https://sputnik.tj/20220423/sangrezi-darvoz-bartaraf-1047891798.html
Оқибатҳои сангрезӣ дар роҳи Кӯлоб - Дарвоз бартараф карда шуд
Оқибатҳои сангрезӣ дар роҳи Кӯлоб - Дарвоз бартараф карда шуд
Sputnik Тоҷикистон
Феълан маҳдудияти ҳаракати нақлиёт дар роҳи Душанбе-Дарвоз бартараф карда шуда, ронандагон метавонанд бемамоният ба макони лозимӣ сафар кунанд
2022-04-23T15:00+0500
2022-04-23T15:00+0500
2022-04-25T19:47+0500
кҳф
рафъи оқибатҳои офатҳои табиӣ
рӯйдод, ҷиноят ва ҳолатҳои фавқулода
дар тоҷикистон
дарвоз
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/102289/44/1022894469_0:0:1001:563_1920x0_80_0_0_5406f18e8384485a44018f0667736816.jpg
ДУШАНБЕ, 23 апр – Sputnik. Оқибатҳои сангрезӣ дар роҳи Душанбе - Дарвоз, ки маҳдудияти ҳаракат дар пай дошт, бартараф карда шуд.Дар ин бора Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда хабар медиҳад.Ин ниҳод дар шарҳи ҳодисаи мазкур мегӯяд, сангрезӣ шоми 22 апрел дар километри 237-уми шоҳроҳи байналмилалии Кӯлоб – Ш. Шоҳин – Дарвоз ба қайд гирифта шуд.Макони сангрезӣ дар наздикии деҳаи Андироби ноҳияи Шамсиддини Шоҳин воқеъ будааст ва ин монеа бартараф карда шуд.Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда мегӯяд, дар натиҷаи резиши санг талафот ва харобиҳо ба қайд гирифта нашудааст. Дар робита ба ин Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз аҳолӣ даъват менамояд, ки аз сафар ба мавзеъҳои хатарнок худдорӣ намуда, ҳушёру эҳтиёткор бошанд.Дар Тоҷикистон давоми се моҳ 520 ҳолати фавқулодда рух додаастИн дар ҳолест, ки аз оғози соли 2022 наҷотдиҳандагон дар Тоҷикистон 520 ҳодисаи фавқулодда ва табииро сабт кардаанд, ки дар пайи он 5 тан ба ҳалокат расидааст.Ахиран сел аз 12 то 18 март дар ноҳияи Дарвоз 3 хонаро комилан ва чанд бинои дигарро қисман хароб кард.15 хонаводае, ки дар минтақаҳои селзада зиндагӣ мекарданд, ба ҷойҳои амн кӯчонида шуданд.Барои осебдидагони сел дар Тоҷикистон қитъаи замин ҷудо мешавадҚаблан боридани барфу сел ва сангрезиҳо дар Тоҷикистон аллакай боиси харобиҳо ва талафоти ҷонӣ шуда буд.Ёдовар мешавем, ки дар сурати рух додани ҳодисаҳои изтирорӣ ва ҳар гуна садама дар роҳҳо шаҳрвандон метавонанд ба навбатдори фаврии КҲФ бо рақамҳои 112, 93 880 28 19, 221-91-19, 223-13-11 муроҷиат намоянд.
дарвоз
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2022
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/102289/44/1022894469_124:0:875:563_1920x0_80_0_0_7f44dfda9602bf32b2297b01544339d9.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
роҳ, душанбе-хоруғ, сангрезӣ, кҳф
роҳ, душанбе-хоруғ, сангрезӣ, кҳф
Оқибатҳои сангрезӣ дар роҳи Кӯлоб - Дарвоз бартараф карда шуд
15:00 23.04.2022 (Навсозишуда: 19:47 25.04.2022) Феълан маҳдудияти ҳаракати нақлиёт дар роҳи Душанбе - Дарвоз бартараф карда шуда, ронандагон метавонанд бемамоният ба макони лозимӣ сафар кунанд
ДУШАНБЕ, 23 апр – Sputnik. Оқибатҳои сангрезӣ дар роҳи Душанбе - Дарвоз, ки маҳдудияти ҳаракат дар пай дошт, бартараф карда шуд.
Дар ин бора Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда хабар медиҳад.
Ин ниҳод дар шарҳи ҳодисаи мазкур мегӯяд, сангрезӣ шоми 22 апрел дар километри 237-уми шоҳроҳи байналмилалии Кӯлоб – Ш. Шоҳин – Дарвоз ба қайд гирифта шуд.
Макони сангрезӣ дар наздикии деҳаи Андироби ноҳияи Шамсиддини Шоҳин воқеъ будааст ва ин монеа бартараф карда шуд.
"Бо талоши кормандони хадамоти роҳ оқибатҳои сангрезӣ бартараф карда шуда, айни замон роҳ муътадил идома дорад.
Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда мегӯяд, дар натиҷаи резиши санг талафот ва харобиҳо ба қайд гирифта нашудааст.
Дар робита ба ин Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз аҳолӣ даъват менамояд, ки аз сафар ба мавзеъҳои хатарнок худдорӣ намуда, ҳушёру эҳтиёткор бошанд.
Ин дар ҳолест, ки аз оғози соли 2022 наҷотдиҳандагон дар Тоҷикистон 520 ҳодисаи фавқулодда ва табииро сабт кардаанд, ки дар пайи он 5 тан ба ҳалокат расидааст.
Ахиран сел аз 12 то 18 март дар ноҳияи Дарвоз 3 хонаро комилан ва чанд бинои дигарро қисман хароб кард.
15 хонаводае, ки дар минтақаҳои селзада зиндагӣ мекарданд, ба ҷойҳои амн кӯчонида шуданд.
Қаблан боридани барфу сел ва сангрезиҳо дар Тоҷикистон аллакай боиси харобиҳо ва талафоти ҷонӣ шуда буд.
Ёдовар мешавем, ки дар сурати рух додани ҳодисаҳои изтирорӣ ва ҳар гуна садама дар роҳҳо шаҳрвандон метавонанд ба навбатдори фаврии КҲФ бо рақамҳои 112, 93 880 28 19, 221-91-19, 223-13-11 муроҷиат намоянд.