https://sputnik.tj/20220426/neru-rusiya-poygoh-tekhnika-nizomi-ukraina-video-1047973984.html
Нерӯҳои Русия пойгоҳи нигоҳдорӣ бо техникаи низомии Украинаро гирифтанд - видео
Нерӯҳои Русия пойгоҳи нигоҳдорӣ бо техникаи низомии Украинаро гирифтанд - видео
Sputnik Тоҷикистон
Дар пойгоҳи ишғолнамудаи нерӯҳои Русия аз ҷумла маҷмааҳои худгарди "Шилка", тӯпхонаи "Тунгуска", маҷмааҳои "Тор-М1" ва мушакҳои зенитии "Тору" ёфт шудаанд
2022-04-26T17:35+0500
2022-04-26T17:35+0500
2023-10-02T17:11+0500
амалиёти вижаи русия барои ҳимояи донбасс: охирин хабарҳо
видео
амният ва мудофиа
амалиёт
низомӣ
украина
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e6/04/1a/1047966499_0:0:1920:1080_1920x0_80_0_0_4ecd559549de616af95ad6f0362b5cc7.jpg
Вазорати дифои Русия видеои пойгоҳи нигоҳдорию таъмири техникаи низомии аз он ёфтшударо нашр кард. Ба иттилои манбаъ, қувваҳои мусаллаҳи Русия пойгоҳи нигоҳдорӣ ва таъмири техникаи Украинаро зери назорат гирифтанд. Бар асоси видео, дар пойгоҳи ишғолнамудаи нерӯҳои Русия маҷмуаҳои худгарди "Шилка", тӯпхонаи "Тунгуска", маҷмуаҳои "Тор-М1" ва мушакҳои зенитии "Тору" ва ғайраро мушоҳида кардан мумкин аст. Хадамоти нақлиётии қувваҳои мусаллаҳи Русия хабар дод, ки дар маҷмуъ аз пойгоҳи нигоҳдорӣ ҳудуди 100 техникаи низомӣ ёфт шудаст. "Дар ин пойгоҳ таъмири техникаи ҳарбие амалӣ мешуд, ки баъдан барои иҷрои вазифаҳои гузоштаи Ҳукумати Украина равона мегардид. Техника мусодира шуда, дар ихтиёри мо қарор дорад", - омадааст дар иттилоия.Лавров: Русия ба фош кардани иғвоҳои минбаъда ба мисли Буча идома медиҳадМаврид ба зикр аст, ки Русия баъди эътирофи истиқлоли ҷумҳуриҳои халқии Донетск ва Луганск барои ҳимояи аҳолии Донбасс, 24 феврал аз оғози амалиёти низомӣ дар Украина хабар дод. Кишвардори Русия Владимир Путин ҳадафи онро "ҳимояи одамоне номид, ки тӯли 8 сол аз сӯйи режими Киев мавриди таҳқиру наслкушӣ қарор гирифтаанд".Барои ин, ба гуфтаи ӯ, дар назар аст, ки "нозизудоӣ ва ғайринизомикунонии Украина" анҷом шуда, тамоми масъулини "ҷиноятҳои хунини зидди мардуми осоишта" дар Донбасс ба ҷавобгарӣ кашида шаванд. Аммо дар бораи ишғоли Украина сухане нест, таъкид кард раисҷумҳури Русия.
украина
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2022
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Ремонтная база Украины с военной техникой: видео Минобороны РФ
Sputnik Тоҷикистон
ВС РФ взяли под контроль ремонтную базу Украины со 100 единицами военной техники.
2022-04-26T17:35+0500
true
PT1M14S
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e6/04/1a/1047966499_240:0:1680:1080_1920x0_80_0_0_37b06a3b5d0f510640466906875f071c.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
ғасб, пойгоҳ, таъмир, низомӣ, техника
ғасб, пойгоҳ, таъмир, низомӣ, техника
Нерӯҳои Русия пойгоҳи нигоҳдорӣ бо техникаи низомии Украинаро гирифтанд - видео
17:35 26.04.2022 (Навсозишуда: 17:11 02.10.2023) Дар пойгоҳи ишғолнамудаи нерӯҳои Русия маҷмуаҳои худгарди "Шилка", тӯпхонаи "Тунгуска", маҷмуаҳои "Тор-М1" ва мушакҳои зенитии "Тору" ёфт шудаанд
Вазорати дифои Русия видеои пойгоҳи нигоҳдорию таъмири техникаи низомии аз он ёфтшударо нашр кард.
Ба иттилои манбаъ, қувваҳои мусаллаҳи Русия пойгоҳи нигоҳдорӣ ва таъмири техникаи Украинаро зери назорат гирифтанд.
"Аз қаламрави пойгоҳи таъмирӣ теъдоди зиёди маҷмуаҳои мудофиаи ҳавоии навъу таъйиноти гуногун, лавозимоти ҷангӣ ва қисмҳои эҳтиётии дастгоҳҳои радиолокатсионӣ ёфт шудаанд", - таъкид намуд Вазорати дифоъ.
Бар асоси видео, дар пойгоҳи ишғолнамудаи нерӯҳои Русия маҷмуаҳои худгарди "Шилка", тӯпхонаи "Тунгуска", маҷмуаҳои "Тор-М1" ва мушакҳои зенитии "Тору" ва ғайраро мушоҳида кардан мумкин аст.
Хадамоти нақлиётии қувваҳои мусаллаҳи Русия хабар дод, ки дар маҷмуъ аз пойгоҳи нигоҳдорӣ ҳудуди 100 техникаи низомӣ ёфт шудаст.
"Дар ин пойгоҳ таъмири техникаи ҳарбие амалӣ мешуд, ки баъдан барои иҷрои вазифаҳои гузоштаи Ҳукумати Украина равона мегардид. Техника мусодира шуда, дар ихтиёри мо қарор дорад", - омадааст дар иттилоия.
Маврид ба зикр аст, ки Русия баъди эътирофи истиқлоли ҷумҳуриҳои халқии Донетск ва Луганск барои ҳимояи аҳолии Донбасс, 24 феврал аз оғози амалиёти низомӣ дар Украина хабар дод.
Кишвардори Русия Владимир Путин ҳадафи онро "ҳимояи одамоне номид, ки тӯли 8 сол аз сӯйи режими Киев мавриди таҳқиру наслкушӣ қарор гирифтаанд".
Барои ин, ба гуфтаи ӯ, дар назар аст, ки "нозизудоӣ ва ғайринизомикунонии Украина" анҷом шуда, тамоми масъулини "ҷиноятҳои хунини зидди мардуми осоишта" дар Донбасс ба ҷавобгарӣ кашида шаванд. Аммо дар бораи ишғоли Украина сухане нест, таъкид кард раисҷумҳури Русия.