https://sputnik.tj/20220426/tahrimhot-rusiya-chin-nazdiktar-1047980829.html
ВУХ Русия: Таҳримоти Ғарб Русия ва Чинро наздиктар кард
ВУХ Русия: Таҳримоти Ғарб Русия ва Чинро наздиктар кард
Sputnik Тоҷикистон
Амалҳои Иёлоти Муттаҳидаи Амрико ва муттаҳидони аврупоии он имкон дод, ки дар муносибатҳои Русияву Чин як қадами ҷиддӣ ба пеш гузошта шавад
2022-04-26T19:10+0500
2022-04-26T19:10+0500
2022-04-26T20:39+0500
иқтисод
сиёсат
дар русия
чин
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e4/0a/1b/1032155731_0:160:3073:1888_1920x0_80_0_0_1f0821ca59d0f1ec738ab85c224db0c8.jpg
ДУШАНБЕ, 26 апр — Sputnik. Сиёсати зиддирусиягии Ғарб як омили наздикшавии Маскаву Пекин гардид. Дар ин бора муовини раиси Вазорати корҳои хориҷии Русия Игор Моргулов изҳор дошт. Ба гуфтаи ӯ, Русия ва Чин аллакай аз рӯи форматҳои ҳамкорӣ кор мекунанд, ки ба онҳо имкон медиҳад, ба тағйироти ҷории ҷаҳонӣ мутобиқ шаванд. Илова бар ин муколамаи сиёсии дуҷониба бо мазмуни нав пур шуда истодааст, кишварҳо қадамҳои минбаъдаро дар арсаи ҷаҳонӣ ҳамоҳанг мекунанд, гуфт Моргулов. Қаблан сафири Русия дар Чин Андрей Денисов гуфта буд, ки Маскав ва Пекин тасмим доранд, ҳамкориҳоро дар бахши кайҳонӣ густариш диҳанд. Ин, гуфт ӯ, ба рӯҳи инкишофи ҳамкории ҳаматарафаи Русияю Чин дар давраи нав мувофиқ аст.Коршинос: Таҳримҳои Ғарб алайҳи Русия ба Тоҷикистон ҳам таъсир кардЁдовар мешавем, ки Иёлоти Муттаҳида ва Иттиҳодияи Аврупо дар робита ба оғози амалиёти вижаи Русия барои ҳифзи Донбасс алайҳи Маскав маҳдудиятҳои густарда ҷорӣ кардаанд. Таҳримҳо ба соҳаҳои молиявӣ, энержӣ, нақлиёт, технологӣ ва сиёсати раводид таъсир расонданд. Ҳамин тариқ ИА амалиёти идоракунии захираҳо ва дороиҳои Бонки марказии Русияро манъ кард ва ба дунболи он як қатор бонкҳои Русияро аз низоми SWIFT ҷудо кард. ИМА воридоти нафти Русия, гази моеъ ва ангиштро маҳдуд кард ва баъдан арақ, маҳсулоти баҳрӣ ва алмоси сохти Русияро ба ин рӯйхат ворид намуд.Путин нақшаи вокуниши қатъии Русия ба таҳримҳои Ғарбро ошкор кардИнчунин бисёре аз брендҳои хориҷӣ кор дар Русияро боздоштанд.
чин
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2022
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e4/0a/1b/1032155731_170:0:2901:2048_1920x0_80_0_0_2e8fffb7f3d2cea8ffab2273cee5e0cf.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
таҳримҳот, ғарб, русия, таъсирот
таҳримҳот, ғарб, русия, таъсирот
ВУХ Русия: Таҳримоти Ғарб Русия ва Чинро наздиктар кард
19:10 26.04.2022 (Навсозишуда: 20:39 26.04.2022) Амалҳои Иёлоти Муттаҳидаи Амрико ва муттаҳидони аврупоии ӯ имкон дод, ки дар муносибатҳояшон Русияву Чин як қадами ҷиддӣ гузоранд
ДУШАНБЕ, 26 апр — Sputnik. Сиёсати зиддирусиягии Ғарб як омили наздикшавии Маскаву Пекин гардид. Дар ин бора муовини раиси Вазорати корҳои хориҷии Русия Игор Моргулов изҳор дошт.
Ба гуфтаи ӯ, Русия ва Чин аллакай аз рӯи форматҳои ҳамкорӣ кор мекунанд, ки ба онҳо имкон медиҳад, ба тағйироти ҷории ҷаҳонӣ мутобиқ шаванд.
"Аз эҳтимол дур аст, ки маҳз ҳамин чизро меъморони он ба даст овардан мехостанд, аммо далел рӯшан аст: рӯйдодҳои ҷорӣ, бешубҳа, ба таҳкими минбаъдаи ҳамкориҳои байни кишварҳои мо мусоидат мекунанд", - таъкид кард дипломат.
Илова бар ин муколамаи сиёсии дуҷониба бо мазмуни нав пур шуда истодааст, кишварҳо қадамҳои минбаъдаро дар арсаи ҷаҳонӣ ҳамоҳанг мекунанд, гуфт Моргулов.
Қаблан сафири Русия дар Чин Андрей Денисов гуфта буд, ки Маскав ва Пекин тасмим доранд, ҳамкориҳоро дар бахши кайҳонӣ густариш диҳанд.
Ин, гуфт ӯ, ба рӯҳи инкишофи ҳамкории ҳаматарафаи Русияю Чин дар давраи нав мувофиқ аст.
Ёдовар мешавем, ки Иёлоти Муттаҳида ва Иттиҳодияи Аврупо дар робита ба оғози амалиёти вижаи Русия барои ҳифзи Донбасс алайҳи Маскав маҳдудиятҳои густарда ҷорӣ кардаанд.
Таҳримҳо ба соҳаҳои молиявӣ, энержӣ, нақлиёт, технологӣ ва сиёсати раводид таъсир расонданд.
Ҳамин тариқ ИА амалиёти идоракунии захираҳо ва дороиҳои Бонки марказии Русияро манъ кард ва ба дунболи он як қатор бонкҳои Русияро аз низоми SWIFT ҷудо кард. ИМА воридоти нафти Русия, гази моеъ ва ангиштро маҳдуд кард ва баъдан арақ, маҳсулоти баҳрӣ ва алмоси сохти Русияро ба ин рӯйхат ворид намуд.
Инчунин бисёре аз брендҳои хориҷӣ кор дар Русияро боздоштанд.