https://sputnik.tj/20220426/taghyirot-kadr-sarmemor-poytakht-barkanor-tayin-1047955340.html
Тағйироти кадрӣ: Рустами Эмомалӣ сармеъморони пойтахтро барканору таъйин кард
Тағйироти кадрӣ: Рустами Эмомалӣ сармеъморони пойтахтро барканору таъйин кард
Sputnik Тоҷикистон
Усмонзода Қосим - сардори Сарраёсати меъморӣ ва шаҳрсозии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе аз мақомаш барканор карда шуд.
2022-04-26T09:32+0500
2022-04-26T09:32+0500
2022-04-26T13:40+0500
рустами эмомалӣ
дар тоҷикистон
тағйироти кадрӣ
пойтахт
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/103052/99/1030529931_0:83:1000:646_1920x0_80_0_0_d65ea8f6688aa4693d008111cbc3f0b1.jpg
ДУШАНБЕ, 26 апр — Sputnik. Рустами Эмомалӣ, шаҳрдори Душанбе сармеъморони пойтахтро иваз кардааст.Тибқи иттилои дафтари матбуотии шаҳрдорӣ, Усмонзода Қосим - сардори Сарраёсати меъморӣ ва шаҳрсозии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе аз мақомаш барканор шуд.Сабаби барканории ӯ мушаххас нест.Шаҳрдори Душанбе ба ҷойи Усмонзода дар ин мақом Азизиён Сами Солиро таъйин кардааст.Маврид ба зикр аст, ки то кунун, Азизиён Самӣ Солӣ дар вазифаи директори Корхонаи воҳиди давлатии Пажуҳишгоҳи илмӣ-тадқиқотӣ ва лоиҳакашии "Душанбешаҳрсоз" кор мекард.Маврид ба зикр аст, ки тайи чанд соли ахир масъалаи шаҳрсозӣ ва махсусан тахриби биноҳои таърихӣ вокунишҳои шадидро дар қибол дошт.Ахиран ба Рустами Эмомалӣ Ҳизби демократии Тоҷикистон низ пешниҳодҳое дар бораи беҳбуди шаҳрдорӣ ва ҳифзи мероси таърихӣ карда буд.Бинобар пешниҳодҳои ин ҳизб, ки онро раҳбараш Саидҷаъфар Усмонзода нашр кард, роҳҳои пойтахт васеътар, роҳҳои пиёдагард сохта шавад ва ҳамзамон биноҳои таърихӣ нигоҳ дошта шавад.Тибқи пешниҳоди ӯ, ба хотири эҳтироми таърихи як давраи зиндагии мардуми Тоҷикистон набояд биноҳои Театри опера ва балети ба номи Садриддин Айнӣ , Театри академӣ-драммавии ба номи Абдулқосим Лоҳутӣ, бинои Маҷлиси Олии ҶТ , чойхонаи "Роҳат", меҳмонхонаҳои "Душанбе", "Вахш" ва бинои асосии Донишгоҳи миллӣ тахриб шаванд.Ӯ ҳамзамон пешниҳод кардааст, ки намоди берунии "Кохи Борбад" пурра тағйир дода шавад, зеро он мутобиқи фарҳанги шаҳрсозии мо нест.Ба гуфтаи ӯ, роҳбарони пешини ҳукумати шӯравӣ бо беиродагӣ ва бетарафӣ ба бунёди ин бино иҷозат дода, намунаи нохуше барои наслҳои баъдӣ ба мерос мондаанд, ки вуҷуди ин иншоот ғурури нопухтаи насли наврасро мешиканад. Гуфта мешавад, дар ин бино маъракҳои муҳими давлатӣ мегузаранд, ки боиси таассуф аст. Сохти дохили бино ба талаботи истифодабарӣ пурра ҷавобгӯ мебошад, вале шакли берунаи бино ба ислоҳи ҷиддӣ ниёз дорад.
https://sputnik.tj/20220204/khalq-donad-zuvaydzoda-naqshai-generali-1045478535.html
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2022
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/103052/99/1030529931_0:0:971:728_1920x0_80_0_0_0c98b3aba4e99420b7fd3e4a5a40607c.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
тағйирот кадр рустами эмомалӣ барканор душанбе
тағйирот кадр рустами эмомалӣ барканор душанбе
Тағйироти кадрӣ: Рустами Эмомалӣ сармеъморони пойтахтро барканору таъйин кард
09:32 26.04.2022 (Навсозишуда: 13:40 26.04.2022) Шаҳрдори Душанбе дар пайи сарусадоҳои ахир дар бораи генплани пойтахт ва тахриби биноҳои таърихӣ дар бахши шаҳрсозӣ тағйироти кадрӣ анҷом дод
ДУШАНБЕ, 26 апр — Sputnik. Рустами Эмомалӣ, шаҳрдори Душанбе сармеъморони пойтахтро иваз кардааст.
Тибқи иттилои дафтари матбуотии шаҳрдорӣ, Усмонзода Қосим - сардори Сарраёсати меъморӣ ва шаҳрсозии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе аз мақомаш барканор шуд.
"Усмонзода Қосим - сардори Сарраёсати меъморӣ ва шаҳрсозии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе аз 25 апрели соли 2022 бо хоҳиши худаш аз мансаби ишғолнамудааш озод карда шавад", - омадааст дар қарори Рустами Эмомалӣ.
Сабаби барканории ӯ мушаххас нест.
Шаҳрдори Душанбе ба ҷойи Усмонзода дар ин мақом Азизиён Сами Солиро таъйин кардааст.
Маврид ба зикр аст, ки то кунун, Азизиён Самӣ Солӣ дар вазифаи директори Корхонаи воҳиди давлатии Пажуҳишгоҳи илмӣ-тадқиқотӣ ва лоиҳакашии "Душанбешаҳрсоз" кор мекард.
Маврид ба зикр аст, ки тайи чанд соли ахир масъалаи шаҳрсозӣ ва махсусан тахриби биноҳои таърихӣ вокунишҳои шадидро дар қибол дошт.
Ахиран ба Рустами Эмомалӣ Ҳизби демократии Тоҷикистон низ пешниҳодҳое дар бораи беҳбуди шаҳрдорӣ ва ҳифзи мероси таърихӣ карда буд.
Бинобар пешниҳодҳои ин ҳизб, ки онро раҳбараш Саидҷаъфар Усмонзода нашр кард, роҳҳои пойтахт васеътар, роҳҳои пиёдагард сохта шавад ва ҳамзамон биноҳои таърихӣ нигоҳ дошта шавад.
Тибқи пешниҳоди ӯ, ба хотири эҳтироми таърихи як давраи зиндагии мардуми Тоҷикистон набояд биноҳои Театри опера ва балети ба номи Садриддин Айнӣ , Театри академӣ-драммавии ба номи Абдулқосим Лоҳутӣ, бинои Маҷлиси Олии ҶТ , чойхонаи "Роҳат", меҳмонхонаҳои "Душанбе", "Вахш" ва бинои асосии Донишгоҳи миллӣ тахриб шаванд.
Ӯ ҳамзамон пешниҳод кардааст, ки намоди берунии "Кохи Борбад" пурра тағйир дода шавад, зеро он мутобиқи фарҳанги шаҳрсозии мо нест.
"Дар шаҳри Душанбе биное ҳаст, ки дар даврони шӯравӣ бо шиори "интернатсионазм", вале мазмунан таҳқир ба миллати тоҷик сохта шудааст. Ин бино "Кохи Борбад" мебошад, ки бо шакли “юрти муғулӣ” сохта шудааст! Борбад ба муғулу юрташ ягон монандӣ ё робитае надорад!", - гуфта буд ӯ.
Ба гуфтаи ӯ, роҳбарони пешини ҳукумати шӯравӣ бо беиродагӣ ва бетарафӣ ба бунёди ин бино иҷозат дода, намунаи нохуше барои наслҳои баъдӣ ба мерос мондаанд, ки вуҷуди ин иншоот ғурури нопухтаи насли наврасро мешиканад.
Гуфта мешавад, дар ин бино маъракҳои муҳими давлатӣ мегузаранд, ки боиси таассуф аст. Сохти дохили бино ба талаботи истифодабарӣ пурра ҷавобгӯ мебошад, вале шакли берунаи бино ба ислоҳи ҷиддӣ ниёз дорад.