https://sputnik.tj/20220427/tolibon-doish-izhorot-1048009708.html
Изҳороти зиддунақизи толибон дар бораи "Давлати исломӣ"*
Изҳороти зиддунақизи толибон дар бораи "Давлати исломӣ"*
Sputnik Тоҷикистон
Ҳукуматдорони Афғонистон дар бораи қариб тамоман несту нобуд кардани рақибони асосии худ эълон карданд. Бо вуҷуди ин, ҷангҷӯён ҳамлаҳои навро идома медиҳанд
2022-04-27T17:50+0500
2022-04-27T17:50+0500
2022-04-27T19:55+0500
толибон
доиш
дар ҷаҳон
афғонистон
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e6/02/0f/1045864578_0:88:2958:1751_1920x0_80_0_0_c3cbe955d657defd33c1f5ce3e9dd139.jpg
ДУШАНБЕ, 27 апр — Sputnik. "Давлати исломӣ"* дар Афғонистон 98% нобуд карда шуд. Дар ин бора Вазорати корҳои дохилии ин кишвар, ки аз ҷониби толибон ташкил шудааст, хабар дод. Дар шабакаҳои иҷтимоӣ намояндагони ин ниҳод қайд карданд, ки ин гурӯҳ дигар барои кишвар хатаре надорад. Моҳи январи соли 2022 радикалҳо гуфта буданд, ки раҳбари пешини бахши ДОИШ* - "Вилояти Хуросон"* Аслам Форуқиро нобуд карданд. Дар ҳамин ҳол теъдоде аз расонаҳо таъкид кардаанд, ки ин ҷангҷӯ бар асари низоъҳои дохилӣ кушта шудааст. Бояд қайд кард, ки ДОИШ* бо мақомоти кунунии Афғонистон рақобат мекунад. Толибон алайҳи террористон амалиёти густурда оғоз карданд. Онҳо ҷангҷӯёнро боздошт ва эъдом мекунанд. Дар навбати худ ДОИШ* ҳамларо давом медиҳад. Дар баъзе аз шаҳрҳо онҳо борҳо мошинҳои толибонро нобуд кардаанд. Илова бар ин "Давлати исломӣ"* пайваста дар Афғонистон ҳамлаҳои бузурги террористӣ ташкил мекунад, ки қурбониёни он шаҳрвандони осоишта мебошанд. Ҳамин тариқ ин гурӯҳ масъулияти таркиши ахир дар масҷиди Мазори Шарифро бар уҳда гирифт. Теъдоди кушташудагон ба 30 нафар ва захмиён ба 80 нафар расида буд. Бо вуҷуди изҳороти баланди толибон дар бораи аз байн бурдани ДОИШ* СММ иддаои баръакс дорад.Авоили моҳи март муовини дабири кулли ин созмон, раиси Дафтари мубориза бо терроризми СММ Владимир Воронков эълом дошт, ки ин ҷунбиш ҳузури худро дар Афғонистон ду баробар афзоиш додааст.ДОИШ* масъулияти таркиш дар масҷиди Мазори Шарифро бар дӯш гирифтДар баробари ин гурӯҳи дигари террористии "Ал-қоида*-ро ҳукуматдорони ҳозира тамоман назорат намекунанд, қайд намуд ӯ. Аз афзоиши шумори иштирокчиёни ДОИШ*, раиси Вазорати дифои Русия Сергей Шойгу низ хабар дод. Вай аз эҳтимоли истифодаи силоҳҳои боқимондаи нерӯҳои эътилофи ғарбӣ дар Афғонистон аз сӯйи террористон изҳори нигаронӣ кард. * - ташкилотҳои террористӣ, ки дар Русия ва Тоҷикистон манъ шудаанд.
https://sputnik.tj/20220425/eron-tolibon-tamini-amniyat-afghoniston-ojiz-1047951356.html
афғонистон
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2022
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e6/02/0f/1045864578_51:0:2679:1971_1920x0_80_0_0_ae1e4959c5d49cbc89b4369286fa11fe.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
толибон, афғонистон, доиш, несту нобуд
толибон, афғонистон, доиш, несту нобуд
Изҳороти зиддунақизи толибон дар бораи "Давлати исломӣ"*
17:50 27.04.2022 (Навсозишуда: 19:55 27.04.2022) Ҳукуматдорони Афғонистон дар бораи қариб тамоман несту нобуд кардани рақибони асосии худ эълон карданд. Бо вуҷуди ин ҷангҷӯён ҳамлаҳои навро идома медиҳанд
ДУШАНБЕ, 27 апр — Sputnik. "Давлати исломӣ"* дар Афғонистон 98% нобуд карда шуд. Дар ин бора Вазорати корҳои дохилии ин кишвар, ки аз ҷониби толибон ташкил шудааст, хабар дод.
Дар шабакаҳои иҷтимоӣ намояндагони ин ниҳод қайд карданд, ки ин гурӯҳ дигар барои кишвар хатаре надорад.
"Иморати исломӣ (номи худхонди ҳукумати толибон - шарҳ аз идора) иҷоза намедиҳад, ки ДОИШ* ё ягон гурӯҳи дигар бо ҳукумат мухолифат кунанд ва ба кишварҳои дигари ҷаҳон таҳдид намоянд", - таъкид кардааст Вазорати хориҷаи Афғонистон.
Моҳи январи соли 2022 радикалҳо гуфта буданд, ки раҳбари пешини бахши ДОИШ* - "Вилояти Хуросон"* Аслам Форуқиро нобуд карданд.
Дар ҳамин ҳол теъдоде аз расонаҳо таъкид кардаанд, ки ин ҷангҷӯ бар асари низоъҳои дохилӣ кушта шудааст.
Бояд қайд кард, ки ДОИШ* бо мақомоти кунунии Афғонистон рақобат мекунад. Толибон алайҳи террористон амалиёти густурда оғоз карданд. Онҳо ҷангҷӯёнро боздошт ва эъдом мекунанд.
Дар навбати худ ДОИШ* ҳамларо давом медиҳад. Дар баъзе аз шаҳрҳо онҳо борҳо мошинҳои толибонро нобуд кардаанд.
Илова бар ин "Давлати исломӣ"* пайваста дар Афғонистон ҳамлаҳои бузурги террористӣ ташкил мекунад, ки қурбониёни он шаҳрвандони осоишта мебошанд.
Ҳамин тариқ ин гурӯҳ масъулияти таркиши ахир дар масҷиди Мазори Шарифро бар уҳда гирифт. Теъдоди кушташудагон ба 30 нафар ва захмиён ба 80 нафар расида буд.
Бо вуҷуди изҳороти баланди толибон дар бораи аз байн бурдани ДОИШ* СММ иддаои баръакс дорад.
Авоили моҳи март муовини дабири кулли ин созмон, раиси Дафтари мубориза бо терроризми СММ Владимир Воронков эълом дошт, ки ин ҷунбиш ҳузури худро дар Афғонистон ду баробар афзоиш додааст.
Дар баробари ин гурӯҳи дигари террористии "Ал-қоида*-ро ҳукуматдорони ҳозира тамоман назорат намекунанд, қайд намуд ӯ.
Аз афзоиши шумори иштирокчиёни ДОИШ*, раиси Вазорати дифои Русия Сергей Шойгу низ хабар дод.
Вай аз эҳтимоли истифодаи силоҳҳои боқимондаи нерӯҳои эътилофи ғарбӣ дар Афғонистон аз сӯйи террористон изҳори нигаронӣ кард.
* - ташкилотҳои террористӣ, ки дар Русия ва Тоҷикистон манъ шудаанд.