https://sputnik.tj/20220425/aks-tafreh-sokinon-dushanbe-bahor-1047940721.html
Зери сояи дарахту назди фаввораҳо: аксҳо аз тафреҳи сокинони Душанбе дар баҳори гарм
Зери сояи дарахту назди фаввораҳо: аксҳо аз тафреҳи сокинони Душанбе дар баҳори гарм
Sputnik Тоҷикистон
Табиати зебои Душанберо гулгашту боғҳои фароғатӣ, фаввораҳо. майдонҳои васеъ барои тафреҳи кӯдакон боз ҳам зеботару диданӣ мекунад
2022-04-25T18:30+0500
2022-04-25T18:30+0500
2022-04-28T17:36+0500
душанбе
гулгашт
акс
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e6/04/16/1047875741_0:1134:2048:2286_1920x0_80_0_0_8183d6fbf65d94352ed98b979eccd7e3.jpg
душанбе
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2022
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e6/04/16/1047875741_0:1166:2048:2702_1920x0_80_0_0_f0898b95199bf18644e238c58764af07.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
душанбе акс тафреҳ
Зери сояи дарахту назди фаввораҳо: аксҳо аз тафреҳи сокинони Душанбе дар баҳори гарм
18:30 25.04.2022 (Навсозишуда: 17:36 28.04.2022) Табиати зебои Душанберо гулгашту боғҳои фароғатӣ, фаввораҳо, майдонҳои васеъ барои тафреҳи кӯдакон боз ҳам зеботару диданӣ мекунад

Ҳоло ҳарчанд моҳи дуюми фасли баҳор аст, Душанбе ҳавои тобистона дорад

Тамоми боғу гулгаштҳои пойтахт чодари сабз ба бар намудаанд.

Чунин зебоиро нодида гирифтан ғайриимкон аст. Сокинон дар сояи дарахтон нишаста истироҳат мекунанд.

Нишоту шодии кӯдакон ҳадду канор надорад. Онҳо бо вуҷуди кӯчак буданашон хушбин ҳастанд.

Роҳ гаштану сайёҳат кардан дар чунин ҳавои нарму гарм ва табиати зебо барояшон мушкил нест ва ба назар чунин мерасад, ки хастагиро эҳсос намекунанд.

Қариб тамоми боғҳои фароғатӣ барои истироҳати кӯдакон майдончаҳои хос доранд.

Донишҷӯёну хонандагон низ пас аз анҷоми дарсҳо дар боғу гулгаштҳо сайёҳат мекунанд

Б вуҷуди ҳавои гарм ҷавонон дар хиёбонҳо аз табиати нотакрори Душанбе ҳаловат мебаранд.

Барои ҷавонон гулгашту дарахтзорҳо беҳтарин макон барои мулоқоту суҳбатҳои дӯстона аст.

Рӯзона дар боғҳои фароҳатӣ маъмулан назди фавораҳо серодам мешавад.

Ин маконро ҳамзамон расмкашон бештар иҳота мекунанд ва зебогии атроф илҳоми онҳоро бештар менамояд.

Кормандони идораву корхонаҳо ҳам дар танаффуси нисфирӯзӣ ба наздиктарин боғу гулгаштҳо барои тафреҳи кутоҳмуддат мераванд.

Занон низ бо фарзандони худ бештари вақт дар боғҳои фароғатии пойтахт истироҳат мекунанд.

Албатта, бе кӯшиши кормандони бахши ободонии шаҳр вуҷуди ин зебоиҳо ғайримкон буд. Маҳз онҳо гулу чаманҳоро сари вақт об медиҳанд ва тозагиро дар беҳтарин макони истироҳат таъмин мекунанд.