Президенти тозаинтихоби Фаронсаро дар бозор бо помидор заданд -видео

Обуна шудан
Кишвардори Фаронса бори сеюм мешавад, ки аз сӯйи фаронсавиҳо дар як ҳолати ногувор қарор мегирад. Қаблан ӯ аз дасти як мард шаппотии "обдор" хӯрду ин навбат "помидоршапак" шуд
Раисҷумҳури Фаронса Эммануэл Макронро ҳангоми мулоқот бо сокинони Сорҷи, дар наздикии Порис бо помидор заданд. Лаҳзаи "помидоршапак" шудани Макронро шабакаи телевизионии BFM намоиш дод.
Дар видеое, ки дар шабакаҳои иҷтимоӣ паҳн шуд, дида мешавад, Макрон дар маркази издиҳоми бузург дар иҳотаи муҳофизон қарор дорад. Посбонҳои сарвари давлат бо суръати барқ ​​вокуниш нишон дода, бо тамоми қувва кӯшиш карданд, ки президентро бо дастҳояшон аз зарбаи помидорҳо ҳифз кунанд ва сипас чатри ​​сиёҳро болои сари ӯ кушоданд.
Марде, ки раисҷумҳури Фаронсаро шаппотӣ зад, чаҳор моҳ ҳабс шуд
Ин бори аввал нест, ки чунин ҳодиса бо Макрон рух медиҳад. Тирамоҳи соли 2021 донишҷӯи 19-сола бо тухм ба президент ҳамла карда буд. Пас аз боздошт донишҷӯро барои ташхиси равонӣ фиристоданд ва сипас маҷбуран дар бемористон бистарӣ карданд.
Дар моҳи июни ҳамон сол ҳангоми сафари ӯ ба Департаменти Дром, дар ҷанубу шарқи ин кишвар дар остонаи интихоботи минтақавӣ Макрон ба як гурӯҳи сокинони маҳаллӣ барои истиқболи онҳо муроҷиат кард. Яке аз онҳо ба президент чизе доду ногаҳон ба рӯи ӯ як шаппотӣ зад. Ҳамлагар фавран аз сӯйи кормандони амният боздошт шуд.
Пирӯзии Макрон дар интихоботи президентии Фаронса
Ёдовар мешавем, ки Эммануэл Макрон дар даври дуюми интихоботи президентӣ пирӯз шуд.
Бар асоси натоиҷи шумориши аксари кулли ороъ, Макрон аз рақибаш, раҳбари Ҳизби иттиҳоди миллӣ Марин Ле Пен пеш гузашт.
Панҷ сол пеш дар даври дувуми интихобот ӯ ҳам бар Марин Ле Пен пирӯз шуда буд, аммо бо ҳисоби бештар.
Қаблан хабар дода шуда буд, ки тибқи натоиҷи шумориши 100 дарсади ороъ, Эммануэл Макрон дар даври дувум 58,55 дарсад ва Марин Ле Пен 41,45 дарсадро ба даст овардаанд.
Лентаи хабарҳо
0