https://sputnik.tj/20220425/jabborov-marzi-tojikiston-qirghiziston-1047933800.html
Ҷабборов: Масъалаи марзи Тоҷикистону Қирғизистон дар ояндаи наздик ҳал мешавад
Ҷабборов: Масъалаи марзи Тоҷикистону Қирғизистон дар ояндаи наздик ҳал мешавад
Sputnik Тоҷикистон
Раҳбари Қирғизистон бори дигар дар бораи масоили марзӣ ҳарф зада, изҳори боварӣ кард, ки баҳси тӯлонӣ ба зудӣ ҳал хоҳад шуд
2022-04-25T15:30+0500
2022-04-25T15:30+0500
2022-04-25T18:09+0500
содир ҷабборов
қирғизистон
дар тоҷикистон
баҳси марзӣ
сиёсат
маданият
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/09/10/1042294300_0:188:3017:1885_1920x0_80_0_0_2bb5f46ff7ca0070f4367afcd9df4f18.jpg
ДУШАНБЕ, 25 апр — Sputnik. Қирғизистон қасд дорад, ба масъалаи манотиқи баҳсбарангез дар марз бо Тоҷикистон нуқта гузорад. Дар ин бора Содир Ҷабборов, раисҷумҳури ин кишвар дар суҳбат бо хабаргузории "Кабар" гуфтааст.Ба гуфтаи ин сиёсатмадор, масъалаи делимитатсия ва аломатгузории марзи Тоҷикистону Қирғизистон ҳанӯз бардошта нашудааст ва ҳаллу фасли он идома дорад. Ӯ қайд кард, ки бинобар ба таъхир афтодани ин раванд дар тӯли беш аз 30 сол дар ҳалли мушкилот "раванди суст" мушоҳида мешавад, ки то ҳол ҳудудҳои баҳсбарангез вуҷуд доранд.Аммо ӯ изҳори итминон кард, ки дар ниҳоят ҳама ихтилофот аз байн хоҳанд рафт ва муносибатҳои ду кишвар ба эътидол омада, рушд хоҳанд кард.Коршинос шароити сулҳи пойдор дар марзи Тоҷикистону Қирғизистонро номбар кардҚаблан Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон гуфта буд, Душанбе манфиатдор аст, ки муаяйнсозии марз бо Қирғизистон ҳарчи зудтар анҷом шавад. Аммо дар айни замон вай қайд кард, ки ин раванд тӯлонӣ буда, саъю кӯшиши ҳар ду тарафро талаб мекунад. Ёдовар мешавем, ки ҳудудҳои тақсимнашудаи байни ҷумҳуриҳо давра ба давра ба минтақаи низоъ табдил меёбанд.Сабаби асосӣ ин қитъаҳои ҷудонашуда мебошад, ки дар он ҷо муайян кардани чигунагии сарҳад ғайриимкон аст.Маврид ба зикр аст, ки дар охири моҳи апрели соли 2021 дар мазеи тавзеи оби мавсум ба "Головной" муноқишаи мусаллаҳона ба амал омад. Задухӯрди байни сокинони маҳаллӣ бо задухӯрди низомӣ анҷом ёфт. Дар натиҷа даҳҳо одам ҳалок гардид. Чаро марзи Тоҷикистону Қирғизистон зуд-зуд ба макони даргирӣ табдил меёбад? ВидеоРӯзи 27 январ дар наздикии деҳаи Хоҷаи Аъло як муқовимати дигари мусаллаҳона сурат гирифт. Ин даргирӣ бо ҳалокати ду нафар ва захмӣ шудани 17 тани дигар поён ёфт. Илова бар ин дар марзи Тоҷикистону Қирғизистон ҳодисаҳои истифодаи силоҳ бештар рух медиҳанд. Охирин ҳодиса то кунун 12 апрел рух додааст.Барои рӯй надодани чунин ҳодисаҳои фавқулодда гурӯҳҳои топографии ҳар ду ҷумҳурӣ оид ба тақсимоти сарҳад мунтазам вохӯрӣ мегузаронанд.
https://sputnik.tj/20220417/rahmon-muzokiroti-marzi-qirghiziston-1047716410.html
қирғизистон
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2022
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/09/10/1042294300_120:0:2799:2009_1920x0_80_0_0_1349bfd70aa43d28b94ba76b81140da9.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
ҷабборов марз тоҷикистон қирғизистон
ҷабборов марз тоҷикистон қирғизистон
Ҷабборов: Масъалаи марзи Тоҷикистону Қирғизистон дар ояндаи наздик ҳал мешавад
15:30 25.04.2022 (Навсозишуда: 18:09 25.04.2022) Раҳбари Қирғизистон бори дигар дар бораи масоили марзӣ ҳарф зада, изҳори бовар кард, ки баҳси тӯлонӣ базудӣ ҳал хоҳад шуд
ДУШАНБЕ, 25 апр — Sputnik. Қирғизистон қасд дорад, ба масъалаи манотиқи баҳсбарангез дар марз бо Тоҷикистон нуқта гузорад.
Дар ин бора Содир Ҷабборов, раисҷумҳури ин кишвар дар суҳбат бо хабаргузории "Кабар" гуфтааст.
"Дар ояндаи наздик мо бояд ин масъаларо комилан ҳал кунем", - гуфт ӯ.
Ба гуфтаи ин сиёсатмадор, масъалаи делимитатсия ва аломатгузории марзи Тоҷикистону Қирғизистон ҳанӯз бардошта нашудааст ва ҳаллу фасли он идома дорад.
Ӯ қайд кард, ки бинобар ба таъхир афтодани ин раванд дар тӯли беш аз 30 сол дар ҳалли мушкилот "раванди суст" мушоҳида мешавад, ки то ҳол ҳудудҳои баҳсбарангез вуҷуд доранд.
Аммо ӯ изҳори итминон кард, ки дар ниҳоят ҳама ихтилофот аз байн хоҳанд рафт ва муносибатҳои ду кишвар ба эътидол омада, рушд хоҳанд кард.
Қаблан Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон гуфта буд, Душанбе манфиатдор аст, ки муаяйнсозии марз бо Қирғизистон ҳарчи зудтар анҷом шавад.
Аммо дар айни замон вай қайд кард, ки ин раванд тӯлонӣ буда, саъю кӯшиши ҳар ду тарафро талаб мекунад.
Ёдовар мешавем, ки ҳудудҳои тақсимнашудаи байни ҷумҳуриҳо давра ба давра ба минтақаи низоъ табдил меёбанд.
Сабаби асосӣ ин қитъаҳои ҷудонашуда мебошад, ки дар он ҷо муайян кардани чигунагии сарҳад ғайриимкон аст.
Маврид ба зикр аст, ки дар охири моҳи апрели соли 2021 дар мазеи тавзеи оби мавсум ба "Головной" муноқишаи мусаллаҳона ба амал омад.
Задухӯрди байни сокинони маҳаллӣ бо задухӯрди низомӣ анҷом ёфт. Дар натиҷа даҳҳо одам ҳалок гардид.
Рӯзи 27 январ дар наздикии деҳаи Хоҷаи Аъло як муқовимати дигари мусаллаҳона сурат гирифт. Ин даргирӣ бо ҳалокати ду нафар ва захмӣ шудани 17 тани дигар поён ёфт.
Илова бар ин дар марзи Тоҷикистону Қирғизистон ҳодисаҳои истифодаи силоҳ бештар рух медиҳанд. Охирин ҳодиса то кунун 12 апрел рух додааст.
Барои рӯй надодани чунин ҳодисаҳои фавқулодда гурӯҳҳои топографии ҳар ду ҷумҳурӣ оид ба тақсимоти сарҳад мунтазам вохӯрӣ мегузаронанд.