https://sputnik.tj/20220423/vazorat-tandurust-doruvori-khorij-vorid-1047890319.html
Вазорат гуфт, Тоҷикистон чанд фисади дорувориро аз хориҷ ворид мекунад
Вазорат гуфт, Тоҷикистон чанд фисади дорувориро аз хориҷ ворид мекунад
Sputnik Тоҷикистон
Тоҷикистон воридоти лавозимоти тиббиро сар аз соли ҷорӣ дар муқоиса ба ҳамин давраи қаблияш ба таври қобили мулоҳиза афзоиш додааст
2022-04-23T13:00+0500
2022-04-23T13:00+0500
2022-04-25T20:01+0500
вазорати тандурустӣ
дар тоҷикистон
дору
воридот
тандурустӣ
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e4/0c/11/1032472657_0:160:3073:1888_1920x0_80_0_0_b49d874185ab5bf662666cc2e426cef7.jpg
ДУШАНБЕ, 23 апр – Sputnik. Дар се моҳи аввали соли 2022 Тоҷикистон ба маблағи 53,5 миллион доллар дору ва лавозимоти тиббӣ ворид ворид кардааст, хабар медиҳад Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии кишвар.Ба иттилои манбаъ, ин нишондиҳанда нисбат ба семоҳаи аввали соли гузашта 18,9 миллион доллар бештар аст. Ин ниҳод зимни баррасии вазъи бахши дорусозии кишвар гуфтааст, ки дар ин давра фаъолияти 189 муассисаи дорусозӣ ва тиббии кишварро низ санҷидааст.Вазорат мегӯяд, то имрӯз беш аз 90 дарсади доруворӣ ба Тоҷикистон аз хориҷи кишвар ворид мешавад. Гуфта мешавад, сарфи назар аз беҳбудӣ то андозае дар нишондиҳандаҳои соҳа, масъалаи муомилоти доруҳои ба қайд гирифта нашуда ва стандартҳои номатлуби сифат ҳамчунон мушкили ҷиддӣ боқӣ мемонад.Ба таъкиди ин ниҳод, бахши фармасевти мавриди таваҷҷуҳи хосаи ҳукумат буда, дар натиҷаи дастгирии давлат номгӯи доруворӣ дар кишвар аз 88 адади соли 2015 дар соли 2020 ба 404 адад афзоиш ёфт. Аммо инро ҳанӯз вазорат кифоя намедонад ва таъкид менамояд, ки барои рушди соҳа тадбирҳои мушаххас андешида мешавад.
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2022
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e4/0c/11/1032472657_170:0:2901:2048_1920x0_80_0_0_7ea542a4fa31aa4fc15c4b1bfb9e261e.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
вазорат тоҷикистон дору хориҷ ворид
вазорат тоҷикистон дору хориҷ ворид
Вазорат гуфт, Тоҷикистон чанд фисади дорувориро аз хориҷ ворид мекунад
13:00 23.04.2022 (Навсозишуда: 20:01 25.04.2022) Тоҷикистон воридоти лавозимоти тиббиро сар аз соли ҷорӣ дар муқоиса ба ҳамин давраи қаблияш ба таври қобили мулоҳиза афзоиш додааст
ДУШАНБЕ, 23 апр – Sputnik. Дар се моҳи аввали соли 2022 Тоҷикистон ба маблағи 53,5 миллион доллар дору ва лавозимоти тиббӣ ворид ворид кардааст, хабар медиҳад Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии кишвар.
Ба иттилои манбаъ, ин нишондиҳанда нисбат ба семоҳаи аввали соли гузашта 18,9 миллион доллар бештар аст.
Ин ниҳод зимни баррасии вазъи бахши дорусозии кишвар гуфтааст, ки дар ин давра фаъолияти 189 муассисаи дорусозӣ ва тиббии кишварро низ санҷидааст.
"238 номгӯи дору ва молҳои тиббӣ ба маблағи 1978 адад аз муомилот гирифта шуд, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 37460 адад кам мебошад", -афзуд манбаъ.
Вазорат мегӯяд, то имрӯз беш аз 90 дарсади доруворӣ ба Тоҷикистон аз хориҷи кишвар ворид мешавад.
Гуфта мешавад, сарфи назар аз беҳбудӣ то андозае дар нишондиҳандаҳои соҳа, масъалаи муомилоти доруҳои ба қайд гирифта нашуда ва стандартҳои номатлуби сифат ҳамчунон мушкили ҷиддӣ боқӣ мемонад.
Ба таъкиди ин ниҳод, бахши фармасевти мавриди таваҷҷуҳи хосаи ҳукумат буда, дар натиҷаи дастгирии давлат номгӯи доруворӣ дар кишвар аз 88 адади соли 2015 дар соли 2020 ба 404 адад афзоиш ёфт.
Аммо инро ҳанӯз вазорат кифоя намедонад ва таъкид менамояд, ки барои рушди соҳа тадбирҳои мушаххас андешида мешавад.