https://sputnik.tj/20220428/armaniston-kortezh-pashinyan-zan-homila-halok-1048023282.html
Дар Арманистон кортежи Пашинян як зани ҳомиларо ба ҳалокат расонд: видео
Дар Арманистон кортежи Пашинян як зани ҳомиларо ба ҳалокат расонд: видео
Sputnik Тоҷикистон
Дар Арманистон кортежи нахуствазир як зани ҳомиларо дар маркази Ереван пахш кард, ки баъдан дар бемористон ба ҳалокат расид
2022-04-28T10:10+0500
2022-04-28T10:10+0500
2022-04-28T12:55+0500
арманистон
никол пашинян
рӯйдод, ҷиноят ва ҳолатҳои фавқулода
истеъфо
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e6/04/1c/1048022220_0:0:3029:1703_1920x0_80_0_0_4d989d83f87d2ec39a00a24dc749c2c8.jpg
ДУШАНБЕ, 28 апр — Sputnik. Худраве аз кортежи сарвазири Арманистон Никол Пашинян дар Ереван як зани ҳомиларо пахш кард. Ин хабарро аллакай Тарон Чахоян, муовини раиси Дастгоҳи нахуствазири Арманистон таъйид кардааст. Автомашинаи "Toyota Prado" як зани ҳомилаи 29-соларо пахш кардааст. Аз зани ҳомила Сона Мнатсаканян ном бурда мешавад, ки гузаргоҳи пиёдагардро дар ҷои иҷозатдодашуда, дар кӯчаи Паронян убур кардааст. Ронандаи мошини хориҷӣ пас аз садама таваққуф накард, вале бо вуҷуди ин ба ҷои ҳодиса баргашт. Ягон мошини дигар, аз ҷумла мошини худи сарвазир, низ дар ҷойи ҳодиса таваққуф накардааст. Ба гуфтаи Чахоян, ҳангоми садама мошини Пашинян тақрибан 100-150 метр дур аз ҷои ҳодиса қарор дошт ва дар лаҳзаи фоҷиабор мошини ӯ дида намешуд.Дарҳол пас аз ин ҳодиса ҳазорон сокинони пойтахти Арманистон ба раҳпаймоӣ баромаданд, мардум истеъфои сарвазирро талаб мекунанд.Дар видеоҳое, ки аз нуқтаҳои мухталифи дурбинҳои назоратӣ мунташир шудаанд, дида мешавад, зан кӯшиши гурехтан кардааст, аммо натавонистааст. Ба иттилои Кумитаи тафтишотии Арманистон, ҳоло ронандаи мошин, корманди пулис Арам Навасардян боздошт шудааст. Гуфта мешавад, ки Пашинян бо падари марҳум низ дар тамос шуда, ба ӯ ва аъзои хонаводааш изҳори ҳамдардӣ карда, таҳқиқи воқеъбинонаи ҳодисаро кафолат додааст.Марҳум Мнатсаканян дар созмони "Support Our Heroes – Armenia" кор ва лоиҳаи IT "Wings"-ро, ки дар Қарабоғи Куҳӣ амалӣ мешуд, роҳбарӣ мекард. Шавҳари Сона Ашот Варданян муҳаққиқи зеҳни сунъӣ ва сармоягузор дар лоиҳаҳои илмӣ мебошад. Инчунин худи Сона ҳамчун ихтиёрӣ дар ташкил ва маблағгузории барқарорсозии мактабҳои минтақаҳои аз ҷанг зарардида ширкат мекардааст.
арманистон
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2022
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e6/04/1c/1048022220_0:0:2731:2048_1920x0_80_0_0_8c402701de367c02622f77e2c41dc7df.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
арманистон кортеж пашинян садама
арманистон кортеж пашинян садама
Дар Арманистон кортежи Пашинян як зани ҳомиларо ба ҳалокат расонд: видео
10:10 28.04.2022 (Навсозишуда: 12:55 28.04.2022) Дар Арманистон кортежи нахуствазир як зани ҳомиларо дар маркази Ереван пахш кард, ки баъдан дар бемористон ба ҳалокат расид
ДУШАНБЕ, 28 апр — Sputnik. Худраве аз кортежи сарвазири Арманистон Никол Пашинян дар Ереван як зани ҳомиларо пахш кард. Ин хабарро аллакай Тарон Чахоян, муовини раиси Дастгоҳи нахуствазири Арманистон таъйид кардааст.
Автомашинаи "Toyota Prado" як зани ҳомилаи 29-соларо пахш кардааст. Аз зани ҳомила Сона Мнатсаканян ном бурда мешавад, ки гузаргоҳи пиёдагардро дар ҷои иҷозатдодашуда, дар кӯчаи Паронян убур кардааст.
Ронандаи мошини хориҷӣ пас аз садама таваққуф накард, вале бо вуҷуди ин ба ҷои ҳодиса баргашт. Ягон мошини дигар, аз ҷумла мошини худи сарвазир, низ дар ҷойи ҳодиса таваққуф накардааст.
Ба гуфтаи Чахоян, ҳангоми садама мошини Пашинян тақрибан 100-150 метр дур аз ҷои ҳодиса қарор дошт ва дар лаҳзаи фоҷиабор мошини ӯ дида намешуд.
"Худрави нахуствазир пас аз чанд сонияи ҳодиса аз ҷои ҳодиса гузаштааст. Дар ин муддат нахуствазир намедонист ва наметавонист бидонад, ки дақиқ чӣ ҳодиса рух додааст", - гуфт мансабдор.
Дарҳол пас аз ин ҳодиса ҳазорон сокинони пойтахти Арманистон ба раҳпаймоӣ баромаданд, мардум истеъфои сарвазирро талаб мекунанд.
Дар видеоҳое, ки аз нуқтаҳои мухталифи дурбинҳои назоратӣ мунташир шудаанд, дида мешавад, зан кӯшиши гурехтан кардааст, аммо натавонистааст.
Ба иттилои Кумитаи тафтишотии Арманистон, ҳоло ронандаи мошин, корманди пулис Арам Навасардян боздошт шудааст.
Гуфта мешавад, ки Пашинян бо падари марҳум низ дар тамос шуда, ба ӯ ва аъзои хонаводааш изҳори ҳамдардӣ карда, таҳқиқи воқеъбинонаи ҳодисаро кафолат додааст.
Марҳум Мнатсаканян дар созмони "Support Our Heroes – Armenia" кор ва лоиҳаи IT "Wings"-ро, ки дар Қарабоғи Куҳӣ амалӣ мешуд, роҳбарӣ мекард. Шавҳари Сона Ашот Варданян муҳаққиқи зеҳни сунъӣ ва сармоягузор дар лоиҳаҳои илмӣ мебошад.
Инчунин худи Сона ҳамчун ихтиёрӣ дар ташкил ва маблағгузории барқарорсозии мактабҳои минтақаҳои аз ҷанг зарардида ширкат мекардааст.