https://sputnik.tj/20220427/etirozi-marzbononi-eroni-ba-raftori-nodurusti-marzii-tolibon-1047991036.html
Эътирози марзбонони эронӣ ба рафтори нодурусти марзии толибон
Эътирози марзбонони эронӣ ба рафтори нодурусти марзии толибон
Sputnik Тоҷикистон
Мақомоти устони Хуросони Разавии Эрон ахиран эълом кардааст, ки марзбонии Эрон нисбат ба рафтори нодурусти марзии толибон дар Дуғорун эътироз карданд
2022-04-27T11:00+0500
2022-04-27T11:00+0500
2022-04-27T13:15+0500
эрон
афғонистон
осиёи марказӣ
марз
марзбонон
эътироз
толибон
муноқишаи марзӣ
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/06/03/1039932944_0:0:3072:1728_1920x0_80_0_0_cee7c6e47b5ab6de3d62f8f26fd60b39.jpg
ДУШАНБЕ, 27 апр — Sputnik. Муртазои Муҷаррадӣ, раиси Идораи транзитии роҳдорӣ ва ҳамлу нақли ҷодаии устони Хуросони Разавӣ дар гуфтугӯ бо хабаргузории ИРНА хабар додааст, ки дар пайи вуруди мошинолоти роҳсозӣ аз сӯйи толибон ба маҳдудаи марзии Дуғорун - Исломқалъа дар Тоибод марзбонии Эрон нисбат ба ин рафтори нодурсти марзбонӣ эътироз кардаанд.Вай афзуд, вазъияти фаъолият ва боз будани марзи Дуғорон дар ояндаи наздик аз сӯйи марзбонии Эрон мушаххас мешавад ва эълом хоҳад шуд.Муртазо Муҷаррадӣ ҳамчунин гуфт, бар асоси эъломи марзбонии Эрон, феълан ҳеҷ аз новгони борӣ ба самти марзи Эрон раҳсипор намешавад.Марзи Дуғоруни Тоибод дар Хуросони Разавӣ ахиран ба далели бархе рафторҳои муғойири усули марзбонӣ баста шуд, ки пас аз музокироти анҷомшуда ин марз бозгушоӣ шуд.Маркази шаҳристони 120-ҳазорнафарии Тоибод дар 228-километрии ҷанубу шарқи Машҳад воқеъ аст.Бояд гуфт, тайи чанд рӯзи ахир дар марзи Эрону Афғонистон чанд муноқишаи марзӣ сурат гирифт, ки боиси нигаронии мақомоти Эрону ҳукумати муваққати толибон дар Афғонистон шудааст.
https://sputnik.tj/20220425/eron-tolibon-tamini-amniyat-afghoniston-ojiz-1047951356.html
эрон
афғонистон
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2022
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/06/03/1039932944_214:0:2945:2048_1920x0_80_0_0_0abc71e11057014bfea7a1543c583587.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
эрон, афғонистон, толибон, марзбонон, эътироз, муноқишаи марзӣ
эрон, афғонистон, толибон, марзбонон, эътироз, муноқишаи марзӣ
Эътирози марзбонони эронӣ ба рафтори нодурусти марзии толибон
11:00 27.04.2022 (Навсозишуда: 13:15 27.04.2022) Мақомоти устони Хуросони Разавии Эрон ахиран эълом кардаанд, ки марзбонии Эрон нисбат ба рафтори нодурусти марзии толибон дар Дуғорун эътироз намудаанд
ДУШАНБЕ, 27 апр — Sputnik. Муртазои Муҷаррадӣ, раиси Идораи транзитии роҳдорӣ ва ҳамлу нақли ҷодаии устони Хуросони Разавӣ дар гуфтугӯ бо хабаргузории ИРНА хабар додааст, ки дар пайи вуруди мошинолоти роҳсозӣ аз сӯйи толибон ба маҳдудаи марзии Дуғорун - Исломқалъа дар Тоибод марзбонии Эрон нисбат ба ин рафтори нодурсти марзбонӣ эътироз кардаанд.
Вай афзуд, вазъияти фаъолият ва боз будани марзи Дуғорон дар ояндаи наздик аз сӯйи марзбонии Эрон мушаххас мешавад ва эълом хоҳад шуд.
Муртазо Муҷаррадӣ ҳамчунин гуфт, бар асоси эъломи марзбонии Эрон, феълан ҳеҷ аз новгони борӣ ба самти марзи Эрон раҳсипор намешавад.
Марзи Дуғоруни Тоибод дар Хуросони Разавӣ ахиран ба далели бархе рафторҳои муғойири усули марзбонӣ баста шуд, ки пас аз музокироти анҷомшуда ин марз бозгушоӣ шуд.
Маркази шаҳристони 120-ҳазорнафарии Тоибод дар 228-километрии ҷанубу шарқи Машҳад воқеъ аст.
Бояд гуфт, тайи чанд рӯзи ахир дар марзи Эрону Афғонистон чанд муноқишаи марзӣ сурат гирифт, ки боиси нигаронии мақомоти Эрону ҳукумати муваққати толибон дар Афғонистон шудааст.