https://sputnik.tj/20220426/kardiolog-javon-tojik-sibir-1047973536.html
Марҳами дарди дил: кардиологи ҷавони тоҷик дар Сибир шуҳратёр шуд
Марҳами дарди дил: кардиологи ҷавони тоҷик дар Сибир шуҳратёр шуд
Sputnik Тоҷикистон
Табиби тоҷик сулолаи оилавии табибонро идома дода, мардумро дар вилояти Тюмен табобат мекунад ва матбуоти маҳаллӣ аз кори хуби ӯ аллакай менависад
2022-04-26T17:05+0500
2022-04-26T17:05+0500
2022-04-26T20:19+0500
пизишк
тоҷик
сибир
дар русия
наҷот
tajikistan style
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e6/04/1a/1047960981_0:70:440:318_1920x0_80_0_0_39b0a2979552afa96eb6701c11ff51ce.jpg
ДУШАНБЕ, 26 апр — Sputnik. Табиби дилшинос Насимҷон Намозов, зодаи Тоҷикистон дар вилояти Тюмен як мутахассиси ҷавони русиягӣ шудааст, менависад "Тюмен Медиа". Шаҳрванди тоҷик чанде пеш ба Заводоуковск кӯчидааст, вале роҳбарияти беморхонаи вилоятии рақами 12, ки дар он ҷо кор мекунад, дар симои табиб мутахассиси умедбахшро мебинанд ва маъмурияти ноҳияи шаҳр ба ӯ аллакай хонаи хизматӣ ҷудо кардааст. Насимҷон дар зодгоҳаш, Душанбе дар донишгоҳи тиббӣ асосҳои ин касбро омӯхтааст ва мегӯяд, ки аз замони мактабхонӣ орзуи дохил шудан ба донишгоҳи тиббиро дошт. Намозов иқрор мешавад, ки беморон дар Русия дар аввал аз дидани табиби ҷавон дар ҳуҷраи дилпизишк ҳайрон мешуданд, вале ҳоло барои табобати бемориҳо ба ӯ бовар мекунанд. Ба мутахассис лозим омад, ки дар рӯзҳои душвори пандемия қадамҳои аввалинро дар касб гузорад. Вай бо беморон дар "минтақаи сурх" машварат мекард. Ҷадвали корӣ ҳоло ҳам банд аст - беморон зиёданд, КОВИД дар системаи дилу рагҳои одамони бемор мушкил эҷод мекунад.Қадрдонии мақомоти тандурустии Русия аз пизишки тоҷикМаълум шуд, Насимҷон бо маслиҳати бародари калонаш Акбаршо, ки дер боз дар Сибир зиндагй мекунад, ба Русия омадааст. Ӯ ҳам табиб аст, ординатураро дар Ростови лаби Дон хатм кардааст ва ҳоло дар шаҳри Упоровои Тюмен ба ҳайси табиб кор мекунад. Намозов мегӯяд, корашро дӯст медорад, таҷҳизоти нав кумаки калон мерасонад, асосаш ин ки ӯро дастгирӣ мекунанд ва ба шарофати манзили додашуда барои овардани зани ҷавонаш ҷой дорад. Ҳоло ҳамсараш донишҷӯ аст - дорусози оянда. "Ин сол барои ман махсусан муҳим аст. Моҳи март ман шиносномаи русиамро гирифтам ва дар моҳи май фарзанди нахустини мо таваллуд мешавад. Воқеан, умедворам, ки писарам ҳам мисли ман бо ману падарам фахр мекунад ва шояд сулолаи тиббии моро давом диҳад", — хулоса мекунад духтури тоҷик.
сибир
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2022
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e6/04/1a/1047960981_0:29:440:359_1920x0_80_0_0_4224f44d499bd422c2bb4b16affac23f.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
пизишки тоҷик, сибир, кардиолог, давои қалбҳо
пизишки тоҷик, сибир, кардиолог, давои қалбҳо
Марҳами дарди дил: кардиологи ҷавони тоҷик дар Сибир шуҳратёр шуд
17:05 26.04.2022 (Навсозишуда: 20:19 26.04.2022) Табиби тоҷик сулолаи оилавии табибонро идома дода, мардумро дар вилояти Тюмен табобат мекунад ва матбуоти маҳаллӣ аллакай аз кори хуби ӯ гузориш медиҳанд
ДУШАНБЕ, 26 апр — Sputnik. Табиби дилшинос Насимҷон Намозов, зодаи Тоҷикистон дар вилояти Тюмен як мутахассиси ҷавони русиягӣ шудааст, менависад "Тюмен Медиа".
Шаҳрванди тоҷик чанде пеш ба Заводоуковск кӯчидааст, вале роҳбарияти беморхонаи вилоятии рақами 12, ки дар он ҷо кор мекунад, дар симои табиб мутахассиси умедбахшро мебинанд ва маъмурияти ноҳияи шаҳр ба ӯ аллакай хонаи хизматӣ ҷудо кардааст.
Насимҷон дар зодгоҳаш, Душанбе дар донишгоҳи тиббӣ асосҳои ин касбро омӯхтааст ва мегӯяд, ки аз замони мактабхонӣ орзуи дохил шудан ба донишгоҳи тиббиро дошт.
"Ман мехостам, мисли падарам бошам, ӯ дорусоз аст. Дар кӯдакӣ ман бо падарам хеле ифтихор мекардам: ба назди ӯ ба кор медавед ва мебинед, ки ӯ хеле оқил аст, дар тан либоси сафед дорад. Ҳама ӯро эҳтиром мекарданд. Барои оилаи мо ӯ як пешвои воқеӣ аст", - ба ёд меорад ӯ.
Намозов иқрор мешавад, ки беморон дар Русия дар аввал аз дидани табиби ҷавон дар ҳуҷраи дилпизишк ҳайрон мешуданд, вале ҳоло барои табобати бемориҳо ба ӯ бовар мекунанд.
Ба мутахассис лозим омад, ки дар рӯзҳои душвори пандемия қадамҳои аввалинро дар касб гузорад. Вай бо беморон дар "минтақаи сурх" машварат мекард.
Ҷадвали корӣ ҳоло ҳам банд аст - беморон зиёданд, КОВИД дар системаи дилу рагҳои одамони бемор мушкил эҷод мекунад.
Маълум шуд, Насимҷон бо маслиҳати бародари калонаш Акбаршо, ки дер боз дар Сибир зиндагй мекунад, ба Русия омадааст. Ӯ ҳам табиб аст, ординатураро дар Ростови лаби Дон хатм кардааст ва ҳоло дар шаҳри Упоровои Тюмен ба ҳайси табиб кор мекунад.
Намозов мегӯяд, корашро дӯст медорад, таҷҳизоти нав кумаки калон мерасонад, асосаш ин ки ӯро дастгирӣ мекунанд ва ба шарофати манзили додашуда барои овардани зани ҷавонаш ҷой дорад. Ҳоло ҳамсараш донишҷӯ аст - дорусози оянда.
"Ин сол барои ман махсусан муҳим аст. Моҳи март ман шиносномаи русиамро гирифтам ва дар моҳи май фарзанди нахустини мо таваллуд мешавад. Воқеан, умедворам, ки писарам ҳам мисли ман бо ману падарам фахр мекунад ва шояд сулолаи тиббии моро давом диҳад", — хулоса мекунад духтури тоҷик.