Путин соҳиби аслии қудрат дар Русияро гуфт

© POOL / Гузариш ба медиабонкПрезидент РФ Владимир Путин
Президент РФ Владимир Путин - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 27.04.2022
Обуна шудан
Муттаҳидии мардум дар Русия арзиши баланд дорад ва кафолат медиҳад, ки ба ҳар хатари эҷодшуда ба кишвар посухи сазовор дода шавад
ДУШАНБЕ, 27 апр — Sputnik. Сарчашмаи қудрат дар Русия мардум мебошанд, изҳор дошт Владимир Путин, раисҷумҳури ФР зимни ҷаласаи Шӯрои қонунгузорон.
"Дар кишвари мо маҳз мардум ва танҳо мардуми Русия манбаи қудрат аст. Намояндагони он - ҳизбҳои парлумонӣ сарфи назар аз ҳама рақобат бо ҳамдигар дар зимни ҳимоят аз манофеи миллӣ ҳамеша аз мавқеи ягона амал мекунанд", - гуфт Путин.
Дар феҳрасти нуктаҳои муҳими миллӣ, аз ҷумла масъалаҳои дифоъ ва амнияти Ватанро ном бурд. Путин муносибати ватандӯстона барои мардуми кишварро хос хонд.

"Аслан дигар хел шуда наметавонад, зеро муҳаббат ба Ватан яке аз асосҳои давлатдории Русия ва муҳимтарин арзиш барои ҷомеаи мост, ки ҳамеша дар лаҳзаҳои ҳалкунанда барои кишвар зуҳур мекунад, чунин ягонагии мардум бебаҳо аст", - афзуд ӯ.

Путин таъкид кард, чунин муттаҳидии мардум кафолат медиҳад, ки Русия ба чолишҳо ва таҳдидҳои мураккабтарин вокуниши сазовор нишон диҳад.
Вай дар зимн ҳушдор дод, агар касе нияти дахолат ба вазъият дар Украина аз берунро дорад ва хатарҳои стратегӣ барои Русияро эҷод кунад, посухи барқосо хоҳад гирифт.
"Мо барои ин тамоми василаҳоро дорем. Аз чунин воситаҳо дар ҷаҳон айни ҳол ҳич кас бархурдор нест. Мо агар лозим шавад, аз ин имкониятҳо истифода хоҳем кард", - афзуд президент.
Натоиҷи дидори Лавров ва дабари кулли СММ Гутерриш - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 27.04.2022
Лавров аз хатарҳои ҷанги ҳастаӣ гуфт - видео
Русия рӯзи 24 феврал амалиёти вижаро дар Украина оғоз кард. Кишвардори Русия Владимир Путин ҳадафи онро "ҳимояи одамоне номид, ки тӯли 8 сол аз сӯйи режими Киев мавриди таҳқиру наслкушӣ қарор гирифтаанд".
Барои ин, ба гуфтаи ӯ, дар назар аст, ки "нозизудоӣ ва ғайринизомикунонии Украина" анҷом шуда, тамоми масъулини "ҷиноятҳои хунини зидди мардуми осоишта" дар Донбасс ба ҷавобгарӣ кашида шаванд. Аммо дар бораи ишғоли Украина сухане нест, таъкид кард раисҷумҳури Русия.
Дар айни замон қувваҳои мусаллаҳи Федератсияи Русия вазифаи асосии марҳилаи аввали амалиёти махсусро анҷом додаанд. Онҳо иқтидори ҷангии Украинаро ба таври назаррас коҳиш доданд. Ҳадафи аслӣ дар Вазорати дифоъ озодсозии Донбасс номида шуд.
Лентаи хабарҳо
0