https://sputnik.tj/20220428/belorus-rusiya-tajhizot-tamin-1048032844.html
Лукашенко: Беларус омодааст, Русияро бо ҳар гуна таҷҳизот таъмин кунад
Лукашенко: Беларус омодааст, Русияро бо ҳар гуна таҷҳизот таъмин кунад
Sputnik Тоҷикистон
Президенти Белорус мегӯяд, Минск омода аст Русияро бо ҳар гуна таҷҳизот таъмин кунад. Ин кор дар шароити таҳримоти Ғарб дучанд лозим аст
2022-04-28T14:35+0500
2022-04-28T14:35+0500
2022-04-28T18:57+0500
белорус
дар русия
таҷҳизот
таъмин кардан
александр лукашенко
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e6/04/18/1047912832_0:0:2761:1554_1920x0_80_0_0_0bf27f3f0d6be129a6f35f1410b70447.jpg
ДУШАНБЕ, 28 апр — Sputnik. Минск омодааст, Русияро бо ҳар гуна таҷҳизот таъмин кунад, гуфт президенти Беларус Александр Лукашенко.Ӯ қайд карда, ки ин кор дар шароити тарки Русия кардани ширкатҳои ғарбӣ махсусан актуалӣ аст."Корхонаҳои Беларус омодаанд, Русияро бо ҳама гуна таҷҳизот таъмин кунанд, бахусус дар шароити хуруҷи ширкатҳои ғарбӣ аз ин кишвар", - навиштааст "БелТА" аз қавли Лукашенко. Дар ин бора ӯ дар мулоқот бо губернатори вилояти Воронежи Русия Александр Гусев гуфт. Лукашенко таъкид кард, ки Беларус замоне дар тараққиёти саноат ба қувваҳои худ такя мекард ва чунон ки вақт нишон дод, бо ин кор бохт накард. "Мо (дар шароити кунунии таҳримҳои Ғарб - идора.) мисли Русия мушкилии сахти воридот надорем. Ин аз он сабаб аст, ки мо аз ҳад зиёд умед доштем: олмониҳо хубанд, амрикоиҳо ҳам, ҳама чизи онҳо беҳтарин аст. Он се бор гаронтар буд ва ҳоло тамоман вуҷуд надорад. Ин амалияи тамаркуз ба шарикон ба ҳамин оварда расонд. Инҳо ҳамин гуна шарикон ҳастанд-то даме ба зону нагузоранд, фишор меоранд. Аз ин рӯ мо омода ҳастем, ки бо Русия дар ҳар вақт дар ҳама самт имрӯз ҳамкорӣ кунем", - гуфт президенти Беларус. Русия 24 феврал амалиёти низомиро барои безарарсозии Украина оғоз кард.Владимир Путин ҳадафи онро “ҳимояи одамоне номид, ки ҳашт сол боз таҳти таъқиб ва наслкушии режими Киев қарор гирифтаанд. Дар посух кишварҳои ғарбӣ як қатор таҳримҳои нави зидди Русияро ҷорӣ карданд. Бисёре аз ширкатҳои хориҷӣ кори худро дар Русия боздоштанд. Тадбирҳои маҳдудкунанда ба Белорус низ таъсир расониданд, ки Ғарб онро дар пуштибонӣ аз амалиёти вижаи низомии Русия дар Украина муттаҳам кардааст. Умуман, равобити Белорус ва кишварҳои ғарбӣ пас аз интихоботи президентии соли 2020, ки боиси эътирозҳои оммавӣ гардид, шадидан бад шуд, ки аз ҷумла, аз ҷониби кормандони ҳифзи ҳуқуқ бо ёрии таҷҳизоти махсус пахш карда шуд. Мақомоти Белорус борҳо изҳор доштаанд, ки эътирозҳо аз хориҷи кишвар ҳамоҳанг карда мешаванд.Коршинос: Таҳримҳои Ғарб алайҳи Русия ба Тоҷикистон ҳам таъсир кардЛукашенко Ғарбро ба дахолати мустақим ба вазъ дар ҷумҳурӣ муттаҳам карда, қайд кард, ки ИМА ба ошӯбҳо роҳбарӣ мекунад, дар ҳоле ки аврупоиҳо бо онҳо "бозӣ мекунанд". Кишварҳои ғарбӣ тадриҷан алайҳи мансабдорон, корхонаҳо ва саноати Белорус таҳримот ҷорӣ карда, Минскро дар нақзи интихобот ва нақзи ҳуқуқи башар муттаҳам карданд.
https://sputnik.tj/20210409/ima-bo-tahrimot-bartariyati-hudro-dar-jahon-nest-mekunad-1035184801.html
белорус
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2022
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e6/04/18/1047912832_0:0:2731:2048_1920x0_80_0_0_cde5032500e1d3bac7d67cd23f671a62.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
белорус, русия, техника
Лукашенко: Беларус омодааст, Русияро бо ҳар гуна таҷҳизот таъмин кунад
14:35 28.04.2022 (Навсозишуда: 18:57 28.04.2022) Президенти Беларус мегӯяд, Минск омодааст, Русияро бо ҳар гуна таҷҳизот таъмин кунад. Ин кор дар шароити рафтани ширкатҳои Ғарб, бавижа актуалӣ аст
ДУШАНБЕ, 28 апр — Sputnik. Минск омодааст, Русияро бо ҳар гуна таҷҳизот таъмин кунад, гуфт президенти Беларус Александр Лукашенко.
Ӯ қайд карда, ки ин кор дар шароити тарки Русия кардани ширкатҳои ғарбӣ махсусан актуалӣ аст.
"Корхонаҳои Беларус омодаанд, Русияро бо ҳама гуна таҷҳизот таъмин кунанд, бахусус дар шароити хуруҷи ширкатҳои ғарбӣ аз ин кишвар", - навиштааст "БелТА" аз қавли Лукашенко.
Дар ин бора ӯ дар мулоқот бо губернатори вилояти Воронежи Русия Александр Гусев гуфт.
Лукашенко таъкид кард, ки Беларус замоне дар тараққиёти саноат ба қувваҳои худ такя мекард ва чунон ки вақт нишон дод, бо ин кор бохт накард.
"Мо (дар шароити кунунии таҳримҳои Ғарб - идора.) мисли Русия мушкилии сахти воридот надорем. Ин аз он сабаб аст, ки мо аз ҳад зиёд умед доштем: олмониҳо хубанд, амрикоиҳо ҳам, ҳама чизи онҳо беҳтарин аст. Он се бор гаронтар буд ва ҳоло тамоман вуҷуд надорад. Ин амалияи тамаркуз ба шарикон ба ҳамин оварда расонд. Инҳо ҳамин гуна шарикон ҳастанд-то даме ба зону нагузоранд, фишор меоранд. Аз ин рӯ мо омода ҳастем, ки бо Русия дар ҳар вақт дар ҳама самт имрӯз ҳамкорӣ кунем", - гуфт президенти Беларус.
Русия 24 феврал амалиёти низомиро барои безарарсозии Украина оғоз кард.
Владимир Путин ҳадафи онро “ҳимояи одамоне номид, ки ҳашт сол боз таҳти таъқиб ва наслкушии режими Киев қарор гирифтаанд.
Дар посух кишварҳои ғарбӣ як қатор таҳримҳои нави зидди Русияро ҷорӣ карданд. Бисёре аз ширкатҳои хориҷӣ кори худро дар Русия боздоштанд. Тадбирҳои маҳдудкунанда ба Белорус низ таъсир расониданд, ки Ғарб онро дар пуштибонӣ аз амалиёти вижаи низомии Русия дар Украина муттаҳам кардааст.
Умуман, равобити Белорус ва кишварҳои ғарбӣ пас аз интихоботи президентии соли 2020, ки боиси эътирозҳои оммавӣ гардид, шадидан бад шуд, ки аз ҷумла, аз ҷониби кормандони ҳифзи ҳуқуқ бо ёрии таҷҳизоти махсус пахш карда шуд.
Мақомоти Белорус борҳо изҳор доштаанд, ки эътирозҳо аз хориҷи кишвар ҳамоҳанг карда мешаванд.
Лукашенко Ғарбро ба дахолати мустақим ба вазъ дар ҷумҳурӣ муттаҳам карда, қайд кард, ки ИМА ба ошӯбҳо роҳбарӣ мекунад, дар ҳоле ки аврупоиҳо бо онҳо "бозӣ мекунанд".
Кишварҳои ғарбӣ тадриҷан алайҳи мансабдорон, корхонаҳо ва саноати Белорус таҳримот ҷорӣ карда, Минскро дар нақзи интихобот ва нақзи ҳуқуқи башар муттаҳам карданд.