https://sputnik.tj/20220426/zakharova-ravobit-rusiya-gharb-nazdik-bunbast-1047965603.html
Захарова равобити Русия ва Ғарбро наздик ба бунбаст номид
Захарова равобити Русия ва Ғарбро наздик ба бунбаст номид
Sputnik Тоҷикистон
Қаблан сафири Русия дар Амрико низ изҳор дошт, ки Вашингтон ба кори сафорат монеагузорӣ мекунад. Ӯ қайд намуд, ки Амрико дигар шарики Русия нест 26.04.2022, Sputnik Тоҷикистон
2022-04-26T14:20+0500
2022-04-26T14:20+0500
2023-02-08T19:48+0500
дар русия
сиёсат
ғарб
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e6/03/18/1047040694_398:231:3072:1735_1920x0_80_0_0_2934fa8bb91749d73c4dc4cc8a7fae62.jpg
ДУШАНБЕ, 26 апр — Sputnik. Равобити Русия ва Ғарб амалан дар бунбаст қарор доранд, гуфт сухангӯи Вазорати хориҷаи Русия Мария Захарова."Он қадар корҳои бад ва манфӣ анҷом дода шуданд, ки муносибатҳои байналмилалиро халалдор карданд. Агар минбаъд аз ҳамин усул истифода баранд, оқибатро худашон медонанд, ба бунбаст меорад. Амалан ба бунбаст ниҳоят наздик омадаем", - қайд намуд Захарова дар барномаи "Радио Россия".Қаблан сафири Русия дар ИМА Анатолий Антонов гуфта буд, дар кори сафорати ин кишвар дар ИМА аз ҷониби мақомоти Вашингтон монеа эҷод мешавад."Дар воқеъ, сафоратхона аз ҷониби ниҳодҳои давлатии ИМА муҳосира шудааст, суратҳисоби ду консулгарии генералии мо дар Ҳюстон ва Ню-Йорк аз ҷониби "Bank of America" баста шудааст. Мо ҳам тавассути телефон таҳдидҳо мегирем ва ҳам мактубҳо меоянд... Як вақт ҳатто баромад аз сафорат баста шуд”, - гуфт ӯ дар телевизиони “Россия 1”.Аз ин пеш сафири Русия дар Вашингтон Анатолий Антонов дар мусоҳиба бо "Politico" гуфта буд, ки Русия ва ИМА дигар шарик нестанд.Ба гуфтаи вай, худи мақомоти Амрико бояд тасмим бигиранд, ки Русия барои онҳо кист – шарик, рақиб, мухолиф ё душман.Кишварҳои ғарбӣ ба далели амалиёти низомии Русия дар Украина алайҳи Русия таҳрим ҷорӣ кардаанд. Шуморе аз ширкатҳо аз хуруҷи худ аз бозори Русия ва бастани корхонаҳои истеҳсолӣ дар ин кишвар хабар доданд.Вазири корҳои хориҷии Русия Сергей Лавров қайд кард, ширкатҳое, ки аз ҳамкорӣ бо Русия сарпечӣ мекунанд, ин корро зери фишори шадид анҷом доданд, аммо Русия ҳама мушкилотро ҳал хоҳад кард.
https://sputnik.tj/20220425/tayidi-ikhroj-diplomati-rus-vukh-rusiya-1047948399.html
ғарб
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2022
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e6/03/18/1047040694_641:225:3072:2048_1920x0_80_0_0_f1d73adbf5cfb15ea98ef96db6ca4bbc.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
дар русия, сиёсат , ғарб
Захарова равобити Русия ва Ғарбро наздик ба бунбаст номид
14:20 26.04.2022 (Навсозишуда: 19:48 08.02.2023) Қаблан сафири Русия дар Амрико низ изҳор дошт, ки Вашингтон ба кори сафорат монеагузорӣ мекунад. Ӯ қайд намуд, ки Амрико дигар шарики Русия нест
ДУШАНБЕ, 26 апр — Sputnik. Равобити Русия ва Ғарб амалан дар бунбаст қарор доранд, гуфт сухангӯи Вазорати хориҷаи Русия Мария Захарова.
"Он қадар корҳои бад ва манфӣ анҷом дода шуданд, ки муносибатҳои байналмилалиро халалдор карданд. Агар минбаъд аз ҳамин усул истифода баранд, оқибатро худашон медонанд, ба бунбаст меорад. Амалан ба бунбаст ниҳоят наздик омадаем", - қайд намуд Захарова дар барномаи "Радио Россия".
Қаблан сафири Русия дар ИМА Анатолий Антонов гуфта буд, дар кори сафорати ин кишвар дар ИМА аз ҷониби мақомоти Вашингтон монеа эҷод мешавад.
"Дар воқеъ, сафоратхона аз ҷониби ниҳодҳои давлатии ИМА муҳосира шудааст, суратҳисоби ду консулгарии генералии мо дар Ҳюстон ва Ню-Йорк аз ҷониби "Bank of America" баста шудааст. Мо ҳам тавассути телефон таҳдидҳо мегирем ва ҳам мактубҳо меоянд... Як вақт ҳатто баромад аз сафорат баста шуд”, - гуфт ӯ дар телевизиони “Россия 1”.
Аз ин пеш сафири Русия дар Вашингтон Анатолий Антонов дар мусоҳиба бо "Politico" гуфта буд, ки Русия ва ИМА дигар шарик нестанд.
Ба гуфтаи вай, худи мақомоти Амрико бояд тасмим бигиранд, ки Русия барои онҳо кист – шарик, рақиб, мухолиф ё душман.
Кишварҳои ғарбӣ ба далели амалиёти низомии Русия дар Украина алайҳи Русия таҳрим ҷорӣ кардаанд. Шуморе аз ширкатҳо аз хуруҷи худ аз бозори Русия ва бастани корхонаҳои истеҳсолӣ дар ин кишвар хабар доданд.
Вазири корҳои хориҷии Русия Сергей Лавров қайд кард, ширкатҳое, ки аз ҳамкорӣ бо Русия сарпечӣ мекунанд, ин корро зери фишори шадид анҷом доданд, аммо Русия ҳама мушкилотро ҳал хоҳад кард.