Ҷалби муҳоҷирони меҳнатӣ аз Тоҷикистон ба бахши кишоварзӣ дар Бритониё

© Sputnik / Сергей Пятаков / Гузариш ба медиабонкМигранты на Красной площади
Мигранты на Красной площади - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 26.04.2022
Обуна шудан
Муҳлати ниҳоии сафари муҳоҷирони меҳнатӣ аз Тоҷикистон дар Бритониё барои кори мавсимӣ 6 моҳ муқаррар шуда, бо гузашти ин муҳлат коргар бояд ба Ватан баргардад
ДУШАНБЕ, 26 апр — Sputnik. Тоҷикистон ният дорад, дар марҳилаи аввал ҳудуди 500 муҳоҷири меҳнатиро ба Бритониёи кабир сафарбар созад, хабар дод Диёр Норматов, мудири Маркази машваратӣ ва омодагии пеш аз сафари муҳоҷирони меҳнатӣ дар шаҳри Душанбе.
Норматов дар суҳбат бо хабаргузории "Ховар" тафсилоти муҳоҷирати мавсимӣ ба Бритониёро тавзеҳ додааст.
"Дар марҳилаи аввал зиёда аз 200 нафар аз шаҳрвандон интихоб гардиданд, ки ҳуҷҷатҳои онҳоро мо ба сафорати Бритониёи Кабир дар Тоҷикистон пешниҳод намудем. Сипас аз ҷониби худи ширкат аз тариқи онлайнӣ бо шаҳрвандон суҳбат намуда, 60 нафари онҳоро интихоб намуданд", - афзуд ӯ.
Дар феҳрасти талабот аз муҳоҷирон донистани забони англисӣ дар сатҳи муошират зикр шудааст.
Пассажир в защитной маске в международном аэропорту  - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 13.02.2022
Хушқаду русидон: Туркия тоҷиконро ба меҳмонхонаҳояш даъват мекунад
Норматов муҳлати сафарро то 6 моҳ гуфта, илова намуд, ки хароҷоти сафар аз сӯи худи муҳоҷирон пардохт мегардад. Феълан ҳудуди 1 ҳазор нафар барои муҳоҷирати мавсимии меҳнатӣ ба Бритониё номнавис шудаанд, афзуд ӯ.
Маврид ба зикр аст, ки ҳамсола садҳо ҳазор аз шаҳрвандони Тоҷикистон барои дарёфти ризқу таъмини хонаводаҳо ба муҳоҷирати меҳнатӣ мераванд. Қабулкунандаи аслии муҳоҷирони меҳнатӣ аз Тоҷикистон Русия мебошад, ки ҳудуди 1 млн муҳоҷири тоҷикистонӣ дорад.
Мақомоти Тоҷикистон мегӯянд, дар баробари Русия ва Қазоқистон, ки аз қабулкунандаҳои асосии муҳоҷирони тоҷиканд, талош доранд, бо кишварҳои дигар низ дар бахши муҳоҷират ҳамкориро ба роҳ монанд.
Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғлии аҳолии Тоҷикистон аз ҷумла аз ҳамкорӣ дар бахши роҳандозии муҳоҷират бо Корея, Туркия ва Кувейт хабар дода буд.
Лентаи хабарҳо
0