https://sputnik.tj/20220423/tojikiston-kambud-ghalla-posukh-iqtisoddon-video-1047885663.html
Оё Тоҷикистонро камбуди ғалла интизор аст: посухи иқтисоддон - видео
Оё Тоҷикистонро камбуди ғалла интизор аст: посухи иқтисоддон - видео
Sputnik Тоҷикистон
Маҳдудияти интиқоли маҳсулоти ғизоӣ аз Русия ба кишварҳои дигар ба иқтисоди Тоҷикистон чӣ гуна таъсир мерасонад, Ҳоҷимуҳаммад Умаров дар як сӯҳбати видеоӣ шарҳ дод
2022-04-23T09:40+0500
2022-04-23T09:40+0500
2022-04-25T20:22+0500
видео
дар тоҷикистон
иқтисод
содирот
ғалла
дар русия
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e6/04/16/1047874554_0:10:1281:730_1920x0_80_0_0_78fdedae2de2d075c92e9d52dbb03b9c.jpg
Русия содироти ғалла, шакар ва як қатор маҳсулоти дигари ғизоиро муваққатан манъ кардааст. Фармони дахлдорро раиси Ҳукумати Федератсияи Русия Михаил Мишустин имзо кардааст.Маҳдудиятҳо аз 15 март эътибор пайдо карданд ва то 31 август амал мекунанд.Тибқи иттилои Вазорати кишоварзии Федератсияи Русия, кишварҳои Иттиҳоди иқтисодии АвруОсиё (ЕАО) бо оқибатҳои ҷиддӣ рӯбарӯ намешаванд, зеро онҳо бо маводи ғизоии Русия таъминанд.Манъи содироти ғалла аз Русия ба Тоҷикистон чӣ таъсир хоҳад гузошт?Дар ҳамин ҳол, Тоҷикистон, ки аз Федератсияи Русия гандум мехарад, узви ИИАО нест.Тибқи омори Вазорати кишоварзии ҷумҳурӣ ҳамасола дар кишвар ҳудуди 900 ҳазор тонна гандум тавлид мешавад, аммо барои таъмини ниёзи мардуми Тоҷикистон дар як сол на камтар аз 1 миллиону 700 ҳазор тонна ин маҳсулот лозим аст.Профессори Донишгоҳи миллии Тоҷикистон, доктори илмҳои иқтисод Ҳоҷимуҳаммад Умаров ба Sputnik Тоҷикистон тавзеҳ дод, ки чӣ гуна маҳдудиятҳо дар содироти ғаллаи Русия ба ин ҷумҳурӣ таъсир хоҳад расонд.
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2022
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e6/04/16/1047874554_0:0:1137:853_1920x0_80_0_0_d3937202694126798fa5bc11f1c60532.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
тоҷикистон камбуд ғалла посух иқтисоддон
тоҷикистон камбуд ғалла посух иқтисоддон
Оё Тоҷикистонро камбуди ғалла интизор аст: посухи иқтисоддон - видео
09:40 23.04.2022 (Навсозишуда: 20:22 25.04.2022) Маҳдудияти интиқоли маҳсулоти ғизоӣ аз Русия ба кишварҳои дигар ба иқтисоди Тоҷикистон чӣ гуна таъсир мерасонад, Ҳоҷимуҳаммад Умаров дар як сӯҳбати видеоӣ шарҳ дод
Русия содироти ғалла, шакар ва як қатор маҳсулоти дигари ғизоиро муваққатан манъ кардааст. Фармони дахлдорро раиси Ҳукумати Федератсияи Русия Михаил Мишустин имзо кардааст.
Маҳдудиятҳо аз 15 март эътибор пайдо карданд ва то 31 август амал мекунанд.
Тибқи иттилои Вазорати кишоварзии Федератсияи Русия, кишварҳои Иттиҳоди иқтисодии АвруОсиё (ЕАО) бо оқибатҳои ҷиддӣ рӯбарӯ намешаванд, зеро онҳо бо маводи ғизоии Русия таъминанд.
Дар ҳамин ҳол, Тоҷикистон, ки аз Федератсияи Русия гандум мехарад, узви ИИАО нест.
Тибқи омори Вазорати кишоварзии ҷумҳурӣ ҳамасола дар кишвар ҳудуди 900 ҳазор тонна гандум тавлид мешавад, аммо барои таъмини ниёзи мардуми Тоҷикистон дар як сол на камтар аз 1 миллиону 700 ҳазор тонна ин маҳсулот лозим аст.
Профессори Донишгоҳи миллии Тоҷикистон, доктори илмҳои иқтисод Ҳоҷимуҳаммад Умаров ба Sputnik Тоҷикистон тавзеҳ дод, ки чӣ гуна маҳдудиятҳо дар содироти ғаллаи Русия ба ин ҷумҳурӣ таъсир хоҳад расонд.