https://sputnik.tj/20220426/bozyoft-ghayrichashmdosht-poygoh-qmu-nizomiyon-rus-hayrat-video-1047982337.html
Бозёфтҳои ғайричашмдошт дар пойгоҳи тарккардаи ҚМУ низомиёни русро ба ҳайрат овард - видео
Бозёфтҳои ғайричашмдошт дар пойгоҳи тарккардаи ҚМУ низомиёни русро ба ҳайрат овард - видео
Sputnik Тоҷикистон
Вазорати дифои Русия видеоҳо аз пойгоҳи тарккардаи низомиёни Украинаро намоиш дод: дар видео дида мешавда, ки дар пойгоҳ чӣ пинҳон аст 26.04.2022, Sputnik Тоҷикистон
2022-04-26T19:50+0500
2022-04-26T19:50+0500
2022-04-26T20:46+0500
видео
украина
низомиён
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e6/04/1a/1047976889_0:0:1920:1080_1920x0_80_0_0_76e0dbd96ae8969dc6cede325461c10a.jpg
Артиши Русия пойгоҳи нигаҳдорӣ ва таъмири таҷҳизоти боқимондаи нерӯҳои мусаллаҳи Украинаро таҳти назорат гирифт. Дар ин бора Вазорати дифои Русия хабар дод. Дар видеое, ки ин идора нашр кардааст, дидан мумкин аст, ки дар ҳудуди як қисми низомии партофташуда чӣ мавҷуд аст. Дар видео шумораи зиёди системаҳои дифои ҳавоӣ барои таъиноти гуногун, лавозимоти ҷангӣ, инчунин қисмҳои эҳтиётии стансияҳои радиолокатсионӣ дида мешавад. Воҳидҳои қувваҳои мусаллаҳи Украина ақибнишинӣ карда, лавозимоти ҷангӣ, техникаи эҳтиётӣ, аслиҳа ва ҳуҷҷатҳоро ин ҷо партофтанд.Нерӯҳои Русия пойгоҳи нигоҳдорӣ бо техникаи низомии Украинаро гирифтанд - видеоБа гуфтаи Владимир, раиси хадамоти мошинсозӣ, 100 адад техника дар ихтиёри артиши Русия буд. Дар байни онҳо "Тунгуска", "Шилка" ва ғайра аст.Ёдовар мешавад, Русия рӯзи 24 феврал амалиёти вижаро дар Украина оғоз кард. Кишвардори Русия Владимир Путин ҳадафи онро "ҳимояи одамоне номид, ки тӯли 8 сол аз сӯйи режими Киев мавриди таҳқиру наслкушӣ қарор гирифтаанд".Барои ин, ба гуфтаи ӯ, дар назар аст, ки "нозизудоӣ ва ғайринизомикунонии Украина" анҷом шуда, тамоми масъулини "ҷиноятҳои хунини зидди мардуми осоишта" дар Донбасс ба ҷавобгарӣ кашида шаванд.Пушилин: Миллатгароён дар "Азовстал" мехоҳанд бо силоҳ ба Туркия истирдод шавандАммо дар бораи ишғоли Украина сухане нест, таъкид кард раисҷумҳури Русия.Дар айни замон қувваҳои мусаллаҳи Федератсияи Русия вазифаи асосии марҳилаи аввали амалиёти махсусро анҷом додаанд.Онҳо иқтидори ҷангии Украинаро ба таври назаррас коҳиш доданд. Ҳадафи аслӣ дар Вазорати дифоъ озодсозии Донбасс номида шуд.
украина
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2022
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e6/04/1a/1047976889_128:0:1568:1080_1920x0_80_0_0_ce006a4e6db6ff6363dd60d746d37164.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
видео, украина, низомиён, видео
видео, украина, низомиён, видео
Бозёфтҳои ғайричашмдошт дар пойгоҳи тарккардаи ҚМУ низомиёни русро ба ҳайрат овард - видео
19:50 26.04.2022 (Навсозишуда: 20:46 26.04.2022) Вазорати дифои Русия видеоҳо аз пойгоҳи тарккардаи низомиёни Украинаро намоиш дод: дар видео дида мешавда, ки дар пойгоҳ чӣ пинҳон аст
Артиши Русия пойгоҳи нигаҳдорӣ ва таъмири таҷҳизоти боқимондаи нерӯҳои мусаллаҳи Украинаро таҳти назорат гирифт. Дар ин бора Вазорати дифои Русия хабар дод.
Дар видеое, ки ин идора нашр кардааст, дидан мумкин аст, ки дар ҳудуди як қисми низомии партофташуда чӣ мавҷуд аст.
Дар видео шумораи зиёди системаҳои дифои ҳавоӣ барои таъиноти гуногун, лавозимоти ҷангӣ, инчунин қисмҳои эҳтиётии стансияҳои радиолокатсионӣ дида мешавад.
Воҳидҳои қувваҳои мусаллаҳи Украина ақибнишинӣ карда, лавозимоти ҷангӣ, техникаи эҳтиётӣ, аслиҳа ва ҳуҷҷатҳоро ин ҷо партофтанд.
Ба гуфтаи Владимир, раиси хадамоти мошинсозӣ, 100 адад техника дар ихтиёри артиши Русия буд. Дар байни онҳо "Тунгуска", "Шилка" ва ғайра аст.
Ёдовар мешавад, Русия рӯзи 24 феврал амалиёти вижаро дар Украина оғоз кард. Кишвардори Русия Владимир Путин ҳадафи онро "ҳимояи одамоне номид, ки тӯли 8 сол аз сӯйи режими Киев мавриди таҳқиру наслкушӣ қарор гирифтаанд".
Барои ин, ба гуфтаи ӯ, дар назар аст, ки "нозизудоӣ ва ғайринизомикунонии Украина" анҷом шуда, тамоми масъулини "ҷиноятҳои хунини зидди мардуми осоишта" дар Донбасс ба ҷавобгарӣ кашида шаванд.
Аммо дар бораи ишғоли Украина сухане нест, таъкид кард раисҷумҳури Русия.
Дар айни замон қувваҳои мусаллаҳи Федератсияи Русия вазифаи асосии марҳилаи аввали амалиёти махсусро анҷом додаанд.
Онҳо иқтидори ҷангии Украинаро ба таври назаррас коҳиш доданд. Ҳадафи аслӣ дар Вазорати дифоъ озодсозии Донбасс номида шуд.