Снаряженные магазины от автомата Калашникова  - Sputnik Тоҷикистон, 1920
Амалиёти вижаи Русия барои ҳимояи Донбасс: охирин хабарҳо
Дар пасманзари зӯргӯиҳои мақомоти Киев алайҳи Донетску Луганск, Русия мустақилияти ин ҷумҳуриҳоро эътироф кард. Бо дархости роҳбарони ҶХЛ ва ҶХД, Владимир Путин, президенти Русия 24 феврал барои амалиёти вижаи ҳимоя аз Донбасс дастур дод, ки феълан идома дорад

Пушилин: Муҳосирашудаҳо дар "Азовстал"-ро воҳима зер кардаст

© Sputnik / Илья Питалев / Гузариш ба медиабонкМеталлургический комбинат "Азовсталь" в Мариуполе
Металлургический комбинат Азовсталь в Мариуполе - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 25.04.2022
Обуна шудан
Муҳосирашудаҳо дар корхонаи "Азовстал" дар ҳолати сарсонӣ роҳҳои халосӣ аз муҳосираро ҷуста истодаанд, аммо барои гурезашон имкон дода нахоҳад шуд
ДУШАНБЕ, 25 апр — Sputnik. Дар қаламрави "Азовстал" дар шаҳри Мариупол ҳудуди 400 ҷангии хориҷӣ низ қарор доранд, изҳор дошт Денис Пушилин, роҳбари Ҷумҳурии Халқии Донетск.
"Теъдоди умумӣ, тавре қаблан иттилоъ дода шуд, ҳудуди 400 ҷангии хориҷиянд, ки ҳанӯз ҳам дар он қарор доранд", - гуфт ӯ аз тариқи телевизиони "Россия 24".
Ба иттилои Пушилин, миллатгароҳо метавонанд талоши фирор аз "Азовстал" кунанд, аммо Русия ва Ҷумҳурии Халқии Донетск нерӯи кофӣ барои ҷилавгирӣ аз ин корро доранд.
Роҳбари ҶХД таъкид намуд, ки муҳосирашудаҳо дар "Азовстал"-ро воҳима зер карда истодааст, онҳо аз мақомоти Киев ва ҷомеаи ҷаҳонӣ кумак хоста истодаанд.
"Бо пешниҳодҳои гуногун муроҷиат мекунанд, пешниҳодҳо бо забони русӣ дар мавриди зарурати ҳалли қазия бо роҳи сиёсӣ бештар садо медиҳанд. Амалан онҳо талош доранд, бо ҳар восита наҷот ёбанд", - таъкид намуд вай.
Сергей Шойгу, вазири мудофиаи Русия ахиран ба раисҷумҳур Владимир Путин ҳисобот дод, ки Мариупол озод шуд, танҳо бархе ҷангиён дар "Азовстал" паноҳ бурдаанд.
Ӯ гузориш дод, ки беш аз 2 ҳазор ҷангӣ феълан дар ҳудуди корхонаи "Азовстал" муҳосира шудаанд. Аз шумораи муҳосирашудаҳо то ҳол 1478 нафар таслим шудаанд, афзуд вазир.
Президент РФ В. Путин провел совещание по развитию агропромышленного и рыбохозяйственного комплексов - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 22.04.2022
Амалиёти вижаи Русия барои ҳимояи Донбасс: охирин хабарҳо
Путин ба Мишел гуфт, Киев намегузорад, ки муҳосирашудаҳо дар "Азовстал" таслим шаванд
Владимир Путин амр дод, ки ҳамла ба "Азовстал" лағв гардад, то ҷони низомиён ҳифз шавад. Ӯ хост, ба муҳосирашудаҳо бори дигар пешниҳод гардад, ки таслим шаванд.
Вазорати мудофиаи Русия тайи рӯзҳои охир ба такрор ба муҳосирашудаҳо пешниҳод дорад, ки силоҳро ба замин гузоранду таслим шаванд. Аз ҷумла таъкид шуда, ки агар мулкиҳо дар қаламрави "Азовстал" қарор доранд, метавонанд аз низоми хомӯшӣ ва долонҳои башардӯстона истифода баранду берун шаванд.
Лентаи хабарҳо
0