Об кам аст: Тоҷикистон дар деҳаҳои ҳаммарз бо Қирғизистон чоҳҳои амудӣ меканад

© PxhereМытье рук в чистой воде
Мытье рук в чистой воде - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 25.04.2022
Обуна шудан
Мушкилоти камбуди об дар канали байнимарзии "Хоҷабаҳорон" масъулони вилояти Суғдро ба кандани даҳҳо чоҳи амудӣ дар наздикии марз водор намудааст
ДУШАНБЕ, 25 апр – Sputnik. Ин тасмим баъди он рӯи даст гирифта мешавад, ки ҷоришавии об аз Қирғизистон аз тариқи канали “Хоҷабаҳорон” шуруъ аз оғози фасли баҳор ба мушкилӣ печидааст.
Феълан аз тарқии ин канал ҳамагӣ 1 куб об ҷорӣ мешавад ва дар муқоиса ба ҳамин давраи соли гузашта 6-8 куб об кам гуфта мешавад.
Ҳамасола аз ҳисоби ҷоришавии то 10 куб об даҳҳо гектар киштзорҳои навоҳии наздимарзии Бобоҷон Ғафуров ва Ҷаббор Расулов шодоб мешуданд. Ҳоло ба далели ба таври кофӣ ҷорӣ нашудани об заминҳои кишти зироат ба мушкили беобӣ дучор гардидаанд.
Ба канали "Хоҷабаҳорон" об омад, вале хеле кам
Масъулони идораи оби Суғд иддао доранд, ки ҷониби Қирғизистон сарфи назар аз санадҳои баимзорасидаи дуҷониба, ки тақсимоти одилонаи обро ифода мекунанд, амал намуда, пеши роҳи ҷоришавии обро боздоштаанд.
“Об ҳаёт аст, об неъмати илоҳӣ аст, об ризқу рӯзӣ аст. Ба дасти худ маҳдуд намудани сокинон аз ин манбаи ризқу рӯзӣ кори хайру дуруст нест”, - иброз намуд сардори идораи беҳдошти замин ва обёрии Суғд.

Санаде, ки тақсимоти одилони обро танзим мекунад

Рӯзи 13 апрел сардорони Қӯшунҳои сарҳадии Кумитаҳои давлатии амнияти миллии Тоҷикистону Қирғизистон дар пайи рух додани муноқишаи мусаллаҳонаи рӯзи 12 апрел дар марз мулоқоти дуҷониба баргузор карда, зери се санад (протокол) имзо гузоштанд.
Тавре масъулони ҳукумати Суғд иттилоъ доданд, яке аз ин санадҳо маҳз ба масоили обёрии заминҳои наздимарзӣ бахшида шудааст. Аммо бо вуҷуди ба имзорасидани санад ҳамоно мушкили тақсимоти одилонаи об дар деҳоти наздимарзии ноҳияҳои Бобоҷон Ғафуров ва Лайлак ба таври комил ҳал нашудааст.
Аминҷон Абдуллоев, сардори Идораи беҳдошти замин ва обёрии Суғд дар суҳбат ба Sputnik Тоҷикистон гуфт, ки лоиҳаи “Ҷойгиршавии чоҳҳои амудӣ дар мавзеъҳои аз оби нӯшокӣ ва полезӣ танқисидошта” аз кандани ҳудуди 30 адад чоҳ дар минтақаҳои Овчи Қалъача ва Хистеварз иборат хоҳад буд.

"Ҳар як чоҳи об то қаъри 120-180 метр канда хоҳад шуд. Бунёди ин тарҳ деҳоти наздимарзиро аз мушкили норасоии об ва хушксолӣ наҷот оҳад дод”, - таъкид кард ӯ.

Бино ба гуфти Абдуллоев, барои амалишавии ин лоиҳа беш аз 10 миллион сомонӣ ҷудо карда мешавад.
Река Кура в Азербайджане - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 18.04.2022
Омили нигаронии сокинони наздимарзии Суғд аз беобӣ - тағйири табиат ё баҳси марзӣ?
Канали "Хоҷабаҳорон"-и вилояти Суғд, ки дар марз бо навоҳии Қирғизистон ҷойгир аст, зарфияти беш аз 10 куб обро дорад. Ин наҳр пурра моли Тоҷикистон мебошад ва ҳанӯз соли 1953 барои обёрии заминҳои кишварзии ноҳияҳои Бобоҷон Ғафуров ва Ҷаббор Расулови вилояти Суғд сохта шудааст.
Аммо масъулони идораи обёрии замин мегӯянд, ҳаҷми обе, ки ҳоло аз ин наҳр аз қаламрави Қирғизистон ҷорӣ мешавад, дар муқоиса ба соли гузашта ба таври қобили мулоҳиза кам аст.
Обе, ки аз ин канал ҷорӣ мешавад, тибқи санадҳои имзошудаи байнидавлатӣ, 71% ҳаққи Тоҷикистон ва 29% -и дигар ҳаққи ҳамсоякишварҳо, аз ҷумла Ӯзбекистон ва Қирғизистон гуфта мешавад.
Лентаи хабарҳо
0