https://sputnik.tj/20220425/payomi-rahmon-makron-tojikiston-davat-1047934429.html
Раҳмон президенти тозаинтихоби Фаронсаро ба Тоҷикистон даъват кард
Раҳмон президенти тозаинтихоби Фаронсаро ба Тоҷикистон даъват кард
Sputnik Тоҷикистон
Раисиҷумҳури Тоҷикистон дар паёми шодбошияш ба президенти тозаинтихоби Фаронса ҳавасмандияшро барои густаришу тавсеаи бештари ҳамкориҳо баён доштаст
2022-04-25T15:15+0500
2022-04-25T15:15+0500
2022-04-25T18:29+0500
дар тоҷикистон
эмомалӣ раҳмон
эммануэл макрон
фаронса
президент
шодбош
табрик
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/103018/78/1030187888_0:0:2881:1622_1920x0_80_0_0_843c150cc20c0f15049ac4a14439e045.jpg
ДУШАНБЕ, 25 апр — Sputnik. Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон Эммануэл Макронро бо интихоби дигарборааш ба мақоми президентӣ дар Фаронса шодбош гуфтааст.Тибқи иттилои дафтари матбуотии раисҷумҳури Тоҷикистон, Эмомалӣ Раҳмон ба муносибати интихоби муҷаддад ба мақоми президентӣ барои Макрон дар корҳои минбаъдааш муваффақият таманно кардааст. "Бо ибрози беҳтарин таманниёти хеш ба Шумо сиҳатмандии комил, саодатмандӣ ва дар фаъолияти минбаъдаи пурмасъулиятатон комёбиҳои рӯзафзун, ба мардуми дӯсти Фаронса сулҳу амонӣ ва пешрафту шукуфоии беш аз пеш орзумандам", - омадааст дар иттилоия. Раҳмон аз сатҳи муносиботи дӯстӣ ва ҳамкориҳо миёни Тоҷикистону Фаронса изҳори қаноатмандӣ намуда, ҳавасмандияшро барои густаришу тавсеаи бештару ҳамаҷонибаи онҳо баён кардааст. Ӯ изҳори бовар кардаст, ки бо талоши муштарак, аз ҷумла тавассути идомаи муколамаи сатҳи олӣ равобити кишварҳо ба манфиатҳои аслии мардуми ҳар ду ҷониб рушд хоҳанд ёфт.Дар охири паём Эмомалӣ Раҳмон, Эммануэл Макронро барои анҷом додани сафари расмӣ ба Тоҷикистон даъват кардааст. Интихоботи президентӣ дар Фаронса 24 апрел баргузор шуда, дар пайи ороъшумории комил Макрон бо соҳиб шудан ба 58,55% овозҳо пирӯз шудааст.Марин Ле Пен, раҳбари Ҳизби иттиҳоди ииллӣ, рақиби аслии Макрон 41,45%-и ороъро соҳиб гардидаст. Ле Пен аллакай шикасташро дар интихобот эътироф карда, изҳор доштааст, ки барои ҳаракати онҳо он теъдоди овозҳои гирифтааш аллакай пирӯзӣ аст.Макрон бори аввал соли 2017, дар синни 39-солагӣ ба курсии президентӣ нишаст ва ҷавонтарин раҳбари Фаронса дар таърих, ҳамчунин аввалин номзади пирӯз аз тариқи худпешбарӣ шинохта шуд.
https://sputnik.tj/20220425/putin-makron-piruzi-intikhobot-shodbosh-1047929917.html
фаронса
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2022
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/103018/78/1030187888_37:0:2768:2048_1920x0_80_0_0_bf07e7478b683f78b44b5b4a82d7c4b5.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
даъват, президент, тозаинтихоб, фаронса, тоҷикистон
даъват, президент, тозаинтихоб, фаронса, тоҷикистон
Раҳмон президенти тозаинтихоби Фаронсаро ба Тоҷикистон даъват кард
15:15 25.04.2022 (Навсозишуда: 18:29 25.04.2022) Раисҷумҳури Тоҷикистон дар паёми шодбошияш ба президенти тозаинтихоби Фаронса ҳавасмандияшро барои густаришу тавсеаи бештари ҳамкориҳо баён доштааст
ДУШАНБЕ, 25 апр — Sputnik. Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон Эммануэл Макронро бо интихоби дигарборааш ба мақоми президентӣ дар Фаронса шодбош гуфтааст.
Тибқи иттилои дафтари матбуотии раисҷумҳури Тоҷикистон, Эмомалӣ Раҳмон ба муносибати интихоби муҷаддад ба мақоми президентӣ барои Макрон дар корҳои минбаъдааш муваффақият таманно кардааст.
"Бо ибрози беҳтарин таманниёти хеш ба Шумо сиҳатмандии комил, саодатмандӣ ва дар фаъолияти минбаъдаи пурмасъулиятатон комёбиҳои рӯзафзун, ба мардуми дӯсти Фаронса сулҳу амонӣ ва пешрафту шукуфоии беш аз пеш орзумандам", - омадааст дар иттилоия.
Раҳмон аз сатҳи муносиботи дӯстӣ ва ҳамкориҳо миёни Тоҷикистону Фаронса изҳори қаноатмандӣ намуда, ҳавасмандияшро барои густаришу тавсеаи бештару ҳамаҷонибаи онҳо баён кардааст.
Ӯ изҳори бовар кардаст, ки бо талоши муштарак, аз ҷумла тавассути идомаи муколамаи сатҳи олӣ равобити кишварҳо ба манфиатҳои аслии мардуми ҳар ду ҷониб рушд хоҳанд ёфт.
Дар охири паём Эмомалӣ Раҳмон, Эммануэл Макронро барои анҷом додани сафари расмӣ ба Тоҷикистон даъват кардааст.
Интихоботи президентӣ дар Фаронса 24 апрел баргузор шуда, дар пайи ороъшумории комил Макрон бо соҳиб шудан ба 58,55% овозҳо пирӯз шудааст.
Марин Ле Пен, раҳбари Ҳизби иттиҳоди ииллӣ, рақиби аслии Макрон 41,45%-и ороъро соҳиб гардидаст. Ле Пен аллакай шикасташро дар интихобот эътироф карда, изҳор доштааст, ки барои ҳаракати онҳо он теъдоди овозҳои гирифтааш аллакай пирӯзӣ аст.
Макрон бори аввал соли 2017, дар синни 39-солагӣ ба курсии президентӣ нишаст ва ҷавонтарин раҳбари Фаронса дар таърих, ҳамчунин аввалин номзади пирӯз аз тариқи худпешбарӣ шинохта шуд.