтисодии "Суғд" василаи вориди сармояи хориҷӣ, технологияи муосир ва тавлиди молу маҳсулоте гардид, ки қаблан пурра аз хориҷи кишвар ворид карда мешуд.