https://sputnik.tj/20220427/rusiya-hasht-diplomat-jopon-ikhroj-1048015558.html
Русия ҳашт дипломати Ҷопонро ихроҷ мекунад
Русия ҳашт дипломати Ҷопонро ихроҷ мекунад
Sputnik Тоҷикистон
Вазорати хориҷаи Русия дар посух ба амалҳои Ҷопон аз ихроҷи 8 дипломати ҷопонӣ аз Маскав хабар дод. Ба онҳо барои тарки ин кишвар муҳлат дода шуд
2022-04-27T20:51+0500
2022-04-27T20:51+0500
2022-04-27T20:51+0500
ҷопон
дар русия
дипломат
сиёсат
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e6/04/1b/1048015297_0:259:3072:1987_1920x0_80_0_0_c87a167f804e4854d12051707eb25666.jpg
ДУШАНБЕ, 27 апр — Sputnik. Маскав ҳашт корманди сафорати Ҷопонро ихроҷ мекунад ва онҳо бояд то 10 май Русияро тарк кунанд.Дар ин бора РИА "Новости" бо такя ба Вазорати корҳои хориҷии Русия хабар додааст.Ба иттилои ин ниҳод, рӯзи 27 апрел намояндаи сафорати Ҷопон дар Маскав ба Вазорати корҳои хориҷии Русия эҳзор ва гуфта шудааст, ки аз оғози амалиёти Русия дар Украина Токиои расмӣ роҳи ошкори душманонаи зидди Маскавро пеш гирифтааст ва ба вайрон кардани хамкории ба ҳамдигар фоидабахш пардохтааст. Вазорати корҳои хориҷӣ афзуд, масъулияти комил барои рушди чунин ҳодисаҳо танҳо ба дӯши Ҳукумати Ҷопон аст, ки ба ҷои нафъ даст кашидан аз равобити дӯстона ва созанда бо Русияро интихоб кардааст.ВУХ Русия: Таҳримоти Ғарб Русия ва Чинро наздиктар кардИлова бар ин оҷонсӣ таъкид кардааст, Ҷопон ошкоро аз мавқеи гурӯҳҳои нозии мавҷуд дар қаламрави Украина пуштибонӣ ва ба режими Киев кумаки сиёсӣ, иқтисодӣ ва низомӣ мекунад.
ҷопон
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2022
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e6/04/1b/1048015297_213:0:2944:2048_1920x0_80_0_0_3e7ffb8d74eedc9c2fdef339c4879eb2.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
русия, ҳашт дипломат, ҷопон
русия, ҳашт дипломат, ҷопон
Русия ҳашт дипломати Ҷопонро ихроҷ мекунад
Вазорати хориҷаи Русия дар посух ба амалҳои Ҷопон аз ихроҷи 8 дипломати ҷопонӣ аз Маскав хабар дод. Ба онҳо барои тарки ин кишвар муҳлат дода шуд
ДУШАНБЕ, 27 апр — Sputnik. Маскав ҳашт корманди сафорати Ҷопонро ихроҷ мекунад ва онҳо бояд то 10 май Русияро тарк кунанд.
Дар ин бора РИА "Новости" бо такя ба Вазорати корҳои хориҷии Русия хабар додааст.
Ба иттилои ин ниҳод, рӯзи 27 апрел намояндаи сафорати Ҷопон дар Маскав ба Вазорати корҳои хориҷии Русия эҳзор ва гуфта шудааст, ки аз оғози амалиёти Русия дар Украина Токиои расмӣ роҳи ошкори душманонаи зидди Маскавро пеш гирифтааст ва ба вайрон кардани хамкории ба ҳамдигар фоидабахш пардохтааст.
"Апофеози ин хат ихроҷи ҳашт дипломати рус аз Ҷопон буд. Ҷониби Русия бо назардошти принсипи мутақобила тақозо кард, ки ҳашт корманди дипломатии Ҷопон то 10 май кишвари моро тарк кунанд", - омадааст дар изҳороти вазорат.
Вазорати корҳои хориҷӣ афзуд, масъулияти комил барои рушди чунин ҳодисаҳо танҳо ба дӯши Ҳукумати Ҷопон аст, ки ба ҷои нафъ даст кашидан аз равобити дӯстона ва созанда бо Русияро интихоб кардааст.
Илова бар ин оҷонсӣ таъкид кардааст, Ҷопон ошкоро аз мавқеи гурӯҳҳои нозии мавҷуд дар қаламрави Украина пуштибонӣ ва ба режими Киев кумаки сиёсӣ, иқтисодӣ ва низомӣ мекунад.