Шарҳи Соловёв дар бораи сӯиқасд ба ҷонаш

© Sputnik / Владимир Федоренко / Гузариш ба медиабонкЖурналист, теле- и радиоведущий Владимир Соловьев
Журналист, теле- и радиоведущий Владимир Соловьев - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 25.04.2022
Обуна шудан
Рӯзноманигори русиягӣ, ки ахиран аз суиқасд ба ҷонаш ҷилавгирӣ карда шуд, изҳор дошт, ки баъди таҳдиди ошкорои роҳбарияти Украина пайгири амнияташ шуда буд
ДУШАНБЕ, 25 апр — Sputnik. Рӯзноманигор Владимир Соловёв дар шарҳи хабарҳо аз тарҳи суиқасд ба ҷонаш изҳор дошт, ки фикр мекунад, дар ин қазия раисҷумҳури Украина Владимир Зеленский даст дорад.
Ӯ ин нуктаро дар суҳбат бо РИА "Новости" баён дошта, афзуд, ки рӯзноманигори "дӯстдошта"-и Зеленский аст.

"Фикр мекунам, ин бевосита бо Зеленский рабт дорад, чун борҳо ошкоро таҳдид кардааст, чандин бор насабамро зикр намуда буд. Зоҳиран рӯзноманигори "дӯстдошта"-аш мебошам. Барои кадом коре ӯро нороҳат мекунам", - гуфт Соловёв.

Ӯ афзуд, ҳич ҳолати таъқиби худро мушоҳида накардааст ва инро далели хеле касбӣ кор кардани мақомоти дахлдори Русия хондааст.
Рӯзноманигор инчунин таъкид кардааст, ки дар пайи таҳдидҳои раисҷумҳури Украина барои таъмини амнияташ бархе чораҳо андешид.
Ахиран Хадамоти федералии амният аз ошкор шудани суиқасд ба ҷони рӯзноманигори шинохта Владимир Соловёв хабар дод.
Президент РФ Владимир Путин - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 25.04.2022
Путин аз фармоишгарони қасди ҷони журналист гуфт: дар майдони хабарӣ ҳам шикаст хӯрдаанд
Ба иттилои манбаъ, суиқасд дар пайи амалиёти муштараки кормандони мақомоти федералии амният ва Кумитаи тафтишотии Русия ошкор шудааст.
"Гуруҳи аъзои созмони террористии миллатгарои мамнуъ дар Русия, "Cотсиализми миллӣ/Нерӯи сафед"* ният доштаанд, фаъоли ҷамъиятӣ, рӯзноманигори шинохта, Владимир Соловёвро кушанд", - омадааст дар иттилоияи расмӣ.
Мақомот мегӯянд, ин ҷиноят бо дастури Хадамоти амнияти миллии Украина тарҳрезӣ шуда, аз боздоштшудаҳо лавозимоти ҷангию адабиёт мусодира гардидааст.
*-созмони террористии мамнуъ дар Русия
Лентаи хабарҳо
0