Пограничник на смотровой вышке на границе Кыргызстана. Архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920
Вазъ дар марзи Тоҷикистону Қирғизистон
Хабарҳои бештар аз танишу созишҳои марзӣ миёни Тоҷикистону Қирғизистон

"Ифтор дар марз": раисони Суғду Бодканд масъалаҳои марбут ба сарҳадро баррасӣ мекунанд

© SputnikВстреча старейшин Таджикистана и Кыргызстана
Встреча старейшин Таджикистана и Кыргызстана - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 27.04.2022
Обуна шудан
Эксклюзив
Мақомоти ноҳияҳои наздимарзии Суғду Бодканд сари суфраи ифторӣ гирди ҳам омада, ҳалли осоиштаи масъалаҳои марзиро ба баррасӣ мегузоранд
ДУШАНБЕ, 27 апр – Sputnik. Ифтор бо иштироки намояндагони мақомоти ноҳияҳои Бобоҷон Ғафуров ва Лайлак шоми 27 апрел дар чойхонаи "Баротбой"-и ҷамоати Овчӣ-Қалъача баргузор мешавад.
Дар ин бора аз ҳукумати ноҳияи Бобоҷон Ғафуров ба Sputnik Тоҷикистон иттилоъ доданд.
Бино ба иттилои манбаъ, дар мулоқот аз ду ҷониб 30 нафарӣ ба ҳисоби Зафарбек Давлатзода ва Алмазбек Раҳмонқулов, руасои ноҳияҳои наздимарзии Бобоҷон Ғафурови Суғд ва Лайлаки Бодканд, ҳамчунин мақомоти интизомиву қудратӣ ва масъулони идораҳои обу замин иштирок мекунанд.

"Ифтор бо иштироки 60 нафар аз ду ҷониб дар назар дошта шудааст. Ин ҷамъомад анъанаи неки ҳамсоядорӣ буда, аз ҷониби дигар ҳадаф аз он ба таври мусолиматомез баррасӣ намудани масъалаҳои марзӣ, аз ҷумла истифодаи обу роҳу чарогоҳҳо мебошад", - гуфт манбаъ.

Ин ифтор бо тасмими ҳукуматҳои навоҳии Бобоҷон Ғафурови Тоҷикистон ва Лайлаки Қирғизистон баргузор хоҳад гашт.
"Оши оштӣ" дар сарҳад: таъкиди пирони тоҷику қирғиз ба сулҳ ва бозкушоии марзҳо
Рӯзи 19 феврали соли ҷорӣ мақомоти ду ҷониб дар тӯйхонаи "Раъно"-и ноҳияи Лайлаки Қирғизистон “оши марзӣ” баргузор намуда буданд ва ба ҳисоби масъулони давлатӣ, мӯйсафедон низ дар он иштирок карданд.
Дар он дидор мӯйсафедони ҳар ду ҷониб изҳор кардаанд, ки бояд сулҳу дӯстӣ барқарор гардад ва марзҳо боз шаванд.
"Эҳтиёт кунед": тавсияи Қирғизистон ба Туркия барои фурӯши "Байрактар" ба Тоҷикистон
Ноҳияи Бобоҷон Ғафуров баъд аз Исфара дуюмин ноҳияи марзии Суғд бо Қирғизистон маҳсуб мешавад. Ду ҷамоати калонтарини ин ноҳия: Хистеварз ва Овчӣ-Қалъача бо ноҳияи Лайлаки вилояти Бодканди Қирғизистон марзи муштарак доранд.
Лентаи хабарҳо
0