https://sputnik.tj/20220428/iftor-marz-tojikiston-qirghiziston-1048045664.html
Ифтор дар марзи Тоҷикистону Қирғизистон чӣ гуна гузашт? - акс
Ифтор дар марзи Тоҷикистону Қирғизистон чӣ гуна гузашт? - акс
Sputnik Тоҷикистон
Ифтор бо ширкати намояндагони мақомоти ноҳияҳои Бобоҷон Ғафуров ва Лайлак шоми 27 апрел дар чойхонаи "Баротбой"-и ҷамоати Овчӣ-Қалъача баргузор шуд
2022-04-28T17:51+0500
2022-04-28T17:51+0500
2022-05-10T19:18+0500
вазъ дар марзи тоҷикистону қирғизистон
акс
дар тоҷикистон
қирғизистон
баҳси марзӣ
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e6/04/1c/1048044433_2:0:1079:606_1920x0_80_0_0_7ff68fdcd16d8b7a9e75dd471a50deb1.jpg
Мақомоти ноҳияҳои наздимарзии Суғду Бодканд сари суфраи ифторӣ гирди ҳам омада, ҳалли осоиштаи масъалаҳои марзиро баррасӣ карданд.Ин дуюмин "оши оштӣ" миёни сокинони наздимарзии Тоҷикистону Қирғизистон мебошад.Рӯзи 19 феврали соли ҷорӣ мақомоти ду ҷониб дар тӯйхонаи "Раъно"-и ноҳияи Лайлаки Қирғизистон “оши марзӣ” баргузор намуда буданд ва ба ҳисоби масъулони давлатӣ, мӯйсафедон низ дар он иштирок карданд.Дар он дидор мӯйсафедони ҳар ду ҷониб изҳор кардаанд, ки бояд сулҳу дӯстӣ барқарор гардад ва марзҳо боз шаванд."Эҳтиёт кунед": тавсияи Қирғизистон ба Туркия барои фурӯши "Байрактар" ба ТоҷикистонНоҳияи Бобоҷон Ғафуров баъд аз Исфара дуюмин ноҳияи марзии Суғд бо Қирғизистон маҳсуб мешавад. Ду ҷамоати калонтарини ин ноҳия: Хистеварз ва Овчӣ-Қалъача бо ноҳияи Лайлаки вилояти Бодканди Қирғизистон марзи муштарак доранд.
қирғизистон
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2022
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e6/04/1c/1048044433_136:0:944:606_1920x0_80_0_0_28ebbb567d2d0483ec3bd30e41e034a4.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
ифтор, тоҷикистон, қирғизистон
ифтор, тоҷикистон, қирғизистон
Ифтор дар марзи Тоҷикистону Қирғизистон чӣ гуна гузашт? - акс
17:51 28.04.2022 (Навсозишуда: 19:18 10.05.2022) Ифтор бо ширкати намояндагони мақомоти ноҳияҳои Бобоҷон Ғафуров ва Лайлак шоми 27 апрел дар чойхонаи "Баротбой"-и ҷамоати Овчӣ-Қалъача баргузор шуд

Дар ин мулоқот аз ду ҷониб 30 нафарӣ ширкат карданд.

Дар "оши оштӣ", аз ҷумла Зафарбек Давлатзода ва Алмазбек Раҳмонқулов, руасои ноҳияҳои наздимарзии Бобоҷон Ғафурови Суғд ва Лайлаки Бодканд, ҳамчунин мақомоти интизомиву қудратӣ ва масъулони идораҳои обу замин ширкат карданд.

Ҳадаф аз ин ифтори рамазонӣ ба таври мусолиматомез баррасӣ намудани масъалаҳои марзӣ, аз ҷумла истифодаи обу роҳу чарогоҳҳо мебошад.

Сокинони наздимарзӣ ба ҳамдигар даст дода, бо дидор муборакбод мегӯянд.

Ифтори сокинони наздимарзии Тоҷикистону Қирғизистон.

Ин ифтор бо ибтикори мақоомти ду давлат баргузор шудааст.

Ифтори сокинони наздимарзии Тоҷикистону Қирғизистон.

Ифтори сокинони наздимарзии Тоҷикистону Қирғизистон.
Мақомоти ноҳияҳои наздимарзии Суғду Бодканд сари суфраи ифторӣ гирди ҳам омада, ҳалли осоиштаи масъалаҳои марзиро баррасӣ карданд.
Ин дуюмин "оши оштӣ" миёни сокинони наздимарзии Тоҷикистону Қирғизистон мебошад.
Рӯзи 19 феврали соли ҷорӣ мақомоти ду ҷониб дар тӯйхонаи "Раъно"-и ноҳияи Лайлаки Қирғизистон “оши марзӣ” баргузор намуда буданд ва ба ҳисоби масъулони давлатӣ, мӯйсафедон низ дар он иштирок карданд.
Дар он дидор мӯйсафедони ҳар ду ҷониб изҳор кардаанд, ки бояд сулҳу дӯстӣ барқарор гардад ва марзҳо боз шаванд.
Ноҳияи Бобоҷон Ғафуров баъд аз Исфара дуюмин ноҳияи марзии Суғд бо Қирғизистон маҳсуб мешавад. Ду ҷамоати калонтарини ин ноҳия: Хистеварз ва Овчӣ-Қалъача бо ноҳияи Лайлаки вилояти Бодканди Қирғизистон марзи муштарак доранд.