Коршинос: Таҳримҳои Ғарб алайҳи Русия ба Тоҷикистон ҳам таъсир кард

© SputnikДворец Нации в Душанбе
Дворец Нации в Душанбе - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 23.04.2022
Обуна шудан
Маҳдудиятҳои Ғарб алайҳи Русия бо оғози амалиёти вижа дар Украина ба Тоҷикистон низ таъсир кард, гуфт Ҳоҷимуҳаммад Умаров
ДУШАНБЕ, 23 апр — Sputnik. Таҳримҳои зидди Русия аллакай ба Тоҷикистон таъсир расонидааст. Дар ин бора профессори Донишгоҳи миллии Тоҷикистон, доктори илмҳои иқтисод Ҳоҷимуҳаммад Умаров дар сӯҳбат бо Sputnik Тоҷикистон изҳор дошт.
Ба гуфтаи ӯ, пеш аз ҳама тағйирот ба соҳаи муҳоҷират таъсир кардааст.
"Ба далели таҳримҳои Ғарб алайҳи Русия, ҷараёни умумии муҳоҷирати корӣ аз Тоҷикистон ба Федератсияи Русия коҳиш ёфт. Гузариш аз истифодаи пурра ба қисман аз нерӯи корӣ низ мушоҳида мешавад", - гуфт Умаров.
Коршинос афзуд, дар шароити феълӣ шояд бисёре аз муҳоҷирон бе ҷои кор бимонанд.
Бо ҷорӣ шудани таҳримҳои Ғарб алайҳи Федератсияи Русия, воқеан дар баъзе минтақаҳои кишвар хуруҷи муайяни муҳоҷирон оғоз ёфт.
Дар нимаи аввали моҳи апрел иқтисоддон Денис Ракша қайд кард, ки вуруди хориҷиён ба Русия ба сифр баробар аст.
Талабот ба муҳоҷирон дар минтақаи Амур тағйир наёфтааст
Ба гуфтаи ӯ, хориҷиён аз коҳиши қурби рубл ва ҳамчунин хароҷоти зиёд ҳарос доранд.
Дар ҳамин ҳол, ӯ қайд кард, ки дар ояндаи наздик муҳоҷиронро русҳои аз ҷойи корашон озодшуда, иваз хоҳанд кард.
Асилбек Эгамбердиев, коршиноси умури муҳоҷират гуфт, воқеан ҳам бисёре аз хориҷиён ҷои кори худро аз даст додаанд.
Аммо онҳо барои баргаштан ба Ватан шитоб накарда, соҳаи фаъолияташонро дигар карданд ва ё аз Маскав ба дигар шаҳрҳои Русия мераванд.
Иқтисоддон: Вуруди муҳоҷирон ба Русия то сифр коҳиш ёфт
Қаблан президенти Федератсияи муҳоҷирон Вадим Коженов гуфта буд, ки ин созмон хуруҷи назарраси шаҳрвандони кишварҳои дигар аз Федератсияи Русияро мушоҳида намекунад.
Вай таъкид кард, ки ба далели чиптаҳои гаронбаҳои ҳавопаймо рафтани хориҷиён аз Русия фоидаовар нест. Ба гуфтаи Коженов, ҳазорон нафаре, ки пас аз ҷорӣ шудани таҳримҳо рафтанд, “ночиз” аст.
Лентаи хабарҳо
0