https://sputnik.tj/20220425/tazohurot-faronsa-intikhobot-rayost-jumhuri-1047951770.html
Тазоҳурот дар Фаронса баъд аз эълони натоиҷи интихоботи раёсатҷумҳурӣ - видео
Тазоҳурот дар Фаронса баъд аз эълони натоиҷи интихоботи раёсатҷумҳурӣ - видео
Sputnik Тоҷикистон
Дар шаҳрҳои Фаронса баъд аз эълони натоиҷи пешакии интихоботи раёсати ҷумҳурӣ тазоҳуроти густарда оғоз шуд. Ҳазорҳо нафар ба кӯчаҳои Фаронса рехтанд
2022-04-25T21:35+0500
2022-04-25T21:35+0500
2022-04-26T13:00+0500
видео
фаронса
интихобот
эммануэл макрон
натиҷа
тазоҳурот
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e6/04/19/1047951796_0:0:1280:720_1920x0_80_0_0_f77e7d9cf3ffaf2e5e6f18280973f1b0.jpg
Тибқи иттилои Вазорати умури дохилии Фаронса, пас аз ҳисоби 71 дарсади ороъ раҳбари феълӣ Эммануэл Макрон дар даври дувуми интихоботи президентӣ, 53,91 дарсад раъй ба даст овардааст. Марин Ле Пен бошад, 46,09 дарсад раъй ба даст овардааст. Хабаргузории РИА "Новости" аз Порис дар бораи задухӯрди ҷавонон бо пулис хабар медиҳад. Кормандони ҳифзи ҳуқуқ тамоми даромадгоҳҳои майдонро муҳосира карданд. Инчунин ба ин эътирозҳо нафароне аз аъзои ҳаракати сиёҳ ҳамроҳ шуданд, ки онҳо ба ташкили иғвогарӣ ва бетартибиҳо машҳуранд.Путин Макронро бо пирӯзияш дар интихобот шодбош гуфтОнҳо ба сӯйи афсарони пулис шиша ва дигар ашё партофтанд. Мақомоти интизомӣ бо гази ашковар посух доданд. Ба иттилои шабакаи телевизионии "France 3", тақрибан 400 нафар дар кӯчаи Тулуза ҷамъ омадаанд. Эътирозгарон шиори бузурге бардоштаанд, ки дар он навишта шудааст: "На Макрон ва на Ле Пен." Онҳо ҳам Ле Пен ва ҳам Макронро қабул надоранд ва интихоботро "ғайриқонунӣ" мехонанд.Раҳмон президенти тозаинтихоби Фаронсаро ба Тоҷикистон даъват кардИн шабака ҳамчунин дар бораи тазоҳуроте дар Нант хабар додааст, ки дар он мардум алайҳи интихоби дубораи Макрон эътироз доранд.Президенти Фаронса ба муддати панҷ сол интихоб мешавад. Дар овоздиҳӣ ҳудуди 49 миллион нафар шаҳрванд ширкат карданд. Даври аввали он рӯзи 10 апрел баргузор шуда, дар он 12 номзад ширкат карданд. Макрон ва Ле Пен ба даври дуюм баромаданд. Дар даври аввал раисҷумҳури феълӣ 27,84 дарсад, Марин Ле Пен 23,15 дарсади ороъро ба даст овардаанд. Раиси Додгоҳи конститутсионии Фаронса рӯзи 27 апрел натоиҷи овоздиҳиро расман эълон хоҳад кард.
фаронса
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2022
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Столкновения на акциях протеста в Париже
Sputnik Тоҷикистон
Столкновения на акциях протеста в Париже
2022-04-25T21:35+0500
true
PT0M35S
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e6/04/19/1047951796_146:0:1106:720_1920x0_80_0_0_d76872e86b7401ff9657d09d6b1444e7.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
фаронса, интихобот, тазоҳурот, эътироз, тазоҳурот, видео
фаронса, интихобот, тазоҳурот, эътироз, тазоҳурот, видео
Тазоҳурот дар Фаронса баъд аз эълони натоиҷи интихоботи раёсатҷумҳурӣ - видео
21:35 25.04.2022 (Навсозишуда: 13:00 26.04.2022) Дар шаҳрҳои Фаронса баъд аз эълони натоиҷи пешакии интихоботи раёсатҷумҳурӣ тазоҳуроти густарда оғоз шуд. Ҳазорҳо нафар ба кӯчаҳои Фаронса рехтанд
Тибқи иттилои Вазорати умури дохилии Фаронса, пас аз ҳисоби 71 дарсади ороъ раҳбари феълӣ Эммануэл Макрон дар даври дувуми интихоботи президентӣ, 53,91 дарсад раъй ба даст овардааст. Марин Ле Пен бошад, 46,09 дарсад раъй ба даст овардааст.
Хабаргузории РИА "Новости" аз Порис дар бораи задухӯрди ҷавонон бо пулис хабар медиҳад.
Кормандони ҳифзи ҳуқуқ тамоми даромадгоҳҳои майдонро муҳосира карданд. Инчунин ба ин эътирозҳо нафароне аз аъзои ҳаракати сиёҳ ҳамроҳ шуданд, ки онҳо ба ташкили иғвогарӣ ва бетартибиҳо машҳуранд.
Онҳо ба сӯйи афсарони пулис шиша ва дигар ашё партофтанд. Мақомоти интизомӣ бо гази ашковар посух доданд.
Ба иттилои шабакаи телевизионии "France 3", тақрибан 400 нафар дар кӯчаи Тулуза ҷамъ омадаанд. Эътирозгарон шиори бузурге бардоштаанд, ки дар он навишта шудааст: "На Макрон ва на Ле Пен." Онҳо ҳам Ле Пен ва ҳам Макронро қабул надоранд ва интихоботро "ғайриқонунӣ" мехонанд.
Ин шабака ҳамчунин дар бораи тазоҳуроте дар Нант хабар додааст, ки дар он мардум алайҳи интихоби дубораи Макрон эътироз доранд.
Президенти Фаронса ба муддати панҷ сол интихоб мешавад. Дар овоздиҳӣ ҳудуди 49 миллион нафар шаҳрванд ширкат карданд. Даври аввали он рӯзи 10 апрел баргузор шуда, дар он 12 номзад ширкат карданд.
Макрон ва Ле Пен ба даври дуюм баромаданд. Дар даври аввал раисҷумҳури феълӣ 27,84 дарсад, Марин Ле Пен 23,15 дарсади ороъро ба даст овардаанд. Раиси Додгоҳи конститутсионии Фаронса рӯзи 27 апрел натоиҷи овоздиҳиро расман эълон хоҳад кард.