https://sputnik.tj/20220426/putin-va-erdughon-vazi-ukrainaro-barrasi-kardand-1047978974.html
Путин ва Эрдуғон вазъи Украинаро баррасӣ карданд
Путин ва Эрдуғон вазъи Украинаро баррасӣ карданд
Sputnik Тоҷикистон
Кишвардори Русия дар суҳбат бо ҳамтои турки худ изҳор дошт, Мариупол феълан озод буда, он ҷо ягон амалиёти низомӣ сурат намегирад 26.04.2022, Sputnik Тоҷикистон
2022-04-26T18:20+0500
2022-04-26T18:20+0500
2022-04-26T20:32+0500
дар русия
туркия
владимир путин
раҷаб тайиб эрдуғон
сиёсат
украина
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/103082/98/1030829807_0:0:3049:1716_1920x0_80_0_0_9dd9f47f61c2fa6f503c56c9084e9a1d.jpg
ДУШАНБЕ, 26 апр — Sputnik. Кишвардори Русия Владимир Путин зимни суҳбат бо ҳамтои туркаш Раҷаб Тайиб Эрдуғон зикр намуд, ки дар Мариупол амалиёти низомӣ сурат намегирад, хабар медиҳад дафтари матбуотии роҳбари Русия."Президенти Русия Владимир Путин бо президенти Ҷумҳурии Туркия Раҷаб Тайиб Эрдуғон суҳбати телефонӣ анҷом дод... Дар бараи мавзуи пешниҳодшуда аз ҷониби Эрдуғон дар бораи вазъи Мариупол президенти Русия қайд кард, ки ин шаҳр озод буда, дар он ҷо ягон амалиёти низомӣ сурат нагирифтааст", - омадааст дар хабар.Илова бар ин президентҳои Русия ва Туркия, Владимир Путин ва Раҷаб Тайиб Эрдуғон вазъи Украина ва талошҳои Русия барои таъмини амнияти шаҳрвандон, аз ҷумла ташкили долонҳои башардӯстонаро баррасӣ карданд, хабар медиҳад дафтари матбуотии Кремл.Русия рӯзи 24 феврал амалиёти вижаро дар Украина оғоз кард. Кишвардори Русия Владимир Путин ҳадафи онро "ҳимояи одамоне номид, ки тӯли 8 сол аз сӯйи режими Киев мавриди таҳқиру наслкушӣ қарор гирифтаанд".Барои ин, ба гуфтаи ӯ, дар назар аст, ки "нозизудоӣ ва ғайринизомикунонии Украина" анҷом шуда, тамоми масъулини "ҷиноятҳои хунини зидди мардуми осоишта" дар Донбасс ба ҷавобгарӣ кашида шаванд. Аммо дар бораи ишғоли Украина сухане нест, таъкид кард раисҷумҳури Русия.Дар айни замон қувваҳои мусаллаҳи Федератсияи Русия вазифаи асосии марҳилаи аввали амалиёти махсусро анҷом додаанд. Онҳо иқтидори ҷангии Украинаро ба таври назаррас коҳиш доданд. Ҳадафи аслӣ дар Вазорати дифоъ озодсозии Донбасс номида шуд.Пас аз оғози амалиёти вижа Маскав ва Киев 4 даври музокироти рӯ ба рӯ баргузор карданд. Ҳайатҳо инчунин якчанд бор онлайнӣ тамос гирифтанд.
https://sputnik.tj/20220325/turkiya-sarmo-erdughon-tahrim-rusiya-1047070953.html
туркия
украина
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2022
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/103082/98/1030829807_75:0:2804:2047_1920x0_80_0_0_1d212644fee722b3dca1305384fa37a2.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
дар русия, туркия, владимир путин, раҷаб тайиб эрдуғон, сиёсат , украина
дар русия, туркия, владимир путин, раҷаб тайиб эрдуғон, сиёсат , украина
Путин ва Эрдуғон вазъи Украинаро баррасӣ карданд
18:20 26.04.2022 (Навсозишуда: 20:32 26.04.2022) Кишвардори Русия дар суҳбат бо ҳамтои турки худ изҳор дошт, Мариупол феълан озод буда, он ҷо ягон амалиёти низомӣ сурат намегирад
ДУШАНБЕ, 26 апр — Sputnik. Кишвардори Русия Владимир Путин зимни суҳбат бо ҳамтои туркаш Раҷаб Тайиб Эрдуғон зикр намуд, ки дар Мариупол амалиёти низомӣ сурат намегирад, хабар медиҳад дафтари матбуотии роҳбари Русия.
"Президенти Русия Владимир Путин бо президенти Ҷумҳурии Туркия Раҷаб Тайиб Эрдуғон суҳбати телефонӣ анҷом дод... Дар бараи мавзуи пешниҳодшуда аз ҷониби Эрдуғон дар бораи вазъи Мариупол президенти Русия қайд кард, ки ин шаҳр озод буда, дар он ҷо ягон амалиёти низомӣ сурат нагирифтааст", - омадааст дар хабар.
Илова бар ин президентҳои Русия ва Туркия, Владимир Путин ва Раҷаб Тайиб Эрдуғон вазъи Украина ва талошҳои Русия барои таъмини амнияти шаҳрвандон, аз ҷумла ташкили долонҳои башардӯстонаро баррасӣ карданд, хабар медиҳад дафтари матбуотии Кремл.
Русия рӯзи 24 феврал амалиёти вижаро дар Украина оғоз кард. Кишвардори Русия Владимир Путин ҳадафи онро "ҳимояи одамоне номид, ки тӯли 8 сол аз сӯйи режими Киев мавриди таҳқиру наслкушӣ қарор гирифтаанд".
Барои ин, ба гуфтаи ӯ, дар назар аст, ки "нозизудоӣ ва ғайринизомикунонии Украина" анҷом шуда, тамоми масъулини "ҷиноятҳои хунини зидди мардуми осоишта" дар Донбасс ба ҷавобгарӣ кашида шаванд. Аммо дар бораи ишғоли Украина сухане нест, таъкид кард раисҷумҳури Русия.
Дар айни замон қувваҳои мусаллаҳи Федератсияи Русия вазифаи асосии марҳилаи аввали амалиёти махсусро анҷом додаанд. Онҳо иқтидори ҷангии Украинаро ба таври назаррас коҳиш доданд. Ҳадафи аслӣ дар Вазорати дифоъ озодсозии Донбасс номида шуд.
Пас аз оғози амалиёти вижа Маскав ва Киев 4 даври музокироти рӯ ба рӯ баргузор карданд. Ҳайатҳо инчунин якчанд бор онлайнӣ тамос гирифтанд.