Маск соҳиби "Twitter" мешавад

© AFP 2023 / BRITTA PEDERSENИлон Маск
Илон Маск - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 26.04.2022
Обуна шудан
Интизор меравад, ки харид дар соли 2022 баста шавад, аммо дар ҳоли ҳозир созишномаи фурӯши ширкат аз ҷониби Шӯрои мудирони "Twitter" якдилона тасдиқ шудааст
ДУШАНБЕ, 26 апрел — Sputnik. Сарватмандтарин одами ҷаҳон Илон Маск "Twitter"-ро ба маблағи 44 миллиард доллар харидааст, менависад "The ​​Wall Street Journal" бо истинод ба манобеи огоҳаш.
Харидории "Twitter" аз ҷониби муассиси "SpaceX" ва "Tesla" метавонад пас аз анҷоми савдо эълон шавад. "Twitter" низ фурӯши ширкатро ба Маск тасдиқ кард.
Шӯрои мудирони ширкат ин созишномаро якдилона тасдиқ кард ва интизор меравад, ки то охири соли ҷорӣ он баста шавад.
Дар ҳамин ҳол сарвари "Twitter" Парага Агравала гуфта буд, ки пас аз соҳиби шабакаи иҷтимоӣ шудани миллиардер ширкат ояндаи номуайяне хоҳад дошт.

"Пас аз баста шудани созишнома мо намедонем, ки платформа кадом самтро пеш хоҳад гирифт", - гуфт Агравал ба кормандони ширкат ва итминон дод, ки ҳеҷ гуна ихтисор ба нақша гирифта нашудааст.

Гуфта мешавад, ҳамин ки соҳибкор тавонист бо Шӯрои мудирони ширкат дар мавриди фурӯш мувофиқат кунад, саҳмияҳои шабакаи иҷтимоӣ дарҳол 5,7% боло рафта, ба 51,70 доллар расид.
Тибқи навиштаҳои як қатор нашрияҳо, саҳҳомон барои ҳар як саҳмия 54,20 доллар мегиранд, аммо ҳамзамон ин нарх аз 70 долларе, ки "Twitter" дар соли 2021 муомила карда буд, хеле поинтар аст.
Барои харидани "Twitter", Маск 21 миллиард доллар - маблағҳои шахсӣ ҳамчун сармояи саҳҳомӣ ҷудо кард ва 25,5 миллиард доллари дигар барои соҳибкор бар ивази гарави саҳмияҳои "Tesla" аз ҷониби гурӯҳи бонкии "Morgan Stanley" ҷудо карда шуд.
Илон Маск - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 05.04.2022
"Forbes" Илон Маскро сарватмандтарин марди ҷаҳон эълон кард
Ҳанӯз 23 апрел соҳибкор эълон карда буд, ин шабакаи иҷтимоиро мехарад, то як платформаи ҷамъиятиеро ба вуҷуд орад, ки ба он бовар кардан мумкин бошад ва дар он ҳама ҳуқуқи изҳори андешаи худро дошта бошанд.
Маълум аст, ки худи Илон Маск аз соли 2009 дар шабакаи иҷтимоии "Twitter" фаъол аст. Вай зиёда аз 80 миллион ҳамванд дорад. Ӯ борҳо гуфта буд, ки аз қоидаҳои модератсияи мундариҷа дар ин фазо норозӣ аст ва тағйироте пешниҳод кардааст, ки бояд саҳифаҳои қалбакиро аз байн баранд.
Ёдовар мешавем, ки Маск сарватмандтарин одами сайёра аст. "Forbes" дороии ӯро ба ҳисоби саҳмияҳои "Tesla" 273,6 миллиард доллар арзёбӣ мекунад.
Лентаи хабарҳо
0