https://sputnik.tj/20220427/qarzi-andozi-tashkilotu-idorahoi-levakant-1047990883.html
Қарзи андози ташкилоту идораҳои шаҳри Левакант бештар аз 31 миллион сомонӣ будааст
Қарзи андози ташкилоту идораҳои шаҳри Левакант бештар аз 31 миллион сомонӣ будааст
Sputnik Тоҷикистон
Мақомоти андози шаҳри Левакант вилояти Хатлон эълон кардааст, ки қарзи андози ташкилоту идораҳо 31 миллиону 402 ҳазор сомониро ташкл медиҳад
2022-04-27T10:20+0500
2022-04-27T10:20+0500
2022-04-27T13:09+0500
дар тоҷикистон
хатлон
қарзҳо
андоз
иқтисод
мақомот
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/08/11/1041690889_0:32:1501:876_1920x0_80_0_0_73b0655394f75916f6bd4387820fca05.jpg
ДУШАНБЕ, 27 апр — Sputnik. Шералӣ Бекмирзоев, мутахассиси бахши ситонидани қарзи андозҳои нозироти андози шаҳри Левакант ба рӯзномаи “Фараж” хабар додааст, ки аз 31 миллиону 402 ҳазор сомонии қарзи андози ташкилоту идораҳои шаҳр 28 миллиону 939 ҳазор сомониаш қарзҳои мушкилситон мебошад.Вай гуфт, то якуми апрели соли равон дар шаҳр бақияи қарзи андоз 2 миллиону 463 ҳазор сомониро ташкил медиҳад, ки нисибати аввали сол 130 ҳазор сомонӣ кам шудааст.Шералӣ Бекмирзоев илова кардааст, ки барои баргардондани қарзҳо мақомот аз тариқи хаттӣ ва шифоҳӣ ба ҳукумтаи шаҳри Левакант ва мақомоти ҳифзи ҳуқуқ муроҷиат кардаанд, аммо бо сабаби фаъолият накардани корхонаҳо ва ё дар маҳбас будани соҳибмулоконашон наметавонанд маблағи қарзро ситонанд.Вай бо нигаронӣ гуфт, ба ҷуз бақияи қарзи андоз дар шаҳри Левакант қарзҳои мушкилситон 28 миллиону 939 ҳазор сомониро ташкил медиҳанд, ки аз он 15 миллионаш фоизи қарзҳост.Мутахассиси бахши ситонидани қарзи андозҳои нозироти андози шаҳри Левакант афзуд, қарзҳои мушкилситон бештар аз ҶСП “Тоҷиказот” (беш аз 7 миллиону 300 ҳазор сомонӣ), “Ховар” (3 миллиону 890 ҳазор) ва ба ин монанд КИ “Гулистон” ва “Дилшоди Афғон” мебошанд.
https://sputnik.tj/20201115/Dar-viloti-Khatlon-karzi-andoz-ba-besh-az--191-millionu-845-hazor-somon-rasid-1032274481.html
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2022
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/08/11/1041690889_81:0:1414:1000_1920x0_80_0_0_41421c42049e80223c56ab7c6ce9d132.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
тоҷикистон, хатлон, левакант, қарзи андоз, мақомот
тоҷикистон, хатлон, левакант, қарзи андоз, мақомот
Қарзи андози ташкилоту идораҳои шаҳри Левакант бештар аз 31 миллион сомонӣ будааст
10:20 27.04.2022 (Навсозишуда: 13:09 27.04.2022) Мақомоти андози шаҳри Левакант вилояти Хатлон эълон кардаанд, ки қарзи андози ташкилоту идораҳо 31 миллиону 402 ҳазор сомониро ташкл медиҳад
ДУШАНБЕ, 27 апр — Sputnik. Шералӣ Бекмирзоев, мутахассиси бахши ситонидани қарзи андозҳои нозироти андози шаҳри Левакант ба рӯзномаи “Фараж” хабар додааст, ки аз 31 миллиону 402 ҳазор сомонии қарзи андози ташкилоту идораҳои шаҳр 28 миллиону 939 ҳазор сомониаш қарзҳои мушкилситон мебошад.
Вай гуфт, то якуми апрели соли равон дар шаҳр бақияи қарзи андоз 2 миллиону 463 ҳазор сомониро ташкил медиҳад, ки нисибати аввали сол 130 ҳазор сомонӣ кам шудааст.
“Аслан қарз аз ҳисоби корхонаҳое мебошад, ки амволашон дар шаҳр мебошаду худашон тамоман фаъолият надоранд. Масалан ҶДММ “Хишти Беҳзод”, ҶДММ “Хонасоз”, ҶДММ “Ховар”, ҶДДМ “Раҳмат” аз ин гунаанд”, - афзуд ӯ.
Шералӣ Бекмирзоев илова кардааст, ки барои баргардондани қарзҳо мақомот аз тариқи хаттӣ ва шифоҳӣ ба ҳукумтаи шаҳри Левакант ва мақомоти ҳифзи ҳуқуқ муроҷиат кардаанд, аммо бо сабаби фаъолият накардани корхонаҳо ва ё дар маҳбас будани соҳибмулоконашон наметавонанд маблағи қарзро ситонанд.
Вай бо нигаронӣ гуфт, ба ҷуз бақияи қарзи андоз дар шаҳри Левакант қарзҳои мушкилситон 28 миллиону 939 ҳазор сомониро ташкил медиҳанд, ки аз он 15 миллионаш фоизи қарзҳост.
Мутахассиси бахши ситонидани қарзи андозҳои нозироти андози шаҳри Левакант афзуд, қарзҳои мушкилситон бештар аз ҶСП “Тоҷиказот” (беш аз 7 миллиону 300 ҳазор сомонӣ), “Ховар” (3 миллиону 890 ҳазор) ва ба ин монанд КИ “Гулистон” ва “Дилшоди Афғон” мебошанд.